Абдуқаюм Кенҷаев, донишҷӯи факултети “Санъати актёрӣ”-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ба редаксия СССР занг зада (тел: 933028289), гуфт, ки андешаи мардум нисбати донишгоҳи мазкур дар аксар ҳолат ғалат аст.
- Донишкадаи фарҳанг ва санъат танҳо сарояндаву навозанда омода намекунад! Имрӯзҳо агар дар роҳ, дар автобус, маршрутка бошӣ, бо касе ҳамсуҳбат шавӣ мепурсанд, ки дар куҷо кору фаъолият мекунӣ? Агар донишҷӯй бошӣ, мепурсанд дар куҷо таҳсил мекунӣ? Дар донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат! Ҳамон лаҳза мепурсанд, ки ҳофиз мешавӣ ё дуторнавоз?...
Ҳой мардум! Донишкадаи мазкур на танҳо ҳофизу навозанда тайёр мекунад. Дар ин донишгоҳ ихтисосҳои рӯзноманигори ТВ, санъати актёрӣ, муносибатҳои фарҳангӣ, режиссура ва ғайраҳо низ ҳастанд!