Дуруд газетаи мардумӣ! Солҳои дароз ширкати «Tcell» ба сокинони деҳаҳои наздикӯҳии н.Деваштич ба қавли мардум, ҳила ба ҳавло «хизмат» мекард. Муттаасифона, боре ҳам ба шикоятҳо роҳбарон ё ходимони ин ширкати сарватманд ё аз манманӣ ва хунукназарӣ худам шоҳу табъам вазир гӯён, ҷавоби дурусте намедоданд.
Чанде пеш мо аз номи сокинони деҳа, ки наздик 2800 нафарро ташкил медиҳад, бо ташаббуси раиси комитети маҳалла Азизов Набӣ аз рӯи ширкат аризаи шикоятӣ навиштем. Аризаро ба прокуратураи вилояти Суғд равона намудем. 3-4 рӯз нагузашта коргарони ин ширкат ба даву тоз даромада, аз куҷое набошад, 1 генератор ёфта омада, ба дастгоҳи мавҷгирии деҳа васл карда, шахсеро вобастаи он карданд. Чашм нарасад, 1 ҳафта боз телефонҳои мобилии мо хоҳ барқ бошад, хоҳ набошад, бе нуқсон кор карда истодаанд. Аз лиҳози маънӣ 100-ҳо ташакур ба кормандони прокуратураи вилоят, ки бо 1 дахолати қонунӣ мушкилии чандинсолаи моро бо некӣ ҳал намуданд.
Ҷумъабой Яҳëев,
деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ
н. Деваштич,
Тел: 928887506