Бо Қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси ш.Душанбе аз 23.07.2009, №374 «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда» ва бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди ш.Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт (пробка) сар аз 20.10.2022 равуои тамоми воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба н.Варзоб ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тавассути роҳи автомобилгарди минтақаи шимоли пойтахт бо ҷойгиршавии онҳо дар терминали «Чорбоғ» муайян шуд.
«Чорбоғ»-терминали нав барои Суғд
Тибқи итиллои масъулини МДВ «Душанбенақлиётхадамотрасон» терминали нави «Чорбоғ»-ро ширкати “Тоҷиквнештранс” бунёд намудааст. Он дар масоҳати 6 гектар ва бо харҷи беш аз 7,5 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои таваққуфгоҳҳо барои мошинҳои сабукрав ва борбар, анборҳои нигаҳдории молу маҳсулот, меҳмонхона, нуқтаҳои савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад. Аз ин ба баъд тамоми мошинҳое, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф намуда, аз ин терминал мусофир гирифта, ба шимоли кишвар бармегарданд. Ин мошинҳо дигар ба ҳудуди ш.Душанбе ворид нахоҳанд шуд.
Пештар мошинҳои мусофиркаши самти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мусофирони худ вориди пойтахт гардида, дар аксар ҳолат мусофирони хешро то хонаҳояшон мерасониданд. Ҳангоми бозгашт, онҳо аз терминали “Маром”, дар наздикии корхонаи “Сементи тоҷик”, мусофир мегирифтанд. Ин таксиҳо воқеан ҳам ба равуои нақлиёти пойтахт халал ворид мекарданд.
Инчунин нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии №№52, 19 ва хатсайрҳои автобусии №№3, 29 ва 41 терминали мазкур, яъне «Чорбоғ» муқаррар гашт.
Терминали Хатлон ҳам кӯчид
Пас аз манъи вуруди мошинҳои мусофиркаш ва боркаш аз самти вилояти Суғд ба Душанбе, шаҳрдории пойтахт ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Бохтарро низ вазифадор кард, ки сар аз 25.10.2022 танҳо аз терминали “Дарвозаи ҷанубӣ” мусофир гиранду фароранд.
Ин тартиб дар ҷаласае, ки таҳти роҳбарии Фирдавс Саидзода, муовини раиси ш.Душанбе ба роҳбарони сохторҳои марбута, корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт ва ронандагону мусофироне, ки ба самти Бохтар мусофир мекашонанд, дар истгоҳи назди бозори «Саховат»-ҷойи ҷамъшавии мошинҳои самти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ироа гардид.
Фирдавс Саидзода гуфт, ки мақсади ин тадбир ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди ш.Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ дар пойтахт мебошад.
- Бо вуҷуди фароҳам овардани шароити мусоид ба ронандагон ва мусофирони ба ҳудуди пойтахт воридшаванда, то ҳанӯз мушкилот дар ин самт ба назар расида, қисме аз ронандагон худсарона дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр, бахусус дар кӯчаи Н. Қарабоев (истгоҳи бозори Саховат), назди биноҳои истиқоматӣ нуқтаи таваққуф ташкил намуда, ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул мебошанд, ки ин ҳолатҳо тамбашавии роҳу нақлиётро дар ин масир ба миён оварда, боиси халалдор гардидани оромии истиқоматкунандагони ин минтақа гардидааст,- таъкид дошт Фирдавс Саидзода.
Муовини раиси ш.Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Бохтар, ки худсарона дар к.Неъмат Қарабоев (истгоҳи бозори «Саховат») ба мусофирбарӣ машғул мебошанд, талаб кард, ки фаъолияти худро тибқи талаботи мавҷуда аз терминали “Дарвозаи ҷанубӣ” ба роҳ монанд.
Ёвону Ваҳдат фаромӯш шуд?
Бори аввал нест, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе барои ба қавле тоза кардани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз воситаҳои нақлиёти байнишаҳрӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, вале бо гузашти 2-3 моҳ пас аз ин тадбиру тартибҳо боз вазъ ба ҳолати аввала баргашта, воситаҳои нақлиёти мусофиркаш дубора истгоҳҳои бозори «Саховат» ва майдони Сарҳадчиён (Водонассос)-ро пур мекунанд. Шояд ин маротиб раҳбарияти БДА ш.Душанбе ва Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт, ки танзими нақлиёт вазифаи ҷониашон аст, вазифаи худро ба дигар сохторҳо бор накарда, дар ҳақиқат миёнро маҳкам намуда, кор мекунанд?
Дигар ин, ки шаҳрдорӣ, БДА, Хадамоти танзим ва назорат гӯшаҳои пойтахтро мавриди назар гирифта, аз маркази шаҳр-Маркази савдои «Садбарг» ва чорроҳаи кӯчаҳои Н.Қаробоев-А.Ҷомӣ (чорраҳаи 46) фаромӯш карданд. То кай микроавтобусу мошинҳои сабукрави самти Ваҳдату Файзобод бояд дар назди «Садбарг» ҷамъ шаванд? Кай мошинҳои самти н.Ёвон ба терминали воқеӣ бармегардад?
Шояд месазад, ки дар инҷо дар бораи терминали мошинҳои мусофиркаши самти н.Данғара ҳам ёд кард, ки аз таваққуфгоҳи Саховат истода, мусофир мегиранду пасон ба кӯча мебароянд?
Ба ин муаммо кӣ посух мегӯяд: Фирдавс Саидзода-муовини раиси ш.Душанбе, Фирӯз Расулов- сардори Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт дар ш.Душанбе ё Бахтиёр Вайсзода-сардори нави БДА Раёсати ВКД дар ш.Душанбе? Мо аз ишон интизори посух нестем, мо интизори тадбирҳои мушаххасем!
Ва Мо Метавонем!!!
Минуи Ромин,
СССР