23.10.2022. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом дода, якчанд бинову корхонаҳои навро ифтитоҳ бахшид. Аз он ҷумла бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат Маҷмааи “Дуои Модар” ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Маҷмааи “Дуои Модар” дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар масоҳати наздик ба 1 гектар бунёд шуда, ба макони зебову назаррабо, ҷойи қабул ва гусели меҳмонону тафреҳи сокинон табдил шудааст. Дар маркази маҷмаа муҷассамаи Модар дар шакли болои кат даст ба дуо бардошта сохта шудааст. Дар фарҳанги мардуми тоҷик дуои Модар рамзи ҳифзу амонӣ, сабзишу пешрафт ва комёбиву муваффақият дониста мешавад.
Пасманзари муҷассамаро асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар зеб медиҳад. Ин асар аз 6 қисм иборат аст ва ҳар яки он заҳмату талошҳои шабонарӯзии Модар баҳри тарбия ва ба камол расонидани фарзандро инъикос мекунанд. Ҳамзамон дар ин асар расму ойин, рӯзгору пайкори мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст. Муҷассамаи “Дуои Модар” ва асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар аз ҷониби ҳайкалтарошони маҳаллӣ, ки аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд, бунёд ёфта, воқеан ҳам зебоии хоса дорад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Маҷмааи “Дуои Модар”-ро дар даромадгоҳи шаҳр иқдоми хубу шоистаи таҳсин хонда, ба тамоми дастандакорон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Офарин!
Бинои нави Кумитаи замин
Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлобро низ ифтитоҳ намуданд. Лозим ба таъкид аст, ки бинои нав 4-ошёна буда, аз 19 ҳуҷра, маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст ва меҳмонхона иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2020 оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Дар иншооти замонавӣ барои пешбурди фаъолияти хизматӣ ба кормандони Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб, Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб ва Корхонаи давлатии фаръии Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Кӯлоб шароити замонавӣ фароҳам гардидааст.
«Сувайба-2014»-аввалин фабрикаи гӯшти мурғ
Дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин марҳилаи аввали Фабрикаи парандапарварии мурғи гӯштии ҶДММ «Сувайба-2014» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корхонаи парандапарварӣ дар оғоз парвариши 12 ҳазору 500 сар чӯҷаро ба роҳ мондааст. Коргоҳ мутобиқи талабот бо системаи муосири таъмини гармӣ ва таҷҳизоти автоматии хӯроктақсимкунӣ муҷаҳҳаз буда, тибқи реҷаи муқараргардида, парандаҳо ғизо таъмин мешаванд. Бояд қайд кард, ки хӯроки паранда дар коргоҳи нав ба пуррагӣ аз ҳисоби истеҳсолоти корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мегардад.
Дар коргоҳи парандапарварии “Сувайба-2014” парвариши чӯҷаҳои навъи “Бройлер” роҳандозӣ шуда, мувофиқи баҳогузории мутахассисон, ин навъи мурғ барои истеҳсоли гӯшти хушсифати парҳезӣ мувофиқ мебошад. Дар марҳилаи 1-ум фаъолият корхона имконият дорад, ки дар 1 сол 150 тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол намуда, ин нишондод бо ба истифода додани марҳилаҳои баъдӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Фермаи парандапарварии мурғи гӯштии “Сувайба-2014” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Амрохон Чориев бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтани он таъминоти аҳолиро бо ин навъи маҳсулот боз ҳам беҳтар хоҳад кард. То соли 2023 шумораи фермаҳои парандапарварӣ дар ҳудуди корхона ба 4 адад расонида мешавад, ки ба ин васила истеҳоли гӯшти парҳезӣ дар 1 сол ба 600 тонна баробар мегардад.
Мактаб барои 1240 хонанда
Зимни ин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ифтитоҳ ёфт. Мактаби нав барои 528 нафар дар 2 баст пешбинӣ гардида, масоҳати замини иншоот 2,5 гектар заминро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2021 оғоз гардида, бино аз 2 ошёна ва 10 синфхона, 1 кабинети фаннӣ иборат мебошад. Дар синфхонаи компютерӣ 25 адад компютер ва 1 тахтаи электронӣ насб гардидааст.
Мактаб дорои дегхона барои дар фасли сармо бо гармӣ таъмин кардани синфхонаҳо, ҳавзи нигоҳдории об бар зидди сӯхтор дар ҳаҷми 50 метри мукааб, анбор барои нигоҳдории сӯзишворӣ, зеристгоҳи барқӣ, майдонча барои бозии футбол, баскетбол ва волейбол аст.
Пас аз ифтитоҳи бинои нави мактаб ва суҳбат бо омӯзгорон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии муассисаи таълимӣ баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншооти нави таълимӣ дар қитъаи замини муассисаи мазкур барои корҳои сохтмонӣ дар бинои нави мактаб барои 1240 ҷой дар 2 баст, ошхона, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва дигар иншоотҳои ёрирасон оғоз бахшиданд. Бинои нави таълимӣ аз 26 синфхона, синфхонаҳои фанҳои дақиқ, толори варзиш бо 100 ҷойи нишасту таҷҳизоти зарурӣ, ошхона бо 60 ҷой, китобхона, лабаратория бо тамоми таҷҳизот ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат хоҳад буд.
Мину Ромин
махсус барои СССР