Хосият Вализода, шоираи ширинкалом аз ш.Кӯлоб ба идораи газетаи мардумии СССР занг зада, гуфт, ки рӯзи 12 декабр - Рузи фавти шоир ва ҳофизи халқ, падари бузургворам Саидалӣ Вализода мебошад (1900-1971). Тавре, ки худашон гуфт абуданд:
- ДАРЕҒО, МЕШАВАМ МАН АЗ ШУМО ЁРОН ҶУДО ИМРУЗ,
ДИГАР ДОРУ НАМЕБАХШАД БА ДАРДИ МАН ДАВО ИМРУЗ.
БА ГӮШАМ ДАР САФАР ЁРОНИ ҶОНӢ АЛВИДОЪ ГӮЕД,
КИ МАН МОНАНДИ АҶДОДОН ЗИ ОҒУШИ ҶАҲОН РАФТАМ...
+++
Ба падари бузургворам ин мисраъҳоро мебахшам:
Зиндагиро зеб медод нӯшхандат,
Ҳарфҳои содаву лаҳни чу қандат.
Шаҳчароғи хонадони халқ будӣ,
Фитрати алмосият буд ҷумла пандат.