Суғд: рушди вилоят дар омор

  • Чоршанбе, Нояб 16 2022

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани санаи тақдирсоз – 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор додааст.

 

Буҷет - иҷрои нақша 105,7%

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2605,2 млн. сомонӣ тасдиқ гардида, иҷрои нақша 105,7 фоиз таъмин ва ба буҷет 2 млрду 752,6 млн. сомонӣ  ворид карда шуд, ки  нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 147,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.     

Дар ин давра, ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи1 млрду 821,97  млн. сомонии дар нақша пешбинигардида 1 млрду 886,8 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 3,6 фоиз ё ин ки 64,83 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 1867,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1862,8 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 99,8 фоизи нақша мебошад.

Баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 860,7 млн. сомонӣ, тандурустӣ 417,1 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 19,6 млн. сомонӣ, фарҳангу варзиш 199,6 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ, 1497,0 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 80,2 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад. Нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят 679,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, дар амал 693,6 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 102,1 фоизи нақша баробар мебошад.  

 

Маъдан, консентрат ва пахта

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли 2022 ба 11218,7 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3027,8 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 104,7 ва 110,0 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба 2300,1 млн. доллари ИМА расонида шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 143,1 фоиз таъмин гардид.          

Ҳаҷми воридот 1507,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 313,9 млн. доллар ё 26,4 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 792,7 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 378,0 млн. доллар ё 1,9 баробар зиёд  мебошад.

Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 284,4 млн. доллар афзоиш ёфта, 298999 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 521,1 млн. доллари ИМА содирот шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 65,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 8,6 банди фоизӣ боло рафтааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 94930 тонна афзоиш ёфта, 582116 тонна семент ба маблағи 18,1 млн. доллари ИМА содирот шудааст.

Содироти нахи пахта нисбати ҳамин давраи соли пешин 5169 тонна афзоиш ёфта, 22577 тонна нахи пахта ба маблағи 59,1 млн. доллар содирот шудааст.

          

Содироти пиёз афзуд

Дар 9 моҳи соли 2022 ба маблағи 30,3 млн. доллари ИМА 112937 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 14,8 млн. доллар зиёд аст. Ҳиссаи  хушкмева ва пиёз дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 63,0 ва 20,8 фоизро дар бар гирифта, дар ин давра 36735 тонна хушкмева ба маблағи 19,1 млн. доллар ва  62249 тонна пиёз ба маблағи 6,3  млн. доллар содирот шудааст.

 Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 1,9 млн. доллари ИМА афзудааст. Афзоиши содироти хушкмева 10813 тоннаро ба маблағи 10,56 млн. доллар ташкил намудааст.

Дар самти воридоти маҳсулоти ниёзи аввал низ дигаргунӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, воридоти орд нисбати ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 10173 тонна кам шуда, ҳамагӣ 25888 тонна орд ворид гардидааст. Ҳамзамон, ба маблағи 205,7 млн. доллар 610537 тонна ғалла ворид карда шудааст.

 Бо мақсади таъмин намудани захираи равғани растанӣ воридоти он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 1102 тонна зиёд карда шуда, ҳамагӣ воридоти 31986 тонна равғани растанӣ ба маблағи 42,4 млн. доллар ба қайд гирифта шудааст.

 

Пахта ҳам зиёд шуд

Кишоварзони вилоят ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар 9 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10826,7 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 112,0 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар мебошад.

 Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 8115,7 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 2711,0 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 9,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 110,8 фоиз, 115,9 ва 109,6 фоиз таъмин гардидааст. Барои ҳосили соли 2022 дар масоҳати 279768,0 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.

Дар вилоят нисбати рушди соҳаи пахтакорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар соли 2022 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҳаҷми 133800 тонна пешбинӣ гардидааст. Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосил муташаккилона ҷараён дошта, тосанаи 10-уми октябр бо вазни физикӣ 80176,1 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки баробари 59,9 фоизи нақшаи дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4086,6 тонна зиёд мебошад.

 Картошка, пиёз, сабзӣ, ғалла афзуд

То ин давра масоҳати кишти картошка ба 24215,0 гектар расонида шуд. Кишти асосии сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 17681,0 гектар гузаронида шуд. Аз ин масоҳат кишти пиёз 3867,0 гектар ва сабзӣ 2915,0 гектарро дар бар мегирад. Кишти полезиҳо дар масоҳати 3960,0 гектар гузаронида шуданд.

Масоҳати кишти зироати асосӣ, яъне пахта дар майдони 57159,0 гектар гузаронида шудааст, ки нисбати соли 2021 ба масоҳати 7481,0 гектар зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо якҷоя бо ҷуворимакка барои дон 333910,3 тонна, аз ҷумла гандум 174000,2 тоннаро ташкил додааст, ки нисбати нишондиҳандаи соли 2021 мутаносибан 64180,4 ва 38792,7 тонна зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 396619,1 тонна картошка, 479305,9 тонна сабзавот, аз ҷумла 151624,4 тонна пиёз,  97886,3 тонна мевагӣ, аз ҷумла 55847,3 тонна зардолу, 52642,8 тонна ангур ва 139144,5 тонна полезӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 истеҳсоли картошка 19995,9тонна, истеҳсоли  сабзавот 32155,0 тонна, ангур 4918,5 тонна, полезиҳо 1415,7 тонна, мевагиҳо 29806,4 тонна, аз ҷумла зардолу 18341,3 тонна афзудааст.

 

37 сардхонаву 496 гармхона

Дар миқёси вилоят 37 сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1700 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии 9800 тонна мебошанд. Айни ҳол, мавсими захираи маҳсулот оғоз гардида, 230,0 тонна маҳсулот, аз ҷумла 165 тонна себ, 55 тонна ангур ва 10,0 тонна дигар намуди маҳсулот захира карда шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ карда шуда, дар ин давра дар бахши корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 496 гармхона ба қайд гирифта шуда, фаъолияти 492 гармхона ба роҳ монда шуд, ки аз он 273 гармхонаи навъи хитоӣ ва 4 гармхона навъи инноватсионӣ мебошанд.

Аз ин миқдор дар 294 гармхона парвариши сабзавот,  дар 202 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят ба 17,52 гектар расонида шуд, ки аз он 8,53 гектар помидор, 5,67 гектар бодиринг ва 3,32 гектар дигар зироатҳо мебошад.

Илова бар ин, майдони дарахтони лимӯ ба 11,96 гектар ва кӯчати гулҳо ба 3,12 гектар расонида шуд.

 

Фаъолияти 751 корхонаи саноатӣ

Ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, давоми 9 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 17141,0 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ  2600,0 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 122,0 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба миқдори 1004,9 ҳазор тонна семент ва 1396,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 1840,6 тонна калоба ва 5413,0 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ аз қабили қубурҳои металлӣ ба андозаи 6054,1тонна ва суръати  афзоиш 105,7 фоиз, бетони сохтмонӣ 29,7 ҳазор метри мукааб ё 124,6 фоиз, маҳсулот аз пластикаи филизӣ 31,3 ҳазор метри мураббаъ ё 144,2 фоиз, қубурҳои пластикӣ 1037,2 ҳазор метр 104,9 фоиз, профилҳои пластикӣ 1677,2 тонна ё 152,0 фоиз, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 43,5 млн. дона ё 117,6 фоиз, полиэтилен (плёнка) 4,1 тонна, қолаби зарфи пластикӣ 93,96 млн. дона ё 173,5 фоиз, мех 858,6 тонна ё 171,5 фоиз ва бозичаҳои кӯдакона 1956,3 ҳазор дона ё 136,9 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 751 корхонаи саноатӣ 631 корхона ё 84% фаъолият намуда, намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 230 номгӯй расонида шуд.

Бунёди 2 корхонаи азим дар Айнӣ

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ, ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо 2904ҷойи нави корӣ, пешбинӣ гардида, дар натиҷаи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавию минтақавӣ, давоми 9 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 130корхонаву коргоҳи нав, бо 2685 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар соли 2022 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома ёфта, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ, бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол, бо 46 ҷойи корӣ, таъсис дода шуд. Дар вилоят фаъолияти 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 290,6 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 50,9 ҳазор ҷуфт ё 21,2 фоиз зиёд аст. 

Дар корхонаҳои пахтатозакунии вилоят дар 9 моҳи соли 2022 ба миқдори 13247,3 тонна нахи пахта ва 18982,2 тонна чигит истеҳсол намудаанд. Дар вилояти Суғд 8 корхонаи коркарди нахи пахта, аз ҷумла, ҶДММ “Ангубин” (ҶСП «Олим текстайл»), ҶДММ «Спитамен текстайл», ҶДММ «Нику Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶСП «Сатн», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Органик Ян» ва ҶСП «Сомон гурӯҳ» бо иқтидори солонаи коркарди 38,5 ҳазор тонна нахи пахта мавҷуд мебошанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки фаъолияти ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» ва ҶСП «Сатн» силсилаи пурраи коркарди нахи пахтаро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, баҳри иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми феврали соли 2020, №64 бобати сохтмони корхонаҳои коркарди маъдану консентрат корҳо идома дошта, дар ноҳияи Айнӣ бунёди 2 корхонаи азим бо иқтидори солонаи коркарди 250,0 ҳазор тонна маъдан амалӣ гардида истодааст.

 

12 000 иншооти нави ҷашнӣ

Тайи 9 моҳи соли 2022 ҷиҳати таҳкими корҳои ободониву созандагӣ аз тарафи Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ якчанд иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли мех ва мехҳои печони ҶДММ “Нуртез” бо 30 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсол ва коркарди фулузоти ҶДММ “Ганҷофар” бо 30 ҷойи корӣ, хатти дуюми истеҳсоли коғаз дар ҶДММ “Дурахшон Бӯстон” бо 20 ҷойи корӣ, дар минтақаи саноатии шаҳр, бинои маъмурии филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  коргоҳи дӯзандагӣ бо 60 ҷойи корӣ, дар заминаи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон, корхонаи истеҳсоли зарфҳои полиэтилении ҶДММ “Тоҷир пласт” бо 25 ҷойи корӣ, корхонаи мебелбарории соҳибкор Қаҳҳоров Абдурозиқ “Ситораи Суғд” бо 30 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли ширеши ҶДММ “Ширеши тоҷик” бо 30 ҷойи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои иҷтимоии 45-ҳуҷрагӣ бо чойхона ва маркази хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бинои Маркази адлия ва Боғи фарҳангию фароғатии “Темурмалик” дар шаҳри Гулистон, бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрии Панҷакент барои 80 кат, муҷассамаи “Рамзи китоб” бо баландии 14 метр, бинои боғчаи бачагона барои 400 нафар, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 барои 462 хонанда дар 1 баст, иншооти варзишии “Қасри паҳлавонон” дар шаҳри Панҷакент, бинои мактаби хусусии “Контакт” барои 800 хонанда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 барои 1280 хонанда, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 барои 340 хонанда, маркази фарҳангию фароғатӣ бо муассисаҳои савдою хизматрасонӣ бо 300 ҷойи корӣ дар ноҳияи Ашт, корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Шарафи рӯз” бо 200 ҷойи корӣ, Маҷмаааи хизматрасонӣ бо маркази савдо, меҳмонхона ва хонаҳои истиқоматии “Истаравшан Плаза” бо 20 ҷойи корӣ, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бинои нави Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” барои 320 нафар хонанда, корхонаи ҷӯроббофӣ ва дӯхти либоси мактабии ҶДММ “Нури Истаравшан” бо 150 ҷойи корӣ, Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён” бо 40 ҷойи корӣ дар шаҳри Истаравшан, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 барои қабули 1000 хонанда дар 2 баст, Боғи фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Конибодом бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфтанд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва таҷдиду азнавбарқароркунии 12000 иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону аз нав барқароркунӣ ва таъмиру тармими 979 иншоот ба итмом расонида шудааст. 

 

 Сармоягузорӣ ва бизнес-форумҳо

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 171,75 млн. доллари ИМА сармоягузории        ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш  нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 118,4  фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 153,15 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 18,6 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ воридоти сармояи мустақим ба 82,7 млн. доллар ва ҳар гуна сармоягузориҳо ба 29,3 млн. доллар баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум мутаносибан 100,7 ва 100,3 фоизро ташкил намуд.  

Дар вилоят баргузор намудани ярмаркаю намоишгоҳҳои сатҳи баланд ба ҳукми анъана даромада, санаҳои 17-18 июни соли 2022  дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ва Форуми “Имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” гузаронида шуд.

 Дар ярмарка ва форумҳо зиёда аз 400 нафар меҳмони хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон, Туркия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Дар ҳошияи баргузории ярмарка форум таҳти унвони “Имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” доир карда шуда, зиёда аз 60 меморандум ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Ҳамзамон, беш аз 200 ширкати ватанию хориҷӣ намунаи молу маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.

Илова бар ин, баргузор намудани бизнес-форумҳо бо минтақаҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон солҳои охир ба таври мунтазам роҳандозӣ гардида, дар 9 моҳи соли ҷорӣ форумҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишвари Красноярски Федератсияи Россия ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, санаҳои 16-21 майи соли 2022 дар доираи сафари расмии ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилоят бизнес-форум бо ҷалби доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва шаҳрҳои Истамбул, Анталия ва Кайсерии Ҷумҳурии Туркия баргузор гардида, аз натиҷаи бизнес-форум 12 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

 

Об омад!!!

Дар соли 2022 кашидани хатти оби нӯшокӣ ва таъмиру тармими 463,7 км қубурҳои оби нӯшокӣ, аз ҷумла кашидани 181,0 км хатти оби нӯшокӣ, 103,4 км таъмири асосӣ ва 179,3 км таъмири ҷорӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, бунёди 16 ҳавзи захиравӣ ва таъмири 30 ҳавзи захиравӣ, кофтани 18 чоҳи амудӣ ва таъмири 128 чоҳи амудӣ ба нақша гирифта, корбарӣ тибқи нақша ҷараён дорад.

Барои иҷрои ин корҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷудо намудани 44512,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 5893,9 ҳазор сомонӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ 29110,2 ҳазор сомонӣ, ташкилоту идораҳо 2374,2 ҳазор сомонӣ, буҷети мутамарказ 1354,0 ҳазор сомонӣ ва соҳибкорону аҳолӣ 5779,7 ҳазор сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.

Дар 9 моҳи соли 2022 аз ҷониби корхонаҳои соҳа 179,6 км қубури оби нӯшокӣ таъмиру тармим ва иваз карда шуд, ки аз он 36,3 км таъмири асосӣ, 80,1 км таъмири ҷорӣ ва 63,2 км хатти нави об мебошад. Сохтмони 2 ҳавзи захиравӣ ва таъмири 2 ҳавзи захиравӣ ба анҷом расонида шуда, 13 чоҳи амудӣ кофта шуд ва 73 чоҳи амудӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд.    

 

228 мактаб аз таъмири капиталӣ баромад

Дар оғози соли таҳсили 2022-2023 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 284 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 207 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 14 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 63 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 43437 кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд.

Дар  9 моҳи соли 2022 дар вилоят 31 иншооти соҳаи маориф бо 9448 ҷои нишаст, аз ҷумла дар назди 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 333 синфхона бо 8393 ҷойи нишаст, 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1050 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Соли таҳсили 2022-2023 дар вилоят 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 41 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 832 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 26 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор  фаъолият дошта, дар онҳо 571729 нафар, аз ҷумла 280773 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли таҳсили 2021-2022  2 муассисаи таълимӣ зиёд гардидааст.

Бинои 17 муассисаи таълимии садамавӣ (дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров - МТМУ №№ 6, 53, Кӯҳистони Мастчоҳ - МТМУ №№17, 23, 18, Айнӣ - МТМУ №29, Мастчоҳ - МТМУ №19, Исфара – МТМУ №23, Спитамен – МТМУ №12, Конибодом - МТМУ №№38,7,52, Шаҳристон – МТМУ №№19,20, Ашт – МТМУ №7 ва Панҷакент – МТМУ №№18,40) барқарор гардида, дар 12 бинои садамавии муассисаҳои таълимӣ (дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ - №11, Ашт - №,25, Бобоҷон Ғафуров - №22, Деваштич - №№5,28, Зафаробод - №3, Кӯҳистони Мастчоҳ - №16, Истаравшан - №№46,37, Конибодом - №34, Ҷаббор Расулов - №8 ва Шаҳристон - №20) корҳои сохтмонӣ идома доранд. Бинои 228 муассисаи таъмирталаб аз таъмири куллӣ бароварда шудааст.  

Шумораи омӯзгорони вилоят 37700 нафар, аз ҷумла занон 26293 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 32183 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1424 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 4093 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Шумораи омӯзгорони дорои маълумоти олӣ сол аз сол афзуда, дар оғози соли нави хониш ба 85,4 фоизи шумораи умумии омӯзгорон расонида шудааст.

Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар соли 2022 таъмин намудани  муассисаҳои таълимии вилоят бо 673 кабинет ва озмоишгоҳи фаннӣ, аз ҷумла озмоишгоҳ аз фанни химия 18 адад, кабинети фанни физика 58, химия 82, биология 88, география 128, математика 129, технологияи информатсионӣ            69, суруд ва мусиқӣ 119 адад пешбинӣ шуда, давоми 9 моҳи соли 2022 ҳамагӣ 320кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Аз ҷумла, озмоишгоҳи фанни химия 7 адад, кабинети фанни физика 40, кабинети фанни химия 47, кабинети фанни  биология 43, кабинети фанни география 48, кабинети фанни математика 60, кабинети фанни технологияи информатсионӣ  38, кабинети фанни суруд ва мусиқӣ 37 адад омода гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат менамояд.

 

934 муассисаи тандурустӣ дар хизмати мардум

Дар вилоят 934 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 135 муассисаи сохтори госпиталӣ, 799 муассисаи сохтори КАТС, инчунин, 139 муассисаи махсусгардонида ва 292 муассисаи ғайригоспиталии хусусӣ бо назардошти намояндагиҳо фаъолият доранд. 

Ба аҳолии вилоят 5150 табиб ва 17854 корманди миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд. Аз ҷумла, 2623 нафар ё 50,5 фоизи табибон ва 6820 нафар ё 38,2 фоизи кормандони миёна дорои дараҷаи тахассусии касбӣ мебошанд. Аз ҷумла, 6 доктори илми тиб ва 74 номзади илми тиб фаъолият доранд. 

 

Беш аз 200 ҳазор нафақагир

Дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки шумораи бошандагони он 1950 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии маъюбон ба санаи 1 октябри соли ҷорӣ 47086 нафар, аз ҷумла маъюбони гурӯҳҳои 1,2,3 беш аз 38932 нафар ва кӯдакони маъюби то синни 18-сола 8154 нафар мебошад.

Шумораи нафақагирон 236215 нафар ба қайд гирифта, аз он гирандагони нафақаи меҳнатӣ 184060 нафар, бесаробонмонда 6202 нафар ва иҷтимоӣ 51751 нафар, аз ҷумла маъюбон аз овони кӯдакӣ 20675 нафар мебошанд. Шумораи умумии нафақагирон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1904 нафар зиёд шуда, андозаи нафақаи миёна ба 305,33 сомонӣ баробар шудааст.

Дар вилоят 72301 оила ҳамчун оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд. Баҳри тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҳамасола тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ пардохт шуда истодааст. Ба ҳолати 1 октябри соли 2022 ба  оила ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи 24.383.064сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шудааст.

 

205 хатсайри сайёҳӣ

Ҳоло дар вилояти Суғд 41 ширкати сайёҳӣ  ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. Дар вилоят 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегирад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 91 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 61 меҳмонхона, 16 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 4 лагер, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии зиёда аз 7000 ҷой ба шаҳрвандон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Ҳамзамон, 40 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.

 

2774 муроҷиат – масъалаи №1 замин!

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2774 муроҷиат ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 502 адад кам аст. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳо 637 адад шифоҳӣ, 2021 адад хаттӣ, 17 адад аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва 99 адад тавассути “Viber” ворид шудаанд.

Аз муроҷиатҳои воридгардида 629 адад ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замин, сертификати ҳуқуқи истифодабарӣ, баҳси замин ва ҷудокунии саҳм вобаста буда, муроҷиатҳои марбут ба гирифтани кӯмаки моддию молиявӣ 296 адад, таъмири роҳ, сохтмон ва нақлиёт 201, таъмин шудан бо манзил, масолеҳи сохтмон, масъалаҳои вобаста ба манзил ва баҳси манзил 556, муаммои соҳаҳои маорифу илм 84, фарҳангу маданият 65, таъминот бо ҷойи корӣ 32, нафақа 17, сафари ҳаҷ 4, нигаҳдории тандурустӣ ва таъминот бо доруворӣ 99, иқтисод, молия ва савдою соҳибкорӣ 37, таъминот бо оби нӯшокию полезӣ 105, ҳимояи ҳуқуқ 267 ва дигар муроҷиатҳо 382 адад ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 735 муроҷиати шаҳрвандон ворид шуда, аз ҷониби сохторҳои масъул мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

 

Раиси Суғд дар хизмати мардум

Сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят (www.sugd.tj) ва сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд– www.khujand.tj, Гулистон – www.guliston.tj,  Бӯстон – www.buston.tj, Спитамен–www.spitamen.tj, Конибодом–www.konibodom.tj, Ҷаббор Расулов – www.jabborrasulov.tj, Бобоҷон Ғафуров – www.gafurov.tj, Мастчоҳ– www.mastchoh.tj, Кӯҳистони Мастчоҳ -  www.kuhistoni-maschoh.tj.Ашт–www.mihdasht.tj, Панҷакент – www.panjakent.tj, Истаравшан–www.mihdistaravshan.tj, Шаҳристон–www.shahriston.tj, Истиқлол -  www.mihd-istiqlol.tj, Айнӣ-ayni.tj, Зафаробод-zafarobod.tj ва Деваштич-devashtich.tj бо истифода аз домени “tj” мавриди истифодаи васеъ қарор дошта, робитаи мустақимро бо шаҳрвандон ба роҳ мондаанд.

Хар арзу шикояте, ки мардум, халқ, шаҳрванд, яъне ту-хонандаи ин сутур дорӣ, бо ин нишонӣ фирист ва бе ҳеҷ шакку шубҳа он дар мақомоти шаҳру навоҳии вилоят, ба вежа дар ҳузури фардии раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳатмани ҳатман баррасӣ мешавад. Бовар надоред агар, муроҷиат кунед!

Мо Метавонем!!!

 

Гузориши вежаи  СССР аз вилояти Суғд

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase