ХАБАРИ ДОҒ

Барқ: лимит кай бардошта мешавад?

  • Чоршанбе, Янв 11 2023

   Тайи 1 моҳи ахир ба редаксияи газетаи мардумӣ аз хонандагон арзу шикоят ва паёмҳои хеле зиёд дар мавриди барқ ва реҷаи меъёри ҷоришудаи истифодаи он расид. Сокинони тамоми минтақаҳои кишвар сар аз ноҳияи Рӯдакиву Ваҳдат, то  Панҷу Ванҷ, Мурғобу Рӯшон, Мастчоҳу Ашту Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳрҳои Панҷакенту Гулистону Кӯлобу Муъминободу Леваканд ба идораи мо занг зада, дар бораи риояи нашудани реҷаи меъёри барқ ва кай ба охир расидани маҳдудияти истифодаи он суол мекарданд.

   Дар пайи арзу шикоятҳои мардум мо ба сардори маркази матбуоти Ширкати саҳҳомии холлдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ муроҷиат намудем.

 

Талабот афзудааст

   Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, ҳар фасли зимистон талаботи аҳолии кишвар ба истифодаи нерӯи барқ афзуда, таъминоти он ҳоло пурра аз фаъолият ва иқтидори НБО Норак вобастагӣ дорад.

   - Имсол аз рӯи ҳисоби мутахассисон НБО Норак бо меъёри муқаррарии об пур карда шудааст. Бе ин ҳам аз рӯи таҳлилу нишондодҳои мутахассисон ҳамасола дар фасли зимистон то 1 млрд 6 млн кВт.соат дефитсити барқро дошта, барои истифода дар рӯзҳои хеле сард бошад ҳатман 220 - 500 кВт.соат барқ захира карда мешавад. Бо фаро расидани сардиҳои рӯзҳои ахир маҳдудияти барқро дар шаҳру ноҳияҳо зина ба зина кам карда, ҳамин ҳоло танҳо дар вақти шабона – аз соати 23:00 то 05:00-и субҳ барқ қатъ мегардад. Рӯзона қариб, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳо барқ бидуни маҳдудият истифода шуда истодааст, - таъкид дошт Нозирҷон Ёдгорӣ.

 

Роҳи наҷот танҳо НБО Роғун?

   Дар идомаи суҳбат Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, ки танҳо пас аз пурра ба кор шуруъ намудани тамоми агрегатҳои НБО Роғун реҷаи бо меъёр истифодаи барқ дар кишвар дар фасли зимистон аз байн хоҳад рафт.

   - То пурра ба кор андохтани тамомии агрегатҳои НБО Роғун мо бояд барқро сарфакорона истифода барем, то дар рӯзҳои сард ба коллапси энергетикӣ гирифтор нашавем. Мардум дар фасли зимистон барқ ва асбобу лавозимоти барқиро хеле зиёд ва бидуни сарфакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба зуд-зуд аз кор баромадани трансформаторҳо оварда мерасонад. Ҳоло низ чунин ҳолатҳо мавҷуд буда, бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ мутахассисони шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо ба таъмиру таҷдиди трансформатору ноқилҳо машғуланд. Барқро оқилона бояд истифода бурд, то ин ки бе барқ намонем, - иброз дошт Нозирҷон Ёдгорӣ.

 

М.Амин, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter