ХАБАРИ ДОҒ

Нуриддин Саид ва ғайраҳо...

  • Чоршанбе, Дек 07 2022

 

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад!

Агар таваҷҷӯҳ кардаед, чанд гоҳест, ки дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, давлатмардони моро ба хоки сияҳ пайваста баробар мекунанд. Ва ин дар ҳолест, ки кӯру кару гунгу гаранг нестем; мебинем, мешнавем, дарк менамоем, пайхас месозем, ки Давлати мо дар тӯли 30-соли ахир ҷаҳише сӯи ободиву зебоиву рушду нумуъ карда, ки ҳатто дар 70-соли шӯравӣ накарда буд. Мисоли барҷастаи он нақбу тунел, роҳу шоҳроҳи Душанбе Айниву Панҷакент, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ғарм, Душанбе-Ҳисор, Душанбе-Кӯлобу Душанбе-Бадахшон...

Фарзи мисол 1 панҷакентӣ дар замистон ё деҳааш рафта наметавонист ва ё агар мерафт, 18-20 соати умрашро дар роҳи пур аз хатар мегузаронид. Ҷумлагӣ чунин будем. Бадахшониёни нозанин-ку ба солҳо дидори хешу таборро намедиданд. Ҳамин Кӯлобу Ғарми «ҳамсоя» ба камӣ 7-8 соат мерафтем! Ҳоло чӣ? Ҳоло ҳеҷ чӣ! Ҳоло шабу рӯз ғайбати IRS дорем, ки андоз намесупорад. О, ба андоз 1 ронандаро чӣ кор?

Шаҳрҳомон валангору деҳотамон хокбадаҳан буданд. Аз барои Худо, хонанда, имрӯз оё ҳама деҳот ободу шаҳрҳо гулфишону қишлоқҳо нурбор нестанд? Ҳастанд!

Мактабу дабистонҳои даврони шӯравӣ, дуруст, ки кадрҳои хуб мебароварданд, аммо вайронаву валангор набуданд? Буданд! Имрӯз чӣ??? Мактаби миёнаро мебинӣ дар дуртарин қишлоқ, аз институту университетҳо зебову муҷаҳҳазтар аст. Ин, ки фарзандони мо намехонанд, гуноҳи худи мост. Оре, ҳар яки мо. Зеро мо ба дониши кӯдаконамон аҳамият намедиҳем. Ва ана ҳамин ҷурми худро сари давлат мезанем: Караул! Наслҳо бесавод шудаанд. Касе намехонад!!! О, кӯдаки ману ту нахонад, айби давлат аст?

Ҳунари дигарон надидан айб,

Дидани айби хештан ҳунар аст!

Давлат он гаҳ айб дорад, ки ба мо мактабу институту универ насозад. О, месозад-ку? Барои ҷалби таваҷҷӯҳи мо ба хондан ҳатто 1001 озмуну фестивалҳо эълон мекунад. Кӯдаки ман мехонад ва давлат ба ӯ пул медиҳад! Фарзанди ту ҳунарманду санъаткор аст, давлат ба ӯ пул медиҳад. О, боз чӣ кор кунад???

Ва ҳама ин музаффариятҳо ба давлатмардон, сар аз раису саис то вазиру кабир бастагӣ доранд. Оре, дуруст аст, ки ин хатти маши Президенти ҶТ мебошад, ки ҳамеша андар талаби донишу фарҳанг ва рушду нумуъи ҷамъият аст. Вале тавре фаронсавиҳо мегӯянд, «Comitatus facit regem»-Короля делает свита, Шоҳро тобеъин месозанд. Ба маъное, ки то кадрҳои боқувват набошанд, кори ягон шоҳ, президент, раисиҷумҳур, сарвазири давлат пеш намеравад.

            Намегӯям дар давлати мо ҳама вазирону раисону бонкиру масъулин ҳалолкоранд. Агар чунин мебуд, агентиҳои коррупсияву палатаи ҳисобу милисаву амният вуҷуд намедошт. Вале биоед, мардона иқрор шавем, ки тӯли 30 сол ҳамин «Бомонд», ҳамин гурӯҳ, ҳамин давлатмардон ба оҳистагӣ, вале пайваста, давлати моро пеш бурданд ва хоҳанд бурд.

Шахсан ман ягон раису вазирерро намедонам, ки дар тӯли фаолияти хеш ақаллан отпуск-хидматӣ рафта бошад! Вале ба мо мӯд шуда, ки ҳамаро бо 1 ҷорӯби танқид рӯбем ва чанд подхалиме, ки аз ҳамдеҳаашон авлиёуллоҳ метарошанд бо 1 вожаи бофтаи худ, ки хоси худи маҳаллашон аст, «ЛЕСАК», мардумеро, ки аз 1 мансабдор тарафдорӣ намуд, мекӯбанд. Ҳой лесакҳо!!! О, худатон 1 шаурмадеҳатонро дар Аврупо ба манзалати Авлиёӣ расонидаед-ку?!


Ҳафтаи пор сари Нуриддин Саид-омӯзгор, педагог, профессор, доктори илми фалсафа, маорифпарвар ҳуҷуми иттилоотӣ сар шуд. Ман бо Нуриддин Саид ягон пайвандӣ надорам. Дуруст, ки шиносем. Вале шояд на беш аз 3 бор дидор кардаем ва он ҳам тасодуфӣ. Бори 1-ум, ки гарав мебандам, Нуриддин Саид ҳам онро дар хотир надорад, ҳини гармии қатлу куши тоҷикон дар Душанбе буд. Ҷавонони саргумзадаи 1 мавзеъ ҷавонони дигар маҳалларо, бо дастури муллоҳои наҳзатӣ шикор мекарданду дар кӯчаҳо мепарронданд. Ана дар ҳамин маврид, ману Акрами Сангро 1 ӯзбекбача, дар ошхонаи миллии воқеъ дар Кӯли Комсомол аз чанги ишон раҳонида, бо дари пушти чойхонааш бароварду худоҳофизӣ намуд. Мо рост ба Гипрозем омадем, ба хобгоҳи аспирантҳои Донишгоҳ, пеши Ҷонибек Асрориён ва Ҷумъахон Алимӣ. Ба онҳо вазъро фаҳмонидем. Моро ба хонаи шафат бурданд, ки ҷавони болобаланду шӯхе қурутоб омода карда буд ва шиносамон карданд, ин кас Нуриддин Саидов, аспирант. Қурутобро хӯрдем, ғам аз дил баровардем. Қурутоб 1 сӯ, сӯҳбати соҳибхона аз он болаззаттар буд, ки дили моро вардошт:

-Додарон! Ин ҳама мегузараду хиради азалии Тоҷик пирӯз меояд. Ғам нахӯред...

            Бори 2-ум, ҳамкурсам Равзатулло Раҳмонов, аз Ӯзбекистон, баъди шикасти қолабҳои сунъии Ислом Каримов Душанбе омад ва гуфт, хоҳарарӯсаш, ки тӯли 10-12 соли блокадаи каримовӣ ба пойтахт омада наметавонист, мехоҳад таҳсилашро давом диҳад, вале бюрократҳои донишгоҳи педагогии ба номи С. Айнӣ, ӯро ба ҳиҷ ваҷҳ барқарор карданӣ нестанд. Хестему қабули вазири маориф рафтем. Нуриддин Саид, ки тибқи анъана, мардумро дар кӯча қабул мекард, арзи дӯстамро шунида, бевосита ба ректори донишгоҳ занг заду гуфт, ин нафар ва тамомии Тоҷикони бурунмарзӣ, ки бо иллати басташавии сарҳад ба дарсҳо намеомаданд, барқарор карда шаванд. Баъдан ба гӯшам расид, ки ин амри шифоҳиро Нуриддин Саид ба тамомии ректорони донишгоҳҳои кишвар додааст...

            Бори 3-ум... Дар ин бора ба ҳиҷҷа. Нимашаб телефонам садо дод. Бардоштам, ки вазири маориф ва илми ҶТ!!! Фикр кардам, ягон танқиде дар СССР рафтаву ҳозир гилагузорӣ мекунад. Вале ӯ гуфт:

-Сайёф, ман Шуморо чун донандаи хуби ашъори ниёкон мешиносам. Имшаб 1 варианти нави рубоии Хайёмро, ки ҳама медонанд, аз 1 Риёз хондам, кайфияте бардоштам ва мехоҳам Шумо низ онро шунавед:

Эзид ба карам туро чу мо нашносад,

Бегона туро чу ошно нашносад,

Гуфтӣ, ки гунаҳ макун, биандеш зи ман (маъмулан, Гуфтӣ ки гунаҳ накун ба дӯзах барамат)

Инро ба касе гӯ, ки туро нашносад!!!

Он шаб аз кайфийяти мисраъи ёфтааш хобам набурд!

Баъдан дарёфтам, ки хеле шеърдону басо пурхон аст. Маҳз бо ташаббус, дастгирӣ ва зери сарсухани муқаддимавии Нуриддин Саид беш аз 10 асари мондагори адабии асрҳои миёна, ба мисли Риёз-уш-шуаро ва Калом-уш-шуаро, дарёфт, баргардон ва нашр шудаанд, ки ҳамин кораш бас аст, ки умре дар таърихи адабиёти навини мо, чун муҳаққиқ боқӣ монад!!!

Ҳини ректори Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон таъин шуданаш, садҳо кадри ҷавонро тарбият намуд, ки миёнашон Саъдии Маҳдӣ, Боймурод Шарифзода, Шарифи Исрофилниё, Муҳриддин Низомӣ, Саломиён Довуд, Бахтовари Сафар ва дигарон ҳастанд, ки имрӯз парчами илму ирфонро баланд бардоштаанд.

Ҳангоми вазири маориф будан, ҳазорон мактабу дабистон, боғчаву коллеҷу фарҳангистон дарҳои худро ба рӯи мардуми кишвар боз карданд. Вале ҷое нашнидаам, ки ӯ дар ин бора ҳарфе гуфта бошад.

Ва аз ҳама охир. Ҳамин матлабро, Худо гувоҳ, Нуриддин Саид баъди нашр оё мехонад ва оё на? Зеро аз ин мақола дараке ҳам надорад!

Ва аз ҳама охири охир: ман бо ӯ на дӯстам на хешу табор, на қарин ва на ҳамнишин. Матлаб барои он навишта шуд, ки пеш аз оне, ки ба тарафе санг меандозе(м)д, бояд аввал бубинем, ки дар он ҳавлӣ кист ва он санг мабодо сари худамон расад? Боқӣ, Худо довари якояки мо:

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта бошад!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter