ХАБАРИ ДОҒ

Тухми тиллоӣ ё мурғони мо йогурт мехӯранд?

  • Чоршанбе, Нояб 30 2022

1 моҳи ахир нархи тухми мурғ дар бозору марказҳои савдои на танҳо ш.Душанбе, балки шаҳру ноҳияҳои кишвар ба маротиб боло рафт. Агар то ин дам нархи 1 дона тухми мурғ аз 80-90 дирам то 1 сомонӣ буд, ҳоло то ба 2 сомонӣ расидааст. Бархе аз харидорон мегӯянд, ки сабаби гаронии нархи тухм ин содирот шудани он ба хориҷи кишвар аст, қисмати дигар бар он ақидаанд, ки қимат шудани нархи хӯроки омехтаи мурғ ба нархи тухми истеҳсолмешуда таъсири худро расонида, бозорро гарон кардааст. Бояд гуфт, ки хӯроки омехтаи мурғ ба кишвари мо аз хориҷ, алалхусус Россия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Иддае таъкид медоранд, ки касалии махсус омада, ба тухмкунии мурғон таъсири худро расонидааст.

Мутаассифона масъулини соҳа, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» корхонаи зертобеи ин вазорат аст ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол вобаста ба якбора қимат шудани нархи тухм дар бозор шарҳе нагуфтанду хомӯшанд. Вале нархи 1 қуттии тухми мурғ (30 дона), ки 30-33 сомонӣ буд, аз 45 сомонӣ боло ҷаҳидан дорад, ки ситам бар раияти оддист…

 

Тухми воридотӣ арзон буд!

Ҷамолиддини Фахриддин журналисти тоҷик бар он ақидааст, ки манъи воридоти тухм аз хориҷ чанд сол пеш тӯли солҳои ахир боиси ба маротиб боло рафтани нархи тухми мурғ дар бозорҳои кишвар гаштааст. Зеро ин садгузорӣ рақобат ё худ конкурентсияро аз байн бурд.

Воқеан ҳам, пештар дар баробари гӯшти парандаи яхкарда тухми мурғ низ аз кишварҳои дигар, алалхусус аз Ҷумҳурии исломии Эрон ба бозорҳои мо ворид карда мешуд. Вале баъд аз манъ шудани ин кор, ки ба хотири дастгирӣ намудан аз истеҳсолкунандагони ватанӣ ва фароҳам овардани шароит барои савдои маҳсулоти маҳаллӣ роҳандозӣ шуда буд, корхонаҳои парандапарварии мо қариб, ки аз ӯҳдаи таъмини бозори дохилӣ набаромаданд. Савдогарон маҷбур шуданд боз кам - кам аз ҷумҳурии ҳамсояи Узбекистон ва то шуруъи ҷанги марзӣ, аз Қирғизистон низ тухми мурғ ворид кунанд.

 

Воридот манъ, содирот чӣ?

Вале аҷибии кор дар он аст, ки корхонаҳои парандапарварӣ пешниҳод намуданд, ки воридоти тухми мурғ манъ карда шавад, аммо худашон пас аз муддате ба содироти маҳсулот ба Афғонистону (то омадани Толибон ба сари қудрат) Қирғизистон (то шуруъи даргириҳо) сар карданд.

Ин аст, ки танҳо дар зарфи 4 моҳи аввали соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷ беш аз 18 млн дона тухм содирот шудааст. Омори 10 моҳи гузаштаро мо дар даст надорем, вале агар ҳар 4 моҳ аз кишвар наздики 20 млн дона тухми мурғ содирот шавад, пас ҳатман нархи он ба таври автоматӣ гарон шуда, камчинӣ пеш меояд.

Тавре Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ медиҳад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти чорводорӣ зиёда аз 1,8 млн долларро ташкил додааст.

 

Ки гунаҳкор: мурғ ё соҳиби мурғ?

Аз рӯи маълумоти ба даст омада айни замон дар кишвар 170 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дошта, тухми истеҳсолнамудаи ин корхона бояд барои талаботи аҳолӣ басандагӣ кунад. Тухм ҳам ҳоло дар бозор ҳаст, вале нархаш гарон. Тавре собит шудааст нархи гарон ҳатман камчинӣ – дефитситро пеш меорад, алалхусус вақте зимистон дар мекӯбад.  

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сабаби қимат шудани тухми мурғро, ки хӯроки асосии аҳолист, ҳатман ба мардум шарҳ бидиҳанд ва барои пешгирӣ намудан аз қимативу камчинии пешгӯишаванда тадбирҳои зарурӣ андешанд. Онҳо бояд бигӯянд, ки сабаби асли дар чист: он, ки мурғҳои тоҷик сернозунуз шудаанду ба ҷойи комбикорм ба йогуртхӯрӣ гузаштаанд ва ё соҳиби мурғхонаҳо бой шудаву дар фикри таъминоти бозорҳои хориҷи кишваранд, на дохили он.

Мо пайгири мавзуъ мемонем. Мо Метавонем!

 

Ҷ.Ҳусейнова, СССР

 



ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter