ХАБАРИ ДОҒ

 

Тозарӯён ғӯта дар дарёи раҳмат мезананд,

Хулқ кун бо халқ, агар лутфи Худо мебоядат.

Барои ҳар касе, шояд, вале ҳич боварам намеомад, ки бар марги ҷавонтарин узви Ихвон ал СССР, рӯзноманигори сермаҳсул, журналисти беқарор ва сердаву тоз, солимтарин аз аҳли коллективи кор...реквием менависам...

Соли 2010. Шаҳрзоди Амин, ҳамоне, ки дар ҷанозаи марҳум набуд, 1 баста СМС-паёмаки нафареро оварду гуфт, «Устод ин бача дар Санкт-Петербург адвокат ё худ ҳомии ҳуқуқии мардикорони Тоҷик аст ва пайваста аз ишон пуштигирӣ менамояд». СМС-ҳояш дар СССР нашр шудан гирифтанд.

Соли 2011. Нахустин бор меҳмони редаксияи газетаи мардумӣ шуд. Ончунон боғурур, баномус, Тоҷики сарбаланд буд, ки ҷумлагӣ мойилаш гаштем. Сару либоси шик, олуфта, зиёӣ то мағзи устухон, бо мӯи сари ородида ва қомати баланд, дар миёни 8 миллион Тоҷик фарқ мекард. Сӯҳбатҳо доштем. Баргашта рафт...

Соли 2013. Боз пайдо шуд ва дигар барои абадият худро бо СССР пайваст. Шаҳрзоди Амин нахустин ҳуҷҷати «ХМ»-Хабарнигори Мардумӣ ба дасташ қаппонд. Воқеан ҳам, проекти ХМ ин лоиҳаи хубтарини Амин буд, ки садҳо нафарро тарбият намуда, ба ҷодаи журналистӣ роҳ кушод. Фарзи мисол, Далери Эмомалӣ, Муҳаммадиқбол Атоев, Хуршед Фозилов, Муллораҷаб Юсуфӣ..., ки ҳоло бархе аз ишон ҳатто ин мактабро фаромӯш кардаанд ва фикр доранд, ки аз Осмони 7-ум рост ба журналистика афтидаанд, ки ҳаволаашон ба Худо...

Баҳодур аз ин зумра набуд. Баҳодур то соати марг бо СССР ифтихор дошт ва худро парвардаи ин ҳунаристон медонист.

21.09.2016. Дар зодрӯзаш, дар хонаи падарияш (он вақт хонаву дар надошт), ҳуҷҷати Хабарнигори СССР-ро ба ӯ супурдем! Аз шӯри шавқи шодиву нишот ба таҳқиқ ба курта намегунҷид. Гулрухсор-ҳамсари меҳрабонаш шодишарикаш буду кӯдакони нозанинаш дар ҳаяҷон...

Баҳодур бо чандин имзои мустаор матлаб менавишт. Гунае аз раҳматии Мақсудҷон Ҳусайнов буд. Мақсудҷон низ, ки хеле сермаҳсул будӣ, дар даврони хеш бо даҳҳо имзои мустаор матлаб меангошт. Баҳодур низ репортёр буд. А, репортёрҳо зиёд, вале кӯтоҳ менависанд, ки ин мактабро низ бояд ба ҷавонон омӯзонид. Баха Уроқ, Баҳодури Абдусалом, Баҳодур Уроқов, Борис Салом, Б. Абдусалом... инҳо ҳама куният ё худ имзои мустаори 1 нафар буданд. Нафаре, ки дар олами журналистикаи Хатлон, Бадахшон, Суғд, Тоҷикистон бо номи гӯшнавози Баҳодур Уроқов хеле маъруфу машҳур гашта буд. Гулчини матлабҳои раҳматиро дар саҳ 8-9 хонед! Мо метавонем!!!

Баҳодур ростӣ, 1 вулқонро мемонд. Куҷое мерафт, хоҳ сафари корӣ бошад ва ё хоҳ нишасти матбуотӣ ҳатман шӯру валвале ба бор меовард. Бе ин наметавонист! Танҳо ӯ метавонист соати 1 ё 2-и шаб ба Раиси вилояти Хатлон, раиси Бохтар, раиси Кӯшониён, раиси ш. Кӯлоб занг занад ва мушкилеро баррасӣ намояд! Бо раисон ошно буд, вале дарди мардум, мушкили мардум, проблеми мардумро ҳатман нашр мекард. Аз ӯ намеранҷиданд, зеро воқеанигор буд. Орзуи Карим хабарнигори радиои Озодӣ рӯзи ҷанозааш бо чашмони пурашк ҳамин моҷароро ёд оварда, қисса кард, ки «Ману Баҳодур ҳамеша матлаби танқидӣ менавиштем. Ӯ аз ман ҳатто бештар. Вале раисон, масъулин аз ман хафа мешуданду аз Баҳодур на! Чун кунҷкобӣ кардам, гуфтанд, «Баҳодур танқиди созанда дорад ва мо медонем, ки фардо ҳамон хато ислоҳ шуд, ҳатман инро низ дарҷ мекунад!»».

Ӯ воқеан дар даст 2 қаламчӯб-тозиёна дошт:

1.    Тозиёнаи танқид,

2.    Тозиёнаи тавсиф.

Проблемае, ки мевардошт, агар ҳалл мешуд, ҳамон рӯз мунтақидашро тавсиф менамуд, ки ба доди мардум расидааст.

Ва аммо Одамгарии Баҳодур бештар аз ҳунари журналистияш буд!!! Куҷое мерафт, Гули Сари Сабади маҳфилҳо буд. Ягон вақт шахси 2 будан намехост. Ҳатто дар ҳузури ман, сардабираш, ҳатман риштаи сӯҳбат, базм, тараб, соқигарӣ, рақсу сурудро бар кафи дасти нозанин мегирифт. Бо ӯ дилхоҳ маърака Базми Шоҳона буду бе ӯ базмҳои шоҳона маъракаи дилгиркунанда.

Хеле марди дастурхондор буд. Хонаи кӯчаке, ҳомили ҳамагӣ 2 хонача дошт, вале диле бузург, ки ин хонаҳо ҳамеша лабрези меҳмон будандӣ. Улфат буд. Базму айшу нӯшро дӯст медошт, ки ҳамин моҷаро ахиран сабаби фавти бармаҳалаш низ гардиданд. Хок хабар набарад ва гӯши соҳиб кар, Баха наметавонист (!!!) бо меҳмонаш ҷоми тараб навардорад! Ҳу, ҳамон меҳмонҳои қадрдоне, ки аксарият ба...ҷанозааш нарафтанд. Вақт надоштанд!!! Вале агар соҳибмансабе, ки 7 пушташро намешиносанду саломашонро алейк намегирад, мабодо фавтад, ин ҳунарманду рӯзноманигору фарҳангиёни «камвақт» дари хонааш саф мезаданд. Аз мост, ки бар мост!

Ҳар кӣ чун гӯр занад ханда ба мотамзадагон,

Чашм дорам, ки фалак дар даҳанаш хок кунад...

Баҳодур аз эркаҳои редаксия низ буд. Борҳову борҳо шикоятҳо меомад, ки менӯшад, менӯшад, менӯшад ва кам - кам «хулиганӣ» мекунад. Борҳову борҳо аз ман қотеъона, дӯстона, рафиқона, пофишорона, ҳамкорона, профессионалиёна... даъват мекарданд, ки ӯро аз кор озод кунам. Вале ман 1 ҳукм нисбати ӯ содир карда будам, ки ба он содиқ мондам:

-То ман ҳастам, ӯ то мурданаш дар СССР кор мекунад!!!

Чӣ медонистам, ки ингуна ҷавон, ҳамагӣ дар синни 42-солагӣ моро тарк хоҳад кард...

Баха, Баҳодур, Борис...дигар бо мо нест. Аз ӯ 4 кӯдак ба мерос монд, ки бовар дорам, ҳатмани ҳатман сутуни ин давлату ин ватан мегарданд, зеро падарашон чунин буд. Чунки бобояшон Абдусалом, падари Баҳодур низ ҳамингуна буд:

-Ҷавонмард, дастурхондор, ватанпарварда, базморо ва патриот...

Ҷоят ҷаннат ва дидор ба қиёмат, фарзанди эркатулфори СССР....

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter