ХАБАРИ ДОҒ

 

   2 декабри соли 2022 ба таъсисёбии вилояти калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон – вилояти Хатлон 30 сол пур мешавад. Маврид ба таъкид аст, ки қарор дар бораи таъсиси ин вилоят маҳз дар Сессияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд дар соли 1992 қабул карда шудааст. Вилояти Хатлон, ки ба он 25 шаҳру ноҳия шомиланд, дар тӯли ин 30 сол воқеан тавонист ба 1 вилояти комил ва тараққиёфта мубаддал гардад.

   Дар арафаи ин ҷашни муҳими таърихӣ мо ба тасмим гирифтем бо Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дирӯзу имрӯз ва ояндаи вилояти Хатлон суҳбат ороем. Мо Метавонем!


116 вакил барои Хатлон овоз доданд!

   - Муҳтарам раис! Аввалан, аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Хатлонзаминро бо ин санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии таъсисёбии вилояти Хатлон табрик мегӯяд. Сониян, бигӯед, ки чаро маҳз дар Иҷлосияи тақдирсози кишвар чунин тасмим гирифта шуд, ки вилояти Кӯлобу Қурғонтеппа муттаҳид шаванд?

   - Ташаккури зиёд, барои табрикот. Дар ҳақиқат яке аз масъалаҳои дигари мубраме, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд матраҳ гардида буд, таъсисёбии вилояти Хатлон дар заминаи вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа буд. Рӯзи 2 декабри соли 1992 қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо имзои раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид.

    Шӯрои Олӣ таклифи 116 вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, қарор кард, ки аз ҳисоби якҷоя кардани вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа вилояти Хатлон бо маркази маъмуриаш шаҳри Қӯрғонтеппа, имрӯза Бохтар, ташкил карда шавад.
    Имрӯз аз қабули он қарори таърихӣ 30 сол пур шуд ва боиси ифтихору фараҳмандист, ки вилояти Хатлон сарфи назар аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, таъсири манфии ин ҷанг ба иқтисодиёту вазъи иҷтимоии мардум, имрӯз ба яке аз вилоятҳои пешрафтаи ҷумҳуриамон табдил ёфтааст.


Хатлон – макони паҳлавонон

   - Муҳтарам раис! Метавонед, ҳамин ҳоло таърихи «Хатлон»-ро, ки воқеан ҳам дар зиндагиномаи миллати мо дар тӯли ҳазорсолаҳо таъсиргузор буд, муаррифӣ намоед?

   - Хатлон, дар ҳақиқат, диёри родмардон ва марзи номусу нанг аст. Дар сарчашмаҳои арабӣ номи Хатлон дар шакли Хутал ва Хуталон зикр ёфта, маънои “макони паҳлавонон”-ро дорад. Дар сарчашмаҳои чинӣ “Ху-та-ло” омадааст, ки ин маънои “баҳодур”, “найзазан”-ро медиҳад.

   Дар сарчашмаҳои юнонӣ Хатлон “макони аспони тездав” ва “човандоз” аст. Дар асрҳои III-VI дар ин минтақа давлатдории Ҳайтолиён арзи вуҷуд дошт ва баъзе тадқиқотчиён номи “Хатлон”-ро шакли тағйирёфтаи Ҳайтал низ медонанд, ки маънои “зӯрмард”-ро дорад. Ба ақидаи олими шинохтаи тоҷик А. Девонақулов, Хатлон аз калимаи Хатл баромада, мафҳуми “зиракӣ”-ро низ мефаҳмонад. 
   Умуман, дар маъхазҳову ақидаҳои таърихшиносону олимон истилоҳи Хатлон мухталиф маънидод карда мешавад, вале ҳамаи вожаҳои зикргардида 1 мафҳуми умумӣ дошта, аз таърихи бой ва куҳандиёр будани ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд. Гарчанде ки дар асри XV ва XVIII Хатлон ба 4 вилояти бекнишин: Кӯлоб, Балҷувон, Саройкамар ва Қӯрғонтеппа қисмат шуда, номи Хатлон ба сифати 1 воҳиди маъмурӣ аз истифода берун шуда буд, вале ин ном ҳеҷ гоҳ нест нашуд ва дар бисёр адабиётҳои илмию бадеии то замони мо ҳифз шуда, бо водиҳои пурфайз, кӯҳҳои сабзу дарахтзор, дорои гиёҳҳои шифобахш ва мардуми сарбаланду баномусаш зикр гардидааст.

  

51% даромад ҳиссаи деҳқон

   - Вилояти Хатлон имрӯз яке аз сарчашмаҳои асливу усулии маҳсулоти бозорӣ маҳсуб меравад ва бе ҳеҷ тардид дастурхони пури сокинони пойтахт ва нарху навои бозорҳои Душанбешаҳр низ ба замини деҳқони хатлонӣ бастагӣ дорад. Кишоварзӣ дар чӣ ҳол аст?

   - Бале, дар зарфи 30 соли давлатсозӣ, пас аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, вилояти Хатлон ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, садҳо корхонаи нави истеҳсолию саноатӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
 Тавре, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, вилояти Хатлон на фақат аз нуфуси аҳолӣ, балки бо захираҳои фаровони ашёи хом ва имкониятҳои бузурги истеҳсолӣ, калонтарин вилояти мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки вилояти мо дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо қадамҳои устувор роҳ ба сӯи музаффарияту комёбиҳо пеш гирифтааст.

   Ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ҷумҳурӣ қариб ба 27% баробар аст. Аз ҷумла, бо дарназардошти мавҷудияти имконият ва захираҳои зиёди обу замин ва шароити мусоиди иқлим, соҳаи кишоварзии вилоят рушд дошта, дар миқёси ҷумҳурӣ ҳиссаи кишоварзони вилояти Хатлон дар маҷмӯи умумии кишоварзӣ 51%, дар истеҳсоли ғалладонагиҳо 63%, пахта 68%, сабзавот 59%, аз ҷумла пиёз 64%, полезиҳо 78%, меваҷот 45%, ангур 45%, гӯшт 57%, шир 51% ва моҳӣ 71 фоизро ташкил медиҳад!


Аз 3,7 миллиард то 20,7 миллиард сомонӣ

   - Дар ин 30 сол МД-маҳсулоти дохилӣ чӣ миқдор рушд кард? Зеро таври маълум, баъди ҷанги шаҳрвандӣ ин вилояти аз ҳама зиёндида буд ва қариб, ки ҳама корхонаҳои саноатӣ аз фаолият бозмонда, колхозу совхозҳо бесоҳиб ва соҳаи кишоварзӣ фалаҷ гардида, ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ хеле коста буд?

   -Дуруст қайд кардед. Воқеан ҳам, дар вилояти Хатлон дар зарфи 30 соли охир ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ аз 3,7 миллиард сомонии соли 1991 то ба 20,7 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо аз 131 ҳазору 44 тонна то ба 1 миллиону 32 ҳазору 680 тонна расидааст. Аз он ҷумла дар вилоят соли 1991 агар 238 ҳазору 61 тонна гандум истеҳсол шуда бошад, дар соли 2021-ум ин нишондиҳанда ба 610 ҳазору 569 тонна баробар шудааст.
   Ҳосилнокии миёнаи ғалладона аз 12,8 сентнери соли 1991 ба 28,6 сентнер дар соли 2015 расонида шуд. Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки бо истифодаи оқилонаи заминҳои корами обӣ ва ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо бо истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи дурусти парвариши агротехникии зироатҳои кишоварзӣ таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи озуқа имконпазир мегардад.


90% барқи ҶТ истеҳсоли Хатлон аст!

   - Яке аз самтҳои рушдкардаи вилояти Хатлон ин истеҳсоли барқ аст. Бигӯед, ки дар кулл, дар вилоят чанд НБО фаолият доранд ва қудраташон чӣ миқдор аст?

   - Энергетика дар вилояти Хатлон яке аз соҳаҳои асосӣ маҳсуб ёфта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёда аз 50 фоизро дарбар мегирад.
   Дар вилояти Хатлон неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев, «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва силсиланеругоҳҳои барқи обии «Вахш», дар маҷмуъ бо иқтидори истеҳсолии солона 4730 МВт фаъолият доранд.
   Дар даврони Истиқлолият бо бунёд ва ба истифода додани 2 иншооти бузурги аср - неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ва таҷдиду азнавсозии НБО-и «Норак», «Бойғозӣ» ва «Сарбанд» тавлиди неруи барқ зина ба зина зиёд гардида, 90 фоизи барқи ҷумҳурӣ дар неругоҳҳои ҳудуди вилояти Хатлон тавлид меёбад.


 Роҳҳо – пайвандгари дилҳо

   - Ҳама ёд дорем, ки роҳҳои вилоят хеле валангору мушкили №1 барои Хатлон низ маҳз роҳҳояш буданд. Роҳи оҳан-ку тақрибан аз фаолият монда буд. Ҳоло вазъ чигуна аст?

   - Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон давоми солҳои 1991-2021 дар ин маврид корҳои бузургу назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, бунёди роҳи оҳани Ёвон-Бохтар- Кӯлоб, нақбҳои “Озодӣ” ва “Хатлон”, роҳҳои аҳамияти байналмилалидоштаи Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин-Дарвоз, Душанбе-Бохтар, пулҳо аз болои дарёи Панҷ, бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайраҳо дастовардҳои бузурги даврони Истиқлол мебошанд.
   Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев роҳи автомобилгарди байналмилалии Қизилқалъа-Ҷарбуҷа-Гулбаҳор-Термез ва роҳи оҳани Бохтар-Термез, ки солҳои зиёд аз фаъолият бозмонда буд, дубора ба фаъолият оғоз кард, ки дар натиҷа, ҳаҷми бору мусофиркашонӣ якчанд маротиба афзун гашт.
   Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми боркашонӣ дар соли 1991-ум 1,7 миллион тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ 17,5 миллион мусофирро ташкил дода, дар натиҷаи дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва амалигардонии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, дар соли 2020 ҳаҷми боркашонӣ ба 23,3 миллион тонна ва ҳаҷми мусофикашонӣ ба 101,3 миллион мусофир баробар гардид, ки мутаносибан нисбат ба соли 1991-ум ҳаҷми боркашонӣ 10,3 маротиба ва мусофиркашонӣ 4,3 маротиба зиёд мебошад.

 

 Нақшаи андоз – 102,5 % иҷро!

   - Воқеан ҳам, рушду тараққии ҳар вилоят ба андоз ва иҷроиши он бастагӣ дорад. Нақшаҳо иҷро шудаанд?

- Иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 10 моҳи соли 2022 беш аз 102,5% таъмин гардида, ба буҷет 1 млрду 690,8 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 41,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

   Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 млрду 029,1 млн. сомонӣ ворид гардидааст. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозу пардохтҳои маҳаллӣ 103 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 1409,4 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи ҷорӣ 44,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок 502,7 млн. сомонӣ ворид гардида, 100 фоизро ташкил медиҳад.

 

40 лоиҳаи сармоягузорӣ дар амал

   - Чандин сол пеш меҳмони яке аз шаҳрҳои бузурги Хатлон будем, ки мутаассуф ҳатто нақшаи рушд надошт. Имрӯз вазъ чигуна аст ва чанд барнома ва ё проектҳои рушд рӯи даст доред?  

   - Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз 25 декабри соли 2020, №110 барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шудааст. Тибқи барнома 368 лоиҳа ба маблағи 8459 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, 101 лоиҳа ба маблағи 2221,5 миллион сомонӣ иҷро гардида, 26,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар 90 лоиҳа кор идома дорад.

    Дар вилоят 40 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 735,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ ҳаҷми сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти вилоят 1 миллиарду 495,8 миллион доллари америкоиро ташкил дода, 1 миллиарду 426,2 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.

   Дар 10 моҳи соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ 425,7 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, содироти мол 208,7 млн. доллар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 142,1% ё 61,8 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.

   Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят давоми моҳҳои январ-октябри соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 21 млрд 832 млн 485,7 сомониро ташкил дода, афзоиши он дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 6,3 фоиз баробар гардид, 1 млрд 299 млн 455,2 ҳазор сомонӣ беш гардид.

   Гардиши мол ба 9 миллиарду 305,7 млн. сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 2 миллиарду 350,7 млн. сомонӣ зиёд ё ки 135,5 фоизро ташкил медиҳад.

 

931 ёдгории таърихӣ

   - Хатлон яке аз вилоёти таърихист. Ёдгориҳои он ҳифз ва барои сайёҳон муаррифӣ мешаванд?  

   - Бале, дар ҳудуди вилоят 931 адад ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 адад меҳмонхона, 130 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 134 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 132 адад тарабхона, 43 адад осорхона, 18 адад ширкатҳои сайёҳӣ, 119 адад чойхона, 306 адад банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 61 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 214 адад ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 88 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 адад зиёратгоҳҳо, 46 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 83 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 27 адад маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

 

Парчами миллӣ дар вилоят

   - Дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини давлатдорист. Парчами миллӣ дар чанд ноҳия қомат афрохтааст?

   - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд:

“Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст”.
   Мояи ифтихору сарфарозии тамоми мардуми вилояти Хатлон аст, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30 ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Левакант, Данғара, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Хуросон, Темурмалик, Балҷувон, Дӯстӣ, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Панҷ, дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Данғара ва Восеъ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гулгаштҳои муосир ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки воқеан ҳам ифтихори миллӣ ва ифодакунандаи соҳибистиқлолию озодӣ, нишонаи бақои давлату Ватан, ваҳдату сарҷамъӣ, ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта, ин иқдом дар самти бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад!

 

6000 иншооти ҷашнӣ

   - Яке аз мондагортарин иқдоми Ҳукумати Марказӣ ин оғози корҳои бунёдии фарҳангиву маишӣ, саноативу техникӣ ва тандурустӣ дар шаҳру деҳот буд, ки дар газетаи СССР таҳти унвони «Деҳи ман-Ватани ман» пайваста тадқиқ мешуд. Дар Хатлон ин раванд чигуна давом мекунад?

  - Чун тамоми мардуми шарифи кишвар, аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшидаанд. Тибқи дурнамо, то соли 2026 дар вилоятамон бунёди беш аз 6 ҳазор иншооти истеҳсолию маишӣ, таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ дар назар дошта шудааст.

   Дар вусъати корҳои ободонию созандагии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус ноҳияҳои дурдаст, ки дар даврони Шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони гурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони эҳсонкор шоистаи таҳсину дастгирист. Бо ифтихор метавон гуфт, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, баҳри амалишавии дастурҳои Сарвари давлат камари ҳиммат бастаанд.

   Мо хуб медонем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон беш аз 8200 иншооти таъиноташ гуногун бунёд ёфт, ки боиси боз ҳам рушду пешрафт ва ободу шукуфон гардидани ҳар як гӯшаву канори ватани азизамон гардид.

Мо ба мақсадҳои некамон мерасем!!!

   - Муҳтарам Раис, дар охири сӯҳбат, ки ба 30-солагии вилояти Хатлон бахшида шуд, ба мардуми сарбаланди вилоят чӣ таманно доред?   

   - Аминам, ки бо талошу заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту сулҳпарвари Хатлонзамин мо ба ҳамаи мақсадҳои некамон мерасем. Тавре, ки Роҳбари давлат таъкид медоранд, тоҷику тоҷикистонӣ дар ҳамон ҳолат тинҷу осуда ва сарбаланд зиста метавонад, ки истиқлолияти ҷумҳурӣ ва шарафи миллатро ҳифз намояд, анъанаҳои неки башардӯстонаи аҷдодонро идома диҳад. Ва ҳамаамон фахр мекунем, ки мардуми тоҷикро оинаи таърих ҳамеша бо хислатҳои нек, фазлу дурандешӣ, хайрхоҳӣ ва дӯстиву рафоқат нишон додааст. Бовар дорам Сулҳу Ваҳдати Миллии мо абадист ва миллати Тоҷик боз ҳам зери иқдомоти инсонпарваронаи Сарвари Далватмон рушд хоҳад кард.

 

Сӯҳбаторо Сайёфи Мизроб,

сардабири СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter