ХАБАРИ ДОҒ

Фармоишгари қатли Ҳувайдуллоев Ҷӯрабек Аминов буд!

  • Чоршанбе, Нояб 23 2022

   Баҳриддин Аҳмадов, роҳбари Дастгоҳи раиси вилояти Ленинобод дар соли 1992, яке аз масъулони ташкили Сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрванди фахрии Хуҷанд ҳафтаи гузашта зимни суҳбат бо мухбирони газетаи мардумӣ парда аз асрори куштори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев бардошт. Бояд гуфт, ки Баҳриддин Аҳмадов бо Нурулло Ҳувайдуллоев риштаи хешутаборӣ дошта, гепрокурори марҳум домоди хонаводаи эшон маҳсуб меёфт. Дар сӯҳбати видеоӣ, ки дар саҳифаи ютубканали мо «СССР ТВ» нашр шудааст, мавсуф гуфт:

   - Дар рафти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар ш.Хуҷанд баногоҳ хабар омад, ки Ҷӯрабек Аминов, муовини якуми раиси Кумитаи амнияти миллӣ паронда шуд. Ба ҷои он, ки депутатҳо хеста, арзи тасаллият кунанд, баръакс ҳама хеста, қарсак заданд. Барои он, ки маҳз Ҷӯрабек Аминов яке аз кушандагони генпрокурори кишвар Нурулло Ҳувайдуллоев буд. Дар умум шумораи онҳое, ки куштори прокурори генералиро ташкил карда буданд, 14 нафар буд, вале аз ҳама бадтаринашон ҳамин Ҷӯрабек Аминов буд, ки дар ин куштор нақши муҳим дошт. Вакилон низ барои ҳамин қарсак зада буданд…

  

Нахустин шуда, Эмомалӣ Раҳмонов сари гӯри генпрокурор рафтанд...

Пас аз интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ман гуфтанд, ки ба сари қабри Нурулло Ҳувайдуллоев ба н.Ашт меравем. Ин тақрибан рӯзҳои 24-25-ҳои моҳи ноябри соли 1992 буд. Он кас гуфтанд, ки 1 домулло бошад барои дую фотиҳа бас аст, ман зуд ба ҳукумати н.Ашт занг зада, масъулонро огаҳ намудам. Ҳарду ба мошин нишаста, роҳи н.Аштро пеш гирифтем. Мурод Саидов, он замон капитани калон, ҷавону хушчеҳра ва боқувват моро ҳамроҳӣ намуд.  

   Ба сари қабр расидем, ки одами зиёд ҷамъ шуда буд, дуою фотиҳа кардему Эмомалӣ Шарифович он замон гуфтанд, ки «Мо дар шахси Нурулло Ҳувайдуллоев роҳбари асилро медидем. Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки қотилони эшон пайдо ва ҳатман дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт!».

   Оилаи Нурулло Ҳувайдуллоев – Раънохон оши палав тайёр карда буд, ман ба Эмомалӣ Шарифович гуфтам, ки келин ош кардааст, розӣ бошед, даромада хӯрем. Он кас розӣ шуданду мо даромадем. Он вақт Нурулло хонаи худашро ҳам надошт, 1 хонаи куҳнаву пастакаки падарӣ буд.

Эмомалӣ Шарифович сари фарзандони шодравонро сила карда гуфтанд, ки «Шумо танҳо нестед, шуморо давлату ҳукумат тарбия ва нигоҳубин мекунад!» ва ҳамин тавр ҳам шуд.

 

Китобати М.Амин, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter