ХАБАРИ ДОҒ

Вахш: об нест, барқ нест! Ҳосил аз куҷо?

  • Чоршанбе, Дек 07 2022

  Маҳмадсаид Набиев, мухлиси доимии газетаи СССР аз деҳаи «Ҳосилобод-3» ҷамоати шаҳраки Кирови н. Вахш ба идораи мо занг зада (тел: 988883580), аз набудани оби полезӣ ва ошомиданӣ шикоят кард.

   - Вазирону раисонҳамеша таъкид мекунанд, ки заминҳоро сарфакорона истифода бурда, аз замини хоҷагиҳо ва наздиҳавлигӣ дар 1 сол 3-4 ҳосил рӯёнем. Вақте ки дар деҳаҳо зиёда аз 1000 хоҷагӣ зиндагӣ карда, аз замин танҳо 1-2 маротиба маҳсулоти киштшуда ҷамъоварӣ мекунад, чӣ бояд кард?

   Мо заминҳоро тариқи генераторҳо об медиҳему сари вақт маблағи обу андози заминро пардохт мекунем, вале об нест. Чанд маротиба ба раиси ҷамоати шаҳрак ва раиси ноҳия аризаи шикоятӣ кардем, посух танҳо яктост: барқ нест! О чи хел барқ нест? Субҳу шом чанд соат барқ ҳаст-ку?!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter