ХАБАРИ ДОҒ

Таксиҳои 4 сӯма 7-сомонӣ шуданд!!!

  • Чоршанбе, Дек 07 2022

 

Ҳол он ки қабл аз шуруъи «амалиёти муштарак бар зидди онҳо» ҳамагӣ 3 сомонӣ нарх доштанд. То чанд мубориза бо ин ронандагон пуршиддат мегардад, онҳо низ гаронтарак мешаванд. Ва ҳамакнун, ки таксиҳои дигар манотиқ набояд вориди Душанбе шаванд, нархи онҳо 7 сомонӣ шуд, сари 1 мусофир ва  ба назар мерасад, ки истоданӣ ҳам нестанд: таксиҳо не, нархҳои таксиҳо...

 

Таксиҳои Турсунзодаву Шаҳринавро ҳам аз пойтахт бароварданд

Пас аз баровардани таксиҳои мусофиркаши самтҳои шаҳру ноҳияҳои вилоёти Суғду Хатлон шаҳрдории пойтахт сар аз 23.11.2022 таксиҳо ва микроавтобусҳои мусофиркаши самти шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода то марзи Ҷумҳурии Узбекистон ва ноҳияи Шаҳринавро аз ҳудуди ш.Душанбе (макони бозорчаи қаблии Зарнисор ва Автовокзали пойтахт) баровард. Кори хубе ҳам кард. Зеро воқеан ҳам имрӯзҳо дар пойтахт дар дилхоҳ самт пробкаҳои бузург дида мешаванд.   

 

Таваққуфгоҳи «Боғи миллӣ»

Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» итиллоъ доданд, ин амал бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди ш.Душанбе воридшаванда ва хат-сайрҳои дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ пеш гирифта шудааст.

Дар ин робита 23.11.2022 дар маҳаллаи Зарнисори пойтахт вохурии муовини раиси ш.Душанбе Ф.Саидзода ва раиси н.Сино бо роҳбарони сохторҳои дахлдор, корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт ва ронандагону мусофирони самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав доир гардид.

   - Бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти аз самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба ҳудуди ш.Душанбе воридшаванда аз ҷониби МИҲД ш.Душанбе дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, назди Боғи миллӣ нуқтаи таваққуфии нақлиёти мусофирбар бо шароитҳои мавҷуда дар муҳлати кутоҳ сохта ба истифода дода шуд. Аз ин лиҳоз ронандагон ва мусофирони самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав минбаъд метавонанд аз хизматрасонии таваққуфгоҳи нақлиётии мусофирбари назди Боғи миллӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, истифода намоянд, - таъкид дошт Ф.Саидзода, муовини раиси ш.Душанбе.

 Инчунин бо мақсади интиқоли саривақтии мусофирони самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба таваққуфгоҳи нақлиётии мусофирбари назди Боғи миллӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, ба роҳбарони сохторҳои марбута ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ супориш дода шуд, ки то муҳлати муайян воситаҳои нақлиёти мусофирбари алоҳида ташкил намуда, мусофиронро аз маҳаллаи Зарнисор ба терминали мазкур интиқол диҳанд.

 

Дар ҳамин маврид:

 

Таксиҳои 7 сомонӣ: бошанд ё набошанд?

Бори аввал нест, ки мухбирон ва муаллифони газетаи мардумӣ дар бораи фаъолияти таксиҳои ба ном «7 сомонӣ» дар пойтахт мегӯянду менависанд. Агар барои бархе ин беҳтарин, роҳаттарин ва қулайтарин воситаи нақлиёти саривақт расидан ба кору хона бошад, барои қисмати дигаре гарон ва нолозим аст.

 Барои ронанда низ қулай аст, 4 мусофирро мегираду бе ист меравад ва алакай 28 сомонӣ дар ҷайб дорад. Фаъолияти таксиҳои шахсии 7 сомонӣ, ки пештар аз ин 3 ва 5 сомонӣ нарх дошта, аз рӯи хатсайрҳои №8, 3, «Садбарг»-«Корвон», «Корвон-Қараболо» равуо мекунанд, борҳо мавриди интиқод қарор доштанд. Вале бе натиҷа...

 

Зувайдзодаи раҳматӣ аз онҳо пуштибонӣ мекард!

2 сол пеш Маҳмадсаид Зувайдзода (шодравон) муовини аввали раиси ш.Душанбе зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки фаъолияти чунин таксиҳо бар зарар набуда, то ҷойе барои коҳиш додани тамбашавии мардум дар истгоҳҳо дар вақтҳои «час-пик» кӯмак мекунанд. «Монед, кор кунанд, онҳо ҳам зиндагӣ доранд», таъкид карда буд Зувайдзода.

 Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар низ дар нишасти ахири матбуотии худ, дар посух ба суоли журналистон, дар бораи танзими фаъолияти таксиҳои 7-сомонӣ, гуфта буд, ки барои муайан намудани теъдоди аниқи онҳо дастур додааст ва бояд роҳҳои танзими фаъолияти ин таксиҳоро омӯзад.

 Бо гузашти беш аз 5 моҳ на дар БДА ш.Душанбе ва на дар Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти пойтахт касе дар бораи шумораи аниқи таксиҳои 7 сомонӣ дар кӯчаҳои ш.Душанбе фаъолият мекарда итиллоъ надод.

 

20 ҳазор сомонӣ лозим?

Худи ронандаҳои таксиҳо бошад мегӯянд, ки барои ба корхонаҳои хизматрасонии таксӣ дохил шудан маблағ ва ҳуҷҷатгузории зиёд то 8-10 ҳазор сомонӣ лозим аст, ки иҷозати расмии мусофиркашониро ба даст биёрӣ. Алалхусус, вақте муҳлати истифодаи автомашина гузаштааст, онро дар ягон ҷо қайд намекунанд ва ин тартиб корро боз ҳам мушкилтар мекунад.

Фарзи мисол, барои рақами зард 5-6000 сомонӣ ва орову торо додани таксӣ 2-3000 сомонии дигар ва боз дигар хароҷоти маъмулӣ...

 

Чаро онҳоро расмӣ ва давлатӣ накунем?

Чӣ бояд кард, то ин ки фаъолияти ин таксиҳо, ки 100% хусусианд, танзим шавад? Чаро онҳоро расмӣ ва давлатӣ накунем? Чаро касе дар фикри ҳазорҳо сомонӣ андози давлат, ки ҳамарӯза ба ҳаво меравад, нест? Бо ин суол мо ба чанд ниҳод муроҷиат намудем, аммо касе дар БДА ш.Душанбе ва Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти кишвар посухи аниқу мушаххас надод. Яке мегуфт аз фалонӣ пурсед, дигаре бошад моро боз ба назди якумӣ мефиристод. Тавре ба назар мерасад, ки дар худи ниҳоду сохторҳои нақлиётии кишвар низ намедонанд фаъолияти таксиҳои 7 сомониро чи гуна ба танзим дароранд.

Намедонанд, намехоҳанд ё наметавонанд? Зеро аз фаъолияти ҳамарӯзаи ин гуна таксиҳо чандин нафар «доля»-и худро дорад…

Ба пиндори мо, набояд фаолияти садҳо нафар ронандаи «7-сӯма»-ро сирриву ғайриқонунӣ намуда, бо онҳо ҳарб кард. Иҷозат диҳед кор кунанд ва патенту молиёт супоранд. Аз 2 сар, о, мана кор мекунанд-ку???

Мо пайгири мавзӯъем. Мо Метавонем!

 

Ҷ.Ҳусейнова, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter