ХАБАРИ ДОҒ

«Tcell»- хурӯс дар ҳама ҷо 1 хел…

  • Чоршанбе, Дек 14 2022

 

    Ҷумъабой Яҳёев, муаллиф ва хонандаи доимии СССР аз н. Деваштич ба идораи газета занг зада (тел: 928887506), шикоят аз ширкатҳои мобилии вилояти Суғд намуд.

   - Мутаассифона, ҳангоми истифодабарӣ алоқаи телефонӣ тез-тез канда шуда, ҳангоми тамошои лавхаҳои «ЮТУБ» мавҷи интернет чунон паст аст, ки гоҳ пайдо мешаваду гоҳ гум. Солҳост, ки аз ширкати мобилии «Tcell» сарфи назар аз хизматрасонии бадаш истифода мебарам. Ҳар моҳ аз тарофаи «Даркор 30» бо хизматрасонии мессенҷерӣ 38 сомонӣ ва истифодаи белимити «ЮТУБ» 50 сомонӣ ба компанияи номбурда, дар ҷамъ 90 сомонӣ месупорам.

   Банда гумон мекардам, ман дур аз марказ дар 1 деҳаи кӯҳӣ зиндагӣ дорам, шояд дастрасии мавҷ мушкил асту аҳвол чунин бошад. Ҳафтае пеш барои табобат ба ш.Хуҷанд омадам, ва гумон кардам, ки инҷо маркази вилоят асту хизматрасонии «Tcell» якчанд маротиба беҳтар ва аз камбудиҳои дар деҳа буда битамом халос мешавам. Афсӯс, ки хаёлам хом баромад. Хизматрасонии ин ширкат аз деҳот ҳеҷ фарқе надоштааст. Хамон Аҳмади порина. Ба қавли мардум, хӯрус дар ҳама ҷо 1 хел ҷеғ мезадаст.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter