Ҷумъабой Яҳёев, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз н.Деваштич ба идора занг зада, дар бораи нафақаи каму зиёди мардум суҳбат кард.
- Роҳбари олии кишвар Президенти мамлакат ҳар сол пеш аз соли нав дар муроҷиаташон ба Парлумон вобаста ба имконияти иқтисодии давлат баҳри беҳтар шудани шароити зиндагии мардум музди меҳнати тамоми табақаи ҷомеа ва нафақаи маъюбони гуруҳҳои гуногунро бо фармони худ бо фоизҳои муайян баланд мебардоранд.
Аз моҳи декабри соли 2019 то имрӯз, яъне ноябри соли 2022, 3 маротиба чунин фармонҳо содир шуд. Мувофиқи фармони якум моҳи сентябри соли 2020, музди моҳонаи ман - маъюби гуруҳи 1-ум ба ҷои 25% зиëд кардани нафақапулӣ наздик 10% зиëд карда шуду халос. Фармонҳои минбаъдаи солҳои охир низ ба ман дахл накарданд.
Мувофиқи ҳисобҳои оморӣ дар байни давлатҳои собиқ СССР аз ҳама нафақаи поинтарин ин нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон аст. 1 модари тоҷик, ки 6 - 8 нафар фарзанд ба дунё овардааст, ҳамагӣ 108 сомонӣ моҳона мегирад. Чаро вакилони мардумӣ аз ҳукумат талаб намекунанд, ки тамоми соҳибкорону тоҷирон, инвесторҳои хориҷӣ аз даромадашон андоз супоранду нафақаи мардум бад ин васила афзояд?