ХАБАРИ ДОҒ

Фикр мекунам, Ӯ худодод аст. Зеро футболдӯстдор ва футболисти профессионалро аз ин дида, ҳадяи беҳтаре нест, ки Мессии нозанин дар соати таваллудаш Ҷоми Ҷаҳонро ба каф гирад! Мессии ҳамсоли ӯ (24.11.1987, Рссарио Аргентина), аккурат, дар синни 35-солагӣ, баъди нокомиҳои тӯлонӣ, дар тӯли 17 соли фаолият дар мунтахаб ва ширкат дар 5 чемпионати ҷаҳон, ки 4-тои аввалаш ба нокомӣ анҷом ёфт, маҳз шаби зодрӯзи Рустами Эмомалӣ, ҳамсоли худ ва низ футболисти профессионал (19.12.1987. Данғара, РСС Тоҷикистон), ки баъдтар корҳои давлатӣ ӯро аз майдон дур карданд, ахиран Ҷоми Ҷаҳонро гирифт!!! Ин тӯҳфаи Месси ба Рустами Эмомалӣ буд. Бе шакку тардид ва шубҳае!

Бовар кун хонанда, тартиби рақамҳои математикӣ ва тасодуфҳои даврон, ҳама пурра ба 1 маъниянд, ки санадҳо фиреб намекунанд! Бинед, агар чемпионат дар Қатар намешуд в-агар чемпионатро бо 1001 баҳсу ҷанҷолу талошҳо аз тобистони маъмулӣ ба замистон намегузарониданд, магар Месси дар зодрӯзи Рустами Эмомалӣ соҳиби Ҷоми Ҷаҳонии деринтизор мегардид?...

            Шахсан ман Рустами Эмомалиро барои он иззат мегузорам, ки футболисти профессионал буду КФ Истиқлолро маҳз талошҳои ӯ ҳамчун бозигари бозисоз (плей-мейкер) ба Лигаи Олӣ баровард. Касе бозии Рустами ҷавонро дидааст, медонад, ки гуфтаҳои ман «ҷон доранд!». Чун мухлиси футбол, ман ӯро дар майдон дидаам. Он қадар, ки ӯро мезаданду меғалтонданду меафтонданд, шояд кам бозисози дигарро задаву кӯфтаву афтонда бошанд. Вале ман боре надидам, ки ӯ гиребони ҳарифро гирифта бошад. Хеле футболбози заминӣ ва хоксоре буд. Ҳатто боре ёд дорам, дар Лигаи Олӣ, ҳарифе ӯро чунон «подножка» дод, ки дар замини лойу гилолуд пурра «ғарқ» шуд. Хест ва...дасти рақибро, ки барои узр дароз карда буд, фишурд ва зуд партобе ҳуҷумкорро шуруъ намуд, ки бо гол анҷом ёфт! Ин сабт бояд дар ТВ бошад. Ёбед, намоиш диҳед ва бо чашми сар бинед, ки СМ рост мегӯяд... Дар ҷамъ футболро то кадом ҳадд Рустами Эмомалӣ нумуъ додаву рушд бахшид, дар матлаби ҳамкорам, дар зер хонед. Мо метавонем!!!

            Дуввумбора иззатам ба Рустами Эмомалӣ аз фаолияташ дар Агентии мубориза бо коррупсия афзуд. Танҳо дар ҳамон даврон ин агентӣ ба шикори «наҳангони бузург» сар кард: то ва баъди ӯ моҳича медоранд!

            Ва боз: хеле кӯрайнак мебояд буд, ки рушди пойтахтро дар овони раисии ӯ набинем! Дуруст аст, ки Генплани пойтахт то Рустами Эмомалӣ шуруъ шудааст. Вале аз барои Худо, ҷуз бинову супермаркет чӣ месохтем? Қариб, ки ҳеҷ чиз. Рустами Эмомалӣ ба мо порку боғу варзишгоҳҳои хурду бузург сохт. Ва агар Падари ӯро метавон чун роҳсоз муаррифӣ намуд, ки тамомии ҷодаҳои кишварро тахту ҳамвору пулу нақбдор карда бошанд, пас Рустами Эмомалиро метавон чун давлатмарди порксоз муаррифӣ кард. То ӯ поркҳоро танг карда, бозору дӯкон месохтем. Дар даврони роҳбарии ӯ бозорҳоро хароб карда, порку боғу гулгаштҳо месозем! Фарқият аз замин то осмон!!!

            «Круг» ё давраи дӯстон беҳтарин ташреҳи ҳоли ҳар давлатмардест. Ман анде атрофиёни мэри ҷавонро мешносам: Шоҳрух Саидзода, Хуршед Мирзозода... Дар сӯҳбати ин ҷавонҳо шинӣ, тамомии афсонаҳои бофтаву сохтаи «насли тилоӣ-золотое поколение» ба боди фано меравад. Бофарҳанг, боодоб, сахткор ва сарсупурдаи миллату Ватананд. Инҳоро Рустами Эмомалӣ дар симои ботиниву зоҳирии худ чунин патриот парвардааст!

            ...Ва аз ҳама охир: боре бо Мубориз-писари хурдиям, шаҳрро пиёда қадам задем. Чун ба хона расидем, ӯ гуфт:

-Дадаҷон! Ободкориҳои Рустами Эмомалиро дида, ба хулосае омадам, ки аз ӯҳдаи Президентӣ низ мебарояд!!!

Ин ҳукми 1 кӯдак буд. Ту низ, хонандаи ин сутур, аз кӯдакони худ, насли ояндаи хеш, 1 бор пурс, ки роҷеъ ба Рустами Эмомалӣ чӣ назар доранд; ҳатман ҳамин посухи Муборизро хоҳед шунид. Мо Метавонем!

Зодрӯз муборак, мири шаҳр, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ, президенти ФФТ ва футболбози профессионал!!!

 

10 СОЛИ ПУРБАРОРИ ФУТБОЛИ ТОҶИК!

(Муборакбодӣ ба зодрӯзи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ)

Даҳсолаи ахири футболи тоҷикро, ки роҳбарии онро дар вазифаи ҷамъиятии Президенти Федератсия, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба зимма доранд, аз давраҳои таҳаввулот, дигаргунӣ ва комилсозии воқеии соҳа ном бурдан имкон дорад. Дар ин даҳсола футболи тоҷик, ҷаҳиши муваффақонаву бобароре ба пеш намуда, аз ҷониби роҳбарият барномаҳои мушаххасе матраҳ шуданд, ки барои роҳандозияшон чанд даҳсола низ басандагӣ намекард.

Лозим ба ёдоварист, вақте ки Раиси муҳтарам ба сарварии ин соҳаи муҳими ҳаёти иҷтимоии мардуми кишвар интихоб шуд, ҳамагӣ 25 сол дошт ва ҳанӯз таҷрибаи кофии роҳбариро касб накарда буд. Аммо азми қавӣ ва нияти накӯи созанда дошт.

Ҳамин шуд, ки дар муддати на чандон тӯлонӣ зерсохтори зарурии замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои муосир заминагузорӣ шуда, дар саросари мамлакат бозсозии футбол шуруъ гашт.

 Фаъолияти мактабҳои кӯдакону наврасон вусъат ёфта, барномаҳои муфиду муҳими рушди футбол роҳандозӣ шуданд. Таваҷҷӯҳ ба муҳимтарин ҷузъи соҳа, яъне майдону майдончаҳои футболбозӣ зиёд гашта, ҳамзамон шумораи онҳо дар саросари мамлакат чандин карат афзоиш ёфт. Ҷалби мутахассисони баланддараҷа аз хориҷ ва дар ин замина, тарбияи касбиёни соҳибистеъдоди маҳаллӣ, аз вазифаҳои нахустин ва муҳими командаи роҳбари ҷавон қарор дода шуданд.

Башиддат рушд ёфтани соҳа, диду назари Федератсияи Футболи Байналмилалӣ ва Конфедератсияи футболи Осиёро ба Тоҷикистон ва футболаш дигар сохт. Тоҷикистон ба макони асосии баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногуни мунтахабҳо ва бошгоҳии Осиё табдил ёфт. Ташрифи шумораи зиёди варзишгарон ба ватани мо ва ошноияшон ба тамаддуни миллиямон, нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам болотар бурд.

 Дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони тоҷик аз шумори дастаҳои иштирокчии ҳамешагии марҳилаҳои ниҳоии қаҳрамониҳои осиёӣ гашта, баъд аз 10  соли тамом, боз бори дигар соли 2017, ба Ҷоми Ҷаҳон байни наврасон роҳ ёфтем. Ҳамзамон, акнун исми тарбиятдидаву дастпарварони мактаби футболи тоҷик дар ҳайати дастаҳои қаҳрамониҳои футболи кишварҳои аврупоиву осиёӣ пайдо шуда, рӯз аз рӯз шумораашон афзудан дорад. Акнун, на танҳо дастаҳои наврасону ҷавонон, балки мунтахабҳои бонувони тоҷик ҳам дар майдонҳои сабқати футболи Осиё, баромад мекунанд.

Тими миллии футзаламон дар феҳристи дастаҳои панҷгонаи пурқувваттарин ва беҳтарини Осиё ҷойгир шуд. Тими миллии Тоҷикистон бошад ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи аз рӯи дараҷабандӣ якуми Осиё - Ҷоми Осиё роҳ ёфт. Ин комёбӣ бузургтарин дастоварди футболи кишвар дар 31 соли Истиқлолият мебошад ва қайд кардан бамаврид аст, ки он саҳлу осон ба даст наомадааст.

Ин дастовард, натиҷаи фаъолияти пурсамари командаи ҷавонмарди давлатмеҳвару ватансозест, ки даҳсолаи бузургро дар бар мегирад ва дар таърихи футболи ватанӣ бо ҳуруфи заррин навишта мешавад. Зимнан, боварии комил ҳам дорем, ки ин комёбӣ охири кор нест ва дастовардҳои бузургтари футболи тоҷик ҳанӯз аз пешанд...

Биноан, бо истифода аз лаҳзаи қуллай ва муносиб, аз номи аҳли ҳамкорон, мутахассисону мураббиён, бозингарону ҳайати хизматрасон ва махсусан, аз номи аудиторияи калони мухлисону ҳаводорони футболи кишвар, президенти ФФТ, Раиси муҳтарам, Рустами Эмомалиро ба рӯзи таваллудаш, самимонаву сидқан шодбошу муборакбод мегӯем. Орзуманди онем, ки рӯзгорашон осудаву бофароғат, хонадонашон саломату хурсанд ва шуруъи ҳама корашон муваффақу бобарор бошад!

Нуралӣ Хоркашев,

журналист, корманди ФФТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter