Шарбат Раҳимов, сокини ш.Душанбе ба редаксия занг зада (тел: 985542096), гуфт, ки омода аст барои харидани лавозимоти ҷангӣ барои сарҳадчиёни тоҷик ва дронҳои муосир барои нишон додани муқобилият ба артиши қирғиз аз ҳисоби маоши худ маблағ ҷудо намояд.
- Ман ва бархе аз дӯстонам омодаем аз ҳисоби маошу нафақаи хеш барои харидорӣ намудани аслиҳаи ҷангӣ барои сарҳадчиёни тоҷик ва дронҳои муосир, аз ҷумла дронҳои эронии Шаҳид-136 ҳар моҳ маблағ ҷудо намоем. Агар Армияи тоҷик аслиҳаи муосир надорад, пас биёед мисли саҳмияҳои Роғун Вазорати мудофии мамлакат саҳмия барораду мо харем. Чаро не? Ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи ҷонии ҳар 1 сокини Тоҷикистон аст ва агар бо дигар роҳ намешавад, пас биёед ин роҳро интихоб кунем. Русҳо мегӯянд, ки «Лучшая защита – это нападение», пас чаро мо ҳамеша хомӯшем!?