ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Туркия рав!

  • Панҷшанбе, Нояб 10 2022

Баъди оне, ки банда аз сафар ба Дубай баргаштаму дар бораи ин шаҳри туристӣ ва мушкили мардуми кишвари худамон навиштам, чанд хонанда занг задаву гуфт, «чаро Туркия намеравед ва аз хубиву нуқсони ин кишвари туристӣ наменависед?». Эродҳоро дида, сардабир амр кард:

-Туркия рав!!!

  

20.10.2022. Соат бо вақти Душанбе 05:25 дақиқа. Ҳавопаймои А300-300 бо ғунҷоиши 300 нафар мусофир аз ш.Душанбе ба ҳаво хесту моро сӯи ш.Истанбул-пойтахти Ҷумҳурии Туркия бурд. Бе муҳобот ҳавопаймоҳои ширкати Turkish Airlines имрӯз ягона ширкатест, ки ба мусофирон, аз ҷумла тоҷикон хизматрасонии олӣ, бо назардошти бору бағоч ва хӯрок мерасонад. Парвоз кардан низ бо ин аэробусҳои ҳавоӣ дар курсиҳои нарму имконоти тамошои ТВ ва ҳатто WiFi ба кас роҳат мебахшад. Дар муқоиса бо хизматрасонӣ дар ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ, ки чанд моҳ пеш таҷрибаашро карда будам, дар дохили ҳавопаймоҳои Turkish Airlines бо фароғат парвоз намуда, гузашти 5 соат-фосилаи парвоз байни Душанбе ва Истанбулро нафаҳмидам. Бояд гуфт, ки фарқияти соат байни Тоҷикистону Туркия 2 соат аст.

 

Тоҷикистон ё Туркманистон

20.10.2022. Соат бо вақти Истанбул 08:50 дақиқа. Ба фурудгоҳи нави байналмилалии Истанбул расидем. Ин фурудгоҳ 2 сол пеш бунёд ёфта, дар кишварҳои Осиё ва Аврупо аз рӯи ғунҷоиш ва ҳудуд ҳамто надорад. Аз ин фурудгоҳ ҳар 1 дақиқа 1 ҳавопаймо парвоз намуда, бо фосилаи 1,5 дақиқа 1 тайёра фуруд меояд.  Яъне дар 1 шабонарӯз 1440 самолёт рафтаву ҳамин қадари мешинад!!! Барои қиёс ба бархе фурудгоҳҳои кишвари мо ин миқдор ҳавопаймо шояд дар 1 сол ҳам наояд!

Ба гузаргоҳи марзӣ наздик шудему пас аз мӯҳр задану қайд, марзро гузаштем, вале ман ва наздики 15 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро пас аз убури марзи давлатии Туркия боз дубора гардониданд. Сабаб пурсидем, гуфтанд, ки 2 рӯз шуд байни Тоҷикистону Туркия раводид ҷорӣ шуда, ҳамаи шумо танҳо пас аз гирифтани раводиди вурудӣ метавонед аз марз гузаред. Ҳайрон шуда ҳар касе бо забоне, ки медонист ба маъмурони сарҳад фаҳмонид, ки чунин нест ва набояд бошад, агар мешуд дар фурудгоҳи Душанбе намояндагони ширкат мусофиронро огаҳ мекарданд, вале турке намехост гапи моро шунавад. Наздики 20 дақиқа интизор шудем, баъдан кадом 1 сардоре аз бахши сарҳади фурудгоҳ омада, бори дигар паспортҳои моро аз назар гузаронида, рафт. Расо пас аз 40 дақиқа иҷозат шуд, ки моро аз сарҳад гузаронанд. Баъдан фаҳмидам, ки сарҳадчиёни турк Тоҷикистонро бо Туркманистон тавъам кардаанд: Туркманистон бо Туркия виза ҷорӣ карда будааст!

 

Бурса-пойтахти давлати Усмонӣ

20.10.2022. Соат бо вақти Бурса 15:00 дақиқа. Пас аз гузаштан аз марзи Туркия (фурудгоҳ) ва гирифтани бору бағоч, ба берун баромада, ҳамроҳи дӯстонам озими ш.Бурса шудем. Шаҳри Бурса замоне пойтахти Империяи Усмонӣ буда, бо ёдгориҳои он давра хеле машҳур аст. Шаҳри Бурса пас аз шаҳрҳои Истанбулу Анқара ва Измир шаҳри чоруми калонтарини Туркия ба шумор рафта, наздики 2 миллион аҳолӣ дорад.

Саҳми султон Боязид, писари султон Сулаймон, ки аз силсилафилми «Асри муҳташам» мо хеле хуб мешиносемаш, барои бунёд ва рушди ин шаҳр хеле назаррас аст. Маҳз бо ташаббус ва иштироки бевоситаи султон Боязид дар Бурса Масҷиди калон сохта шуда, то ба имрӯз пойдор аст. Бурсаро инчунин маркази шоҳии абрешим низ меноманд ва имрӯз кам нафароне мондаанд, ки тавонанд воқеан шоҳии замони султон Боязидро бофанд. Ин санъат оҳиста-оҳиста аз байн рафта истодааст.

Назар ба шаҳри Истанбул Бурса оромтар ба назар расида, дар ин шаҳр яке аз калонтарин корхонаҳои мошинсозии Туркия- Oyak-Renault ҷойгир аст. Ҳар ҷое, ки рафтем таблиғу акси ин мошинҳоро дидем ва мардум низ асосан аз ин фахр мекунанд. Барои аксарияти сокинони Бурса маҳз ин корхона тӯли солҳои зиёд кордеҳу нондеҳ аст.

 

Чойхонаи Тоҷикон ва ҷӯгиҳои қурганӣ

22.10.2022. Соат бо вақти Истанбул 13:00 дақиқа. Пас аз 2 рӯзи сайёҳат дар ш.Бурса ба ш.Истанбул баргаштем. Шаҳри Истанбул ҳамон Константинополи бузург аст, ки ҳоло ҳам шукӯҳу шаҳомати хоссаи худро гум накардааст. Истанбул барои тоҷирону соҳибкорони тоҷик калонтарин маркази хариду фурӯш ва тиҷорат буда, ҳамин ҳоло асоси бозорҳои пӯшокаи моро маҳсулоти туркӣ ташкил медиҳад. Он, ки сифату кайфияти маҳсулоти аслии истеҳсоли туркӣ чи гуна асту чи гуна маҳсулот вориди бозорҳои мо мешавапд, мавзуи дигар аст, ки ҳатман дар шумораҳои оянда сари он хоҳам баргашт. Вале ҳоло мехоҳам дар бораи 1 ҳолати дигар, ки тааҷҷуби маро бештар ба худ ҷалб кард, бароятон хонандаи гиромӣ нақл намоям.

Чанде пеш дар минтақаи Лалелӣ, ҷойи хариду фурӯш ва меҳмонхонаҳои арзоне, ки аксари тоҷирони тоҷику ӯзбеку қирғиз дар он ҷо истода, тиҷорат мекунанд, чойхонаи Тоҷикӣ кушоданд. Ин чойхона дар рӯбарӯи чойхонаи узбекӣ ифтитоҳ ёфту мисли ҳамаи одатҳои шарқӣ кормандони ҳар ду чойхона дар аввал хуб задухӯрд карда, ҳамдигарро кӯфтанд-ба хотири мизоҷ! Чун қаблан тамомии мардуми Осиёи Марказӣ барои хӯрдани оши палаву сихкабоб ва шӯрбову лағмон ба чойхонаи узбекӣ мерафт, вале бо кушода шудани чойхонаи Тоҷикон нисфи мизоҷон ба ин чойхона гузашт.  Албатта ин ба бачаҳои узбек нафорид. Вале дигар ҳоло унс гирифтаву бо ҳам дӯст шудаанд.

Аҷибаш он аст, ки бо кушода шудани чойхонаи Тоҷикон дар назди даромадгоҳи он 1 оилаи ҷӯгӣ низ пайдо шуд. Чуноне дугонаам Зарнигор, ки муқими ш.Туркия аст, мегӯяд, ин оилаи ҷӯгиҳо аз Тоҷикистон омада, дар Лалелӣ гадоӣ карда, худро дар ҳама ҷо Тоҷик муаррифӣ менамоянд. «Мо Қурғанӣ!»- бо фахр мегӯянд онҳо. Рӯзи рафтани ман ба ин чойхона боронӣ буду ман он ҷӯгиҳоро надидам, вале бароям норӯшан он аст, ки чи гуна 1 оилаи ҷӯгӣ тавонистааст то ш.Истанбул рафта, он ҷо бо номи тоҷик ба гадоӣ сар кунад? Ҳамин мизи шиносномаи хориҷӣ ё худ ОВИР ба куҷо менигарад? Ва ё ба ҳама ҷӯгиву талбандаву гадову сахо паспорт медиҳанд, агар пул бошад?

Ҳолати дигар обрӯрези миллат, дар баробари ҷӯгиҳои паспорти Тоҷикидор,  боз ҳам ҳамон духтарони танфурӯши моянд, ки бо ҳар баҳона ба салуни машшотагӣ ё худ красоты ба «кор» омада, бо дигар «корҳои муфид» банданд! Имиҷи миллатро низ бояд ҳифз кард охир?!

 

ПЦР бошад, ё на?

23.10.2022. Соат бо вақти Истанбул 16:15 дақиқа. Ба парвози баргашт аз ш.Истанбул ба ш.Душанбе омода мешавем. Зимни ба руйхатгирӣ ба қайди чиптаву бору бағоч аз ман боз маълумотномаи ПЦР, яъне муоинаи Ковид талаб мекунанд. Чун аз ш.Душанбе зимни парвоз касе талаб накард, ман фикр кардам, ки зимни бозгашт низ лозим нест, вале на, ин тавр набудааст.

Маҷбур ба ошёнаи 1-уми фурудгоҳ фаромада, бо нархи 25 евро муоинаи Ковид-ПЦР гузаштам. Он дар муддати 1,5 соат омода шуд. Онро дубора ба бахши бақайдгирӣ пешниҳод намуда, пасон корти парвозамро гирифтам. Вақте пурсидам, ки чаро дар ҳама ҷо ин кор манъ шудаву то ҳанӯз шумо талаб мекунед, дар посух намояндаи ширкат гуфт, ки ин аз кишвари шумо вобаста аст. «Аксари кишварҳо, ҳатто ҳамсояҳои шумо ин муоинаи пешазпарвозиро манъ кардаанд, вале Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ба мо посухи расмӣ дар бораи манъи муоинаи Ковид равон накардааст, то манъи расмӣ набошад, мо маҷбурем талаб кунем!»-гуфт маъмур.

Афсӯс, ки мисли парвози гузашта ба Дубай, ин маълумотномаи ПЦР-250 сомониро касе аз кормандони Маркази санитариву эпидемиологӣ дар фурудгоҳи Душанбе напурсид. Бо назардошти ПЦР-и дар Дубай гирифта-400 сомонӣ ва ин 250 сомонӣ ман танҳо барои ПЦР-маълумотномаи ба касе нолозим 650 сомонӣ сӯхтам. Ман танҳо нестам, мисли ман садҳо мусофир дар ҳамин ҳолат уфтодаву харҷи зиёдатӣ кардаанд ва  масъулини Тоҷикистонро мебояд сари ин андеша кард, ки;

- ПЦР бошад ё набошад!?

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Душанбе-Бурса-Истанбул-Душанбе

20-24.10.2022

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter