Салом СССР! Дар бисёр идораву корхонаҳо занони нав оиладоршударо ба кор қабул намекунанд. Мегӯянд мабодо ҳомиладор набошӣ, ё барои он ба кор намегиранд, ки баъди муддати кутоҳ боз ба «декрет» набароянд. Ҷиҳати қонунии ин масъаларо мехоҳам фаҳмам, оё чунин қонуне вуҷуд дорад, ки зан бо "ҷурм"-и мабодо ҳомиладор шавад, ба кор қабул карда намешавад?
Моҳинав Қурбонова,
н. Восеъ
Аз СССР: Чунин қонун вуҷуд надорад! Вале мо шарҳи мутахассисинро низ интизорем. Нависед, мо чоп мекунем. Мо Метавонем!