ХАБАРИ ДОҒ

Қурбон Тӯраев: касе ҷуръат надошт роҳбарии Давлатро бар дӯш бигирад

  • Чоршанбе, Нояб 16 2022

Хотироти Қурбон Тӯраев, собиқ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 маротиба раиси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз он ҷумла 3 маротиба раиси шаҳри Уротеппа, ҳозира Истаравшан

 

    Дар  бораи чи гуна оғоз шудану дар куҷо барпо гардидани сесияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон замон баҳсу мунозираҳои бисёре пеш омада буд. Дар ҳамон вақт ҷаласаҳо аз 10 то 20 ва ҳатто 25 рӯз давом мекарданд. Барои барпо кардани ин ҷаласае, ки таърихӣ номаш мебарем, на танҳо вақт, балки 1 ҷой ва макони амн, ҷойе, ки шароити мувофиқ дошта бошад, лозим буд. Он замон вазъи Тоҷикистон ниҳоят вазнин буд. Барои ҳамин иҷлосияро дар ҷойе гузаронидан лозим меомад, ки тинҷу ором, ҷойи беҳтару бехатар ва барои баргузории иҷлосия шароити мусоид дошта бошад.

 

Иҷлосияи таърихӣ дар қасри таърихӣ

   Вазъият дар ҷануби Тоҷикистон аз худи шаҳри Душанбе сар карда, то ба вилояти Кӯлоб, вилояти Қурғонтеппа, водии Ҳисору Рашт ва Бадахшони Кӯҳӣ ноором буд.

 Баъзеҳо барои баргузории сессия Бадахшони Кӯҳиро ном мебурданд, ки он ҷо низ нооромиҳо ҷой дошт. Агар ин иҷлосия дар ягон ҷойи ноамн баргузор мешуд, вазъиятро боз ҳам бадтар мегардонд. Дигар он, ки барои гуфтугӯ ва ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ин минтақаҳо ҷойи муносиб набуд. Аз ҳама ҳолати вазнинтаринаш вазъи сиёсӣ буд. Барои ҳамин интихоби макони баргузории иҷлосияи 16-ум вилояти Ленинобод гардид. Зеро нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ оромтару амнтар буд.

    Хизмате, ки ҷануб кард ин таъмини иштироки депутатҳо ва қумандонҳо дар иҷлосия буд. Масалан, агар қумандонҳоро мегуфтем, биёед ба Кӯлоб, Ҳисор ва ё Рашту Бадахшон равем, ҳеҷ гоҳ намерафтанд. Ва шояд дар Қасри Арбоб ҷамъ омадани депутатҳою қумандонҳо ва дигарон ба он хотир шуд, ки Қасри Арбоб  қасри таърихӣ буд.

 Ва маҳз ҳамин иҷлосия дар ҷойи таърихӣ ба вуҷуд омад.

Иҷлосия дар ҳамин ҷо чунон оромона ва тинҷу амон гузашт, ки ҳатто ягон ҳодисаи хурде ба вуқуъ наомад. Дар ҳамон вақт на давлат буду на ҳукумат, на амнияти касе таъмин буду на органҳои қудратӣ вуҷуд доштанд. Танҳо Парлумон вуҷуд дошт ва метавонист, ки қарор қабул намуда, вазъиятро ором гардонад.

  

Вақте депутатҳо дар стол хоб мекарданд...

Барои он ки ҳамин сессия баргузор гардад, аввал рӯзномаи онро тасдиқ кардан лозим меомад. Кӣ бояд ҳамин корро кунад, кӣ баромад карданаш лозим? Комиссияи машваратӣ иборат аз 40 нафар таъсис дода шуд, ки аксарият депутатҳо буданд. Дар ҳамин ҳайат Президенти имрӯзаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дохил буд. Аз он ҷумла ман ҳам аъзои ҳамин комиссия будам. Кори комиссия 2,5 рӯз давом кард. Шабу рӯз кор мекардему ҷойи хобамон болои стол буд. Мо дар ошёнаи 2-юм ҷой гирифта будем. Ҳамин тариқ муддати 2,5 рӯз мо 15 масъаларо дида баромадему ҳайати комиссия ин масъалаҳоро қабул намуд.

16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб ба кори худ шурӯъ кард.

 

 

“Акбаршоҳ, ба тақдират тан деҳ-фаро!”

   Сессияро Акбаршоҳ Искандаров, ки он вақт раиси Шӯрои Олӣ буд, оғоз намуд. Аризаи истеъфои Раҳмон Набиевро маҷбуран дар аэропорт гирифта буданд. Акбаршоҳ Искандаров сессияро кушода гуфт, ки масъалаи рӯзномаро дидан даркор. Гуфтанд, ки дар ин ҷо 2 масъала ва 2 фикр аст.

 Искандаров худ низ дар комиссия аъзо буда, масъалаҳои пешниҳодшударо хуб медонист. Вале ӯ ғайричашмдошт тамоман аз дигар масъалаҳо сухан кард. Масъалаҳои дар комиссия пешбинишударо ба инобат нагирифт. Касе тайёр набуд. Худи ман ҳам омодаи сухан гуфтан набудам. Искандаров иброз дошт, ки тибқи талаботи Конститутсия рӯзномаи иҷлосияро Шӯрои Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пешниҳод кунад. Ҳама дар толор хомӯш буданд. Ман ба Искандаров гуфтам:

   -Акбаршоҳ Искандарович, биёед рӯзномаро дар ҳамин ҷо, ки аз 230 нафар депутат 197 нафар иштирок доранду 75-80 фоизро ташкил медиҳанд, баррасӣ кунем. Биёед интихобро тариқи овоздиҳии ошкоро ба овоз монда, бубинем, ки кӣ даст мебардораду кӣ не. Агар овоздиҳии пинҳонӣ ташкил кунем, намедонем, ки кӣ тарафдор асту кӣ зид.

   Медонед барои чӣ Искандаров бо рӯзномаи тасдиқкардаи комиссия розӣ нашуд? Чунки масъалаи 1- ум ин истеъфои раёсати Шӯрои Олӣ ва 2- юм масъала истеъфои раиси Шӯрои Олӣ буд ва Искандаров инро хуб медонист.

 

Адолат Раҳмонова: дигарон бароянд!!!

    Ман 15 масъаларо, ки комиссия пешниҳод карда буд, хонда додам. Адолат Раҳмонова, ки бисёр ҳам сиёсати ҷиддӣ доштанд, таклиф карданд, ки дар толор танҳо депутатҳо истанд, боқӣ намояндагони вилояту шаҳрҳо, ташкилоту корхонаҳо, ки дар сессия намоянда буданд, аз толор бароянд. Ин масъаларо бояд худи депутатҳо ҳал намоянд, то ин ки овозаи зиёд паҳн нагардад.

Ҳамин тавр, бо пофишории Адолат Раҳмонова,  дар толор танҳо депутатҳо монданду дигарон баромаданд. Баъд масъалаҳоро ба овоз мондем. Ҳама бо 1 овоз қабул карданд, танҳо худи Искандаров ва 2-3 каси дигар овоз надоданд.

   Ман гуфтам:

- Акбаршоҳ Искандарович шарм намедоред? Шумо ҳам овоз диҳед. Якка шуда мемонед.

 Баъд аз ҳамин он кас овоз доданд. Ҳоло тамоман чизи дигар мегӯянд, албатта... Баъд масъалаҳои сессияро давом додем. Ман аз минбар нафаромада будам. Ҷонишинҳо фаромаданд, 1- умаш, 2- юмаш, дигару дигарҳо. Ман ба Акбаршоҳ гуфтам:

-Раис! Акнун ба тақдират тан деҳ, фаро. Истеъфо рав. Натавонистед-ку?!

Фаромад, ман ҳам аз минбар фаромадам. Раиси нав интихоб шуд.

 

Касе ҷуръат надошт, ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмонов

   Ҳабибулло Табаров раисии иҷлосияро ба ӯҳда гирифт. Масъалаи 1- ум интихоби раиси Шӯрои Олӣ буд ва 3 номзад пешбарӣ гардид.

- 1 нафар аз тарафи ҷануб, номаш дар хотирам нест, 2- юм Иззатулло Ҳаёев. Иззатулло Ҳаёев хеста, истеъфо дода, номзадиашро бозпас гирифт. Он 2 нафари дигар низ номзадиашонро гирифтанд. 2-3 нафар бархеста, номзадии Эмомалӣ Раҳмонови 40-соларо пешниҳод намуданд. Баробари пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ҳама аз ҷой хеста, то ба минбар баромадани Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор рост истода, қарсак мезад. Чунки вазъият вазнин буд ва касе ҷуръат намекард, ки роҳбарии давлатро ба зимма гирад. Касе ҷуръат надошт, ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон!

Шукри Худованд, ки дар ин интихобот мо хато накардем. Ягона нафаре, ки мамлакатро аз вабои ҷанг раҳонид, маҳз ӯ гашт. Бовар кунед, дигар ЯГОН кас ин тавонро надошт.

Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter