ХАБАРИ ДОҒ

Дар шумораи гузаштаи газетаи мардумӣ,  Баҳриддин Аҳмадов, собиқ раҳбари Дастгоҳи раиси вилояти Ленинобод дар соли 1992 ва яке аз ташкилкунандагони Сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосии худ ба Ютуб канали СССР ТВ гуфт, ки Ҷӯрабек Аминов, собиқ муовини Вазири амнияти Тоҷикистон (КГБ) яке аз кушандагон ё худ фармоишгарони Генпрокурори кишвар Нурулло Ҳувайдуллоев буд. Ва вақте хабари марги Ҷӯрабек Аминов ба сессия расид, вакилон ба ҷойи арзи тасаллият, аз ҷой бархоста, ҳамагӣ қарсак задаанд.

Пас аз нашри ин суҳбат бархе аз хонандагони газетаи мардумӣ ба идора занг зада, дар бораи кӣ будани Ҷӯрабек Аминов пурсон шуданд. Мутаассифона, дар ягон саҳифаи интернетӣ ва бойгониҳо мо акси Ҷӯрабек Аминовро пайдо накардем. Дар бораи мавсуф низ итиллоъ хеле кам аст.

Танҳо ёдрас мешавем, касе дар бораи ин «Шахсияти Х» маълумоте дорад, ба мо фиристад. Мо ҳатман нашр мекунем. Мо Метавонем!

 

Газетаи «Коммерсантъ» нахуст аз Ҷ.Аминов ёд кард

Нахуст номи Ҷӯрабек Аминов соли 1994 дар газетаи «Коммерсантъ»-и Россия (12.03.1994) зикр ёфтааст. Хабарнигори ин газета Михаил Лаш дар хабари худ дар бораи кушта шудани муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Назаршоев дар таърихи 10.03.1994 аз террори якчанд шахсиятҳои шинохта ва кормандони баландрутбаи мақомоти қудратӣ ёд карда, дар ин радиф номи Ҷӯрабек Аминовро ҳам овардааст.

Михаил Лаш гуфтааст, ки тобистони соли 1992 Прокурори генералии ҶТ, Нурулло Ҳувайдуллоев (24.08.1992) террор шуда, пас аз он моҳи ноябри ҳамон сол яке аз шахсиятҳои калидӣ дар ин террор Ҷӯрабек Аминов, муовини вақти Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба таври мармуз кушта шудааст.

 

Милисаҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуданд…

Баъдан номи Ҷӯрабек Аминов дар асари ёддоштии генерал-лейтенант Сайиданвар Камолов, собиқ вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо номи «Противостояние» («Мухолифат»), ки соли 2008 нашр шуд, ёд мешавад.

Саиданвар Камолов аз он ҷумла менависад:

-Дар моҳи майи соли 1992 вақте тазоҳурот дар майдонҳои «Озодӣ»-ву «Шаҳидон» дар авҷ буд, кормандони ВКД ба 2 гурӯҳ тақсим шуданд. Гурӯҳи якумро полковник Султон Қувватов-он замон сардори Раёсати УБХСС (УБНОН) раҳбарӣ намуда, гурӯҳи дуюм зери раҳбарии Штаби оппозитсияи муттаҳидаи «Наҷоти Ватан» қарор дошт. Ба қисмҳои махсуси ВКД ва дигар раёсатҳои он одамони наздик ба вазир Навҷувонов таъин шуда буданд.

 

КГБ ягона сохтори давлатсоз монд!!!

Ягона сохторе, ки дар ин ҳама гирудор тавонист сутуни кадрии худро нигоҳ дорад Кумитаи амнияти миллӣ буд. Маҳз кормандони Кумитаи амнияти миллӣ Маҳмадалӣ Шафоатов, Даврон Мирзоев ва Файзалӣ Саидов моҳи майи соли 1992 пеш аз ҳама тавассути ТВ баромад намуда, ба вазъият баҳои воқеӣ дода, аз сокинон даъват ба амал меоварданд, ки ба ҳар гуна даъвату дасисаҳо дода нашаванд.

Вале мутаассифона, дар ин сохтор ҳам пайдо шуданд нафароне, ки аз тарс фирор карданд ё баръакс аз вазъият ба фоидаи худ истифода бурданд. Яке аз ин нафарон Ҷӯрабек Аминов буд...

  

Ҷӯрабек Аминов мехост вазири КГБ шавад!

   - Бори нахуст ман бо Ҷӯрабек Аминов моҳи майи соли 1990 вохӯрдам. Ӯ ба ш.Душанбе дар ҳайати комиссияи КГБ-и СССР аз Маскав омад. Мо сари мақолаи «Звон колокола»-«Садои зангӯла», ки дар газетаи «Правда» чоп шуда буд, хеле суҳбат кардем. Ӯ ва аъзои комиссия ба фактҳое, ки дар мақолаи мазкур оварда шуда буданд, таваҷҷӯҳ карданд. Дар мақола гуфта мешуд, ки гурӯҳи исломгароён мехостанд қудратро дар Тоҷикистон ба даст оранд. Он замон ман парвандаи бесарусомониҳои оммавиро дар Душанбе баррасӣ менамудам.

Аз редаксия: Дар ин матлаб барои нахустин бор аз лидери олами ҷиноӣ ё авторитети водии Кӯлоб-Ёқуб Салимов ва Шайх Саттор ёдовар мешуд, ки ба майдон рехта буданд. Баъдан Ёқуб хатояшро фаҳмида, аз наҳзатиён рӯ тофт ва бо Фронти Халқӣ пайваст!

 Вохӯрии дуюми мо соли 1992 баргузор гашт. Мавсуф хост, ки ба ҷумҳурӣ баргашта, дар мақомоти амният кору фаъолияти худро идома бидиҳад, вале дар вазифаи на кам аз Раиси КГБ! Ба ӯ пешниҳод намуданд, ки аввал бояд бо Сафаралӣ Кенҷаев, Раиси вақти Шӯрои Олӣ вохӯрад, зеро ин масъаларо танҳо ӯ метавонист ҳал кунад. Пеш аз баргашт ба ш.Маскав Ҷӯрабек Аминов гуфт, ки ба ӯ пешниҳод доранд, ки дар вазифаҳои миёна кор кунад, вале ӯ розӣ нашуд. Ҷӯрабек Аминов якчанд маротибаи дигар саъй кард, ки вазифаи Раиси КГБ-ро ба даст биёрад, вале натавонист ва аз ин ноумед шуда, ба тарафи оппозитсия гузашт. Бо дархости қувваҳои оппозитсионӣ билохира Ҷӯрабек Аминовро муовини раиси КГБ таъин карданд, вале нигоҳи сиёсии вай аллакай дигар шуда буд. Мавсуф иштирокчиёни майдони «Шаҳидон»-ро аъзои Ҳаракати миллии озодихоҳӣ мешумурд,навиштааст Сайиданвар Камолов.

 

1 афсар ба ҷанозааш нарафт!!!

Ба ҳайси фаъолият дар вазифаи муовини раиси КГБ Ҷӯрабек Аминов барои ғалабаи қувваҳои оппозитсионӣ моҳи майи соли 1992 дар ш.Душанбе саҳми бориз гузоштааст. Маҳз  бо тавсияи ӯ сар аз 6 май тамоми объектҳои стратегӣ бо шумули аэропорту ТВ, роҳҳои баромаду даромади пойтахт зери назорати оппозитсия қарор гирифтанд. То охири умр ӯ хизматгори бовафои оппозитсия буд. Дар суҳбатҳо таъкид мекард, ки дигар роҳи баргашт надорад ва мехост, ки пас аз маргаш дӯстонаш оилаву фарзандонашро фаромӯш накунанду дасти ёрӣ дароз намоянд. Моҳи ноябри соли 1992 ӯро куштанд. Ягон дӯсташ ба ҷанозааш наомад…

1 манбаи дигари мо, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки маҳз Ҷӯрабек Аминов зимни кор ба ҳайси муовини вазири амният тамоми архив-бойгонии КГБ-ро бароварда, дар саҳни вазорат оташ зада буд…

 

Каромат Шарипов Ҷӯрабек Аминовро кушт?

Сергей Смирнов, журналисти рус дар 1 мақолаи худ бо номи «Мастерок в руках, «калашников за спиной», ки 16.11.2011 дар «Независимая газета» чоп шуда, ба фаъолияти Каромат Шарипов, раиси ҳаракати умумироссиягии муҳоҷирони меҳнатӣ бахшида шуда буд, навиштааст:

   «30.12.1994, соати тақрибан 22:00 наздики 20 нафар сарбозони яроқнок аз подразделенияи М.Худойбердиев, ба ОВД Роҳи оҳан ҳуҷум намуда, Каромат Шариповро аз ҳабси муваққатӣ берун оварданд. Парвандаи куштори подполковник В.Долматов аз истеҳсолот бозпас хонда шуд. Санксияи озод шудани Каромат Шариповро вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов имзо карда буд. Тибқи итиллои КГБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Каромат Шарипов дар куштори Ҷӯрабек Аминов моҳи ноябри соли 1992 даст дорад. Дар ин бора худи раиси вақти КГБ Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳобиддин Шарипов итиллоъ дода, парвандаи ҷиноӣ аз баррасии минбаъда бозпас гирифта шудааст…».

 

Ҷӯрабек Аминов ҷияни Тӯраҷонзода?

Бархе аз манбаъҳои наздик ба газетаи СССР гуфтанд, ки маълумоти бештарро дар бораи Ҷӯрабек Аминов метавонем аз собиқ муфтӣ ва қозикалон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дарёбем, зеро Ҷӯрабек Аминов ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо наздикӣ дошта, аз рӯи баъзе хабарҳо ҳатто ҷияни ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳам будааст. Мутаассифона, мо натавонистем воқеияти ин хабарро санҷем ва агар шумо хонандагони азиз Ҷӯрабек Аминовро мешиноседу дар бораи ӯ хотироте доред, ҳатман ба мо нависед, мо нашр мекунем. Мо Метавонем!!!

 

М.Амин, СССР

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter