ХАБАРИ ДОҒ

 

Э бародар хоки поят тӯтиё.

 Гар ту моро дӯст медорӣ, биё.

 Эътибори мову ту дар зиндагист.

 Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё.

 Аз саҳар чанд бор шуд мегуям чизе нависам дар бораат Баҳодур Уроқов, вале ашк аз чашмонам ҷорӣ мешаваду сарам дарди сахте мекунад, ки наметавонам чизе нависам.

 Бисёр чиз ёдоварӣ мехоҳам нависам, лекин чунон зиёд ҳастанд, ки намедонам кадомашро нависам. Он шиносоие, ки ҳамагӣ чанд соли охир доштем, бароям ба мисле буд, ки гӯё аз кӯдакӣ мешиносамат.

 Ҳар дафъа баъди ягон шарҳи хандаоварам занг мезадиву мегуфтӣ, ки «э бача девнаӣ ба и гапот?» ё мегуфтӣ,  «ай хандара мурдам барои шарҳат».

 Баъзе вақт оила ва кӯдаконатро даъват карда, мегуфтӣ, ки ҳамшаҳрии ғармитона бинед, ба мисли шумо девона аст, ман мегуфтам, ки ҳамшаҳрии ман зӯр аст, ки ба ҷояш суманак мепазӣ.

 Мегуфтам, ки ту ҳам аз ҳамон ҷойҳо ҳастиву ғармиян мебошӣ, мегуфтӣ барои ҳавай кам кам девонаам.

 Қиссаҳои сафарҳоятро мекардиву механдидам, бо он корҳои дар сафар гузаронидаат. Хусусан дар бораи раиси ноҳияи Нуробод, ки ба ҷои салому арзро шунидан, ба 1 кормандаш фармуд, ки «рав ин журналиста 20 литр бензин ба мошинаш рез равад!», чи қадар оташин шуда будӣ, ки ин раис туро ба мисли баъзе рӯзноманигорон тамаъҷӯ фикр кардааст.

 Гуфтӣ, Русия меравам тамошо аз Санкт- Петербург то дигар гӯшаҳо, гуфтамат шароитҳоро бароят муҳайё мекунам, гуфтӣ додаронам он ҷо ҳастанд.

 Гуфтам ба наздам биё, насиби дидор набудааст. Акнун дидорҳо дар қиёмат, Фариштаи нозанинро ба кӣ мондӣ? Бо писаронат фахр мекардӣ…

 Гуфтамат бо он пули мегирифтаат чи хел оиларо мехӯрониву хонаву дар месозӣ, гуфтӣ, ки худам ҳам намедонаму лекин ба наздики пеши шеф ин масъаларо пешниҳод мекунам, ки каме ҳам бошад ойлика бардорад...

 Дигар ин ҳама рафт ба хок, фикр мекунам шефат боҳиммат асту ба оилаат то вақти буданаш ёриашро мерасонад, чунки шиори шумо "Мо метавонем" буд.

 1 чизро хоҳиш карда будӣ ва ман ваъда дода будам, фикр карда будам, ки меоиву ман онро ба ту туҳфа мекунам, афсӯс насибат накард. Акнун он ваъдаро иншааллоҳ иҷро мекунаму ба фарзандонат мерасонам.

 Ҳеҷ боварам намеояд, ки дигар нестӣ. Гаштаву баргашта навиштаи акаи Шамсулло Фозиловро такрор ба такрор хондаму фикр кардам шухӣ мекунад.

 Шаб то саҳар хобам наомад, чанд бор аз ҷойгаҳам хестам, безобита будам.

 Пеш аз ин дар саҳифаи акаи Нуралӣ Хоркашев расматро аз кадом телевизион дидаму «раисзеб будааст!» бо худ гуфтам. Инчунин дирӯз дар шабакаи Ютуб ҳам 1 наворатро тамошо кардам, гуфтам ҳоло ист занг мезанаму прикол мекунам аз куҷо донам, ки Худованд маро аз рафтанат хабар дода истодаасту ту дар ҷойгаҳ ҷон ба ҷонофарин дода истодаӣ...

 100 дареғ, ки чунин ҷавон рафтӣ. Медонистам, расмҳои бо кӯдаконат доштаро ҳифз мекардам: чи қадар бо Фаришта бозӣ мекардиву ман расм гирифта, он лаҳзаҳои ширинро ба ту мефиристодам ва онҳоро кӯр кардам, акнун афсӯс мехӯрам.

 Охирон бор гуфтамат биё расматро гирам, гуфтӣ, «девнаӣ? Оли мун мурданӣ нестам!».

 Худованд раҳматат кунаду шоистаи ҷаннат бародари ҷонӣ...

 

Каримҷон Ёров, ш.Маскав

 

  ****************************** 

 «Ин хоки сияҳ ба ғайри мушк ҳеҷ чиз нахост

 

 Ашк 1 лаҳза ба мижгон бор аст,

 Фурсати умр ҳамин миқдор аст!

  11.12.2022. Якшанбе. Садои телефони мобилиям баъди чоштгоҳ баланд садо доду ҳамкорам Сӯҳроби Ёвонӣ гуфт, ки дар «Телеграмм» хондааст, ки журналисте, бо номи Баҳодур фавтидааст. Дилам таҳ кашид. Медонистам, ки Баҳодур Уроқов хабарнигори мардумии «СССР», ки бо ӯ пайваста дар тамос будам, чанде боз дар беморхона бистарӣ гашта буд. Аслан қатъи назар аз беморияш хуш ва боқувват сӯҳбат мекарду мегуфт, ки ако ин 1 дарди ба хайр аст, зуд шифо меёбам. Вале бубинед, ки ин дард ӯро ахиран ба коми аҷал кашид. Барои воқеаро фаҳмидан, ба журналист Саъидҷаъфари шогирдам, муҳаррири барномаи «Инсон ва Қонун»-и ТВ Хатлон занг задам. Аз ӯ фаҳмидам, ки дар ҳақиқат Баҳодур Уроқов, ин журналисти хушсалиқаи тоҷик, ки домани саҳрои журналистикаи Тоҷикистон аз ӯ умедҳои зиёде дошт, ҷаҳонро 3 соат пеш абадан тарк гуфтааст.

 Чи рӯзи сахту аламовар, агар аҷал домангири ҷавонмарде шавад. Афсӯс 100 афсӯс!

 Баҳодур шахсияти беҳтарин байни қаламкашони хатлонӣ ва бо симои зебо ва қомати баланди зебо, ҳама вақт маҳфилорои нишастҳои матбуотӣ ва вохӯриҳо буд. Акнун ҷои ӯ барои ҳамешагӣ холӣ монд. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод. Таъзияи амиқи худро ба Сайёфу командааш ва аҳли байти Баҳодури азиз мерасонам!

 

Варқаи Зайниддин,  Додситон, ш.Бохтар

   ******************************

  

 Эй дӯстон, ёдам кунед…

 

Рафтанду ман ҳам рафтаам,

 Эй дӯстон ёдам кунед.

 Гуфтанду ман ҳам гуфтаам,

 Эй дӯстон ёдам кунед.

 Дирӯз будам бо шумо,

 Дар маҷлисе айше фарох,

 Дар хоки танге хуфтаам,

 Эй дӯстон ёдам кунед.

 Лоиқи зиндаёд, гӯиё ин суханҳоро баҳри кулли равандагони мондагор гуфта бошад.

 Баҳодур Уроқов, хабарнигори газетаи мардумии СССР ба дунёи тангу торики хуфтаҷойи абадӣ пайваст. Ёдаш гиромӣ бод!

 Хотироти даврони зиндагӣ, баҳсу муколамаҳои ширину хушгуфториҳо аз ҳар лаҳзаи дидори ин ҷавонмард хеле зиёд аст.

 Аз пайки мусибаташ алам гирифтем чун кӯҳи азим.

 Дарди ҷонкоҳи ҷигар, дӯсту бародари қадрдони моро дар айёми камолоти умр, аз дунёи ҳозирон ба ҷаҳони хомӯшон пайваст.

 Умари Хайём ҳам ишораҳое доранд:

 Умрат чӣ 200 бувад, чӣ 300, чӣ 1000,

 З-ин кӯҳнасаро бурун барандат ночор.

 Гар подшаҳиву гар гадои бозор,

 Ин ҳар 2 ба 1 нарх бувад охири кор.

 Баҳодур дар кори худ подшаҳ буд, чашми беҳарос дошт, ғайрати чанд мардеро дошт, ки тавони гуфтани ҳақро надоштанд ва ё аз ошкораш худдорӣ мекарданд.

 Чашми тезбин дошт, кӯчактарин камбудиҳо аз назари ӯ канор намемонд.

 Умри кутоҳаш бо вуҷуди ғайрати 10 мардаш номи ӯро ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

 Эҳтиромат ба ҷо, дӯстам!

 Макони охиратат ҳамеша дурахшон бод!

 

Абдурозиқ Азизов, журналисти ТВТ, ш.Бохтар

  ******************************

  БАҲОДУРЕ, КИ МАН МЕШИНОХТАМАШ...

 Инсони хубу беозор буд ва мисли ҳар яки мову шумо зиндагиро зиёд дӯст медошт. Хонадон барояш муқаддастарин ҷой ва ҳамсару фарзандон азизтарин касон буданд. Ҳар ҷонкание, ки  мекард ба хотири онҳо буд. Талошҳо дошт, то серу пур зиндагӣ кунанд. Тамоми дороияш, мисли аксари аҳли қалами имрӯз, фақат дар ҷайбаш буд.

 Фариштаи миёни писарон ягонаашро болотар аз ҳама дунё медонист. 

 Оре, қаламаш на он қадар бурро буд, аммо мавзуҳои ҳалталабро пайгирӣ мекард. Аз муваффақиятҳову дастовардҳо, пешравиҳову созандагиҳо бештар менавишт. Зеро ба зиндагӣ ва ояндаи дурахшони ватану миллат нигоҳи хушбинкунанда ва назари нек дошт. Дастархондору дастбахайр буд. Ҳар ёру ошное, ки аз дигар манотиқи кишвар ба  Бохтар мерафт, Баҳодур мекӯшид, то ӯро меҳмони худ кунад.

 Ҳеҷ вақт ба ҳеҷ кас бадӣ карда наметавонист. Зеро сиришташ аз накӯӣ буд.

 Баҳодур боз ҳазор хислати хуби ҷавонмардонаи дигаре дошт, ки мутаассуф аксари мо, ҳатто яке аз онро надорем.

 Худованд макони охирати туро ҷаннат гардонад, додари ормонӣ...

 

 

 

Нурали Хоркашев

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter