ХАБАРИ ДОҒ

Мастчоҳ: шикоятҳо беасосанд!

  • Чоршанбе, Дек 21 2022

 

   Абдурозиқ Раҷабзода, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи №1-и ба номи Н.Салимови н.Мастчоҳ бо редаксия тамос гирифта (тел: 931326464), гуфт, ки шикояти собиқ аловмони мактаб дар бораи он, ки гӯйё пас аз шикояташ ба газетаи СССР аз кор пеш карда бошем, асоси воқеӣ надорад.

   - Шаҳрванд Нуралӣ Латипов бо завҷааш коргарони мавсимӣ буда, ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ пас аз ба охир расидани фасли сармо аз кор озод шуда буданд (аз редаксия: нусхаи ин фармону санад дар идора маҳфуз аст). Он, ки маоши 14 рӯзи кориаш мондагӣ аст, баҳси дигарро талаб менамояд ва ин масъаларо мо ҳатман бо мақомоти қудратӣ ва дигар идораҳои марбута ҳаллу фасл хоҳем кард. Дигар ин, ки бо омадан ба ҳайси директор ба ин мактаб ман садди роҳи бархе аз корҳои корупсионӣ шудам ва ин боис гашт, ки шахсони фиребкор даст ба шикояту аризабозиҳои беасос зананд. Фаъолияти кории ман ҳамчун директори ин мактаб дар 1 моҳи ахир ҳам аз ҷониби комиссияи махсуси Вазорати маориф ва илми кишвар ва ҳам аз ҷониби Раёсати маорифи вилояти Суғд санҷида шуда, ин шикоятҳо асоси воқеии худро наёфтанд.

   Аз идора: ба шаҳрвандон Нуралӣ Латипов ва Баҳром Ҳоҷизода, ки ҳафтаи ахир почтаи электронии назетаи СССР-ро пур аз арзу шикоят кардаанд: Нуралӣ Латипов, агар мудирияти мактаб 14 рӯзи кории шуморо пардохт накардааст, метавонед ба Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи меҳнати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Коршиносони ин Хадамот ҳатман ҳақро ба ҳақдор мерасонанд, зеро умри дурӯғ кӯтоҳ аст!

Ба Баҳром Ҳоҷизода гуфтанием, ки то ҷойе мо огаҳӣ ёфтем, камбуд дар бародари шумост, ки сармуҳосиби мактаби мазкур буда, тавре дар баёноти шахсӣ навиштааст, бо сабаби таҳсил дар магистратура бидуни огоҳӣ ва иҷозат дар 1 моҳ танҳо 4 рӯз ба ҷойи корӣ ҳозир шудаасту халос. То ҳол калиди утоқи кориро насупоридааст. Дар ин бора ба мо дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Мастчоҳ хабар доданд.

Бародарони гиромӣ! Газетаи СССР минбари ғаразҳои шахсии шумо нест ва агар шумои гиром аз директори ҷавони мактаб Абдурозиқ Раҷабзода шикоят доред, пас ба Вазорати маориф ва илм, прокуратураи ноҳияву вилоят муроҷиат кунед. Мо ба ин баҳс нуқта мегузорем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter