Ҷасури Салом, муаллиф ва хонандаи доимии мо аз ш.Бохтар ба идораи СССР занг зада (тел: 111166667), аз камчин шудани гази моеъ изҳори нигаронӣ кард,
- Тӯли чанд рӯз мешавад, ки дар минтақаи Бохтар гази моеъ ноёфтанист. Якбора нархи газ аз 6.20 то ба 6.60 сомонӣ боло рафта, камчин ҳам шудааст. Бояд гуфт, ки дар ш.Бохтар танҳо 1 нуқтаи сӯзишвории ба номи «Баҳор-ойл» газ дораду халос. Дирӯз дар нуқтаи сӯзишвории дар боло зикр шуда зиёда аз100 мошин ва даҳҳо нафар сокинон дар навбат истода, бо якдигар баҳс мекарданд. Аммо сабаб дар чист, ки танҳо 1 нуқтаи сӯзишворӣ бо гази моеъ таъмин асту дигаронаш не?
Аз СССР: Бо ҳамин мазмун Акрам Давлатов-хонандаи доимии мо, корманди Тоҷиксатандарти ҶТ, низ занг зада гуфт, танҳо баъд аз оне, ки гуфтем, ба газетаи СССР шикоят мебарем, кормандони нуқтаи фурӯши гази моеъ воқеъ дар маҳаллаи Табачкаи н. Рӯдакӣ (Политехникум) аз тарси СССР ба мардум газ фурӯхтанд ва мо ба 1 овоз гуфтем:
-Зиҳӣ, СССР! Офарин ба газетаи мардумӣ!!! Метавонед!