Сӯҳроб Қараев, полковники милитсияи дар нафақабуда, аз н.Восеъ ва ҳамзамон хонандаи доимии СССР ба редаксия занг зада (тел: 985234551), гуфт, ки дар Рӯзи милитсия, ки ҳамасола рӯзи 10 ноябр таҷлил мегардад, моро фаромӯш карданд.
- Рӯзи 8.11.2022 бегоҳӣ аз мардум шунидам, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милитсия баргузор шудааст. Ҳамаи собиқадоронро даъват кардаанд, аммо маро не. Роҳ аз ШВКД то хонаи ман ҳамагӣ 15 дақиқаро дар бар мегирад, аммо…
Аз ҷаҳл ба телефони боварии ВКД ҶТ занг задам. Гилаамро ба навбатдор Раҳимов Маҳмадодил баён намудам. Посух доданд, ки арзи шифоҳии манро баррасӣ мекунанд, мутаассифона, чораандешӣ нашуд. Чӣ гуна маро нозири кор бо ҳайати шахсии ШВКД-и ноҳия Бахтиёри Маҳмадхон ва ёрдамчии сардори ШВКД, подполковники милитсия Акрам Абдуллоев фаромӯш кардаанд?
Агар ин 2 нафар аз ман хафа шуда бошанд, бигузор маро дар маъракаҳои шахсияшон хабар накунанд, вале дар ин 2 чорабинӣ, ки ба муносибати Рӯзи милитсия баргузор гашт, ман ҳуқуқи бечуну чаро иштирокро доштам, зеро 29 соли ҳаётам маҳз дар ин мақомот сипарӣ шудааст…