ХАБАРИ ДОҒ

ТӮЙИ МЕССИ Ё ЗАНГӮЛАИ НАҶОТ

  • Чоршанбе, Дек 21 2022

 

18.12.2022. Нимашаб. Ҷоми Ҷаҳонро бо Тӯби Тиллоӣ нафаре болои сар вардошт, ки Ҷаҳон барояш каф кӯбид. Бузургтарин ҳарифонаш пешаш сари таъзим оварданд. Душмантарин рақибонаш барояш каф кӯфтанд. Ӯ на танҳо беш аз 3 млрд ҳаводори ашаддии футбол, ки аҳолии Кӯраи Заминро ба 1 ифоқа овард, дӯсту душман, оппозитсияву позитсионерҳо, ҳукумативу антиҳукуматиҳо, ин шаб, таслим карда-таслим карда, ба ҳамдигарӣ узр гуфтанду атрофи ин ном бо ҳам бупайвастанд.

Месси-пайғомбари футбол!

Месси-нобиғаи Варзиши №1.

Месси-варзишкоре аз Галактика, ки Худо барои таблиғу ташвиқи футбол дар асри 21 сӯи заминиён равона карда буд, Ҷоми Ҷаҳонро гирифт ва ба суоли  азалии «Роналдо ё Месси?!» нуқтаи калоне гузошт!

Мо чандин матлабро таку рӯ кардем, вале ширинтар аз ин мақола, ки 1 тан аз сарсупурдатарин, ашаддитарин, мутаассибтарин фанати Месси навиштааст, хубтаре наёфтем. Зимнан он пешкашат шуд:

Мангар, ки кӣ мегӯяд,
Бингар, ки чӣ мегӯяд!!!

                         

                    

 

 Дар баччагӣ мухлиси ашаддии бузкашӣ будам. Ҳар човандоз бароям қаҳрамон буд. Ва ҳар аспдор сарватмандтарин ва хушбахттарин одами дунё.

Яке аз орзуҳои баччагии ман дар по мӯзаи махсуси пошнабаланди бузкашӣ, (шояд мӯди каблукҳои баланд тақлид ба мӯзаҳои човандозӣ бошад) қамчини дастаи табалғун дар даст ва савори аспи зебое ба майдон ворид шудан ва қаҳрамонӣ нишон додан дар Водии Хол - майдони бузкашии Ворӯ буд. Ту бузро аз замин мебардорӣ, аспро ба тарафи пиллаҷо рост мекунӣ ва ҷилавашро раҳо мекунию «ҳу» мегӯӣ. Аз болои бому бомгӯшаҳо ҳама ворӯиҳо фарёд мекашанд.

Аспе аспи туро дарнамеёбад, човандозе наметавонад бузро аз дасти ту гирад...

Менозидам, ки падарам аз човандозони номдори Ворӯ буданд ва дар хона ҳамеша асп буд. Лаззати мухлисиро, ки аз лаззати бӯса бо дӯстдошта камӣ надорад, бори нахуст дар бузкашиҳо чашидаам. Баъд дар футбол. Баъд «Помир». Баъд «Барселона» ва...

 

 МЕССИ

Месси ноаён ба зиндагии ман ворид гашт. Бароям сабки ӯ такрори касе набуд.

Ӯ бозӣ намекард.

Ӯ ғазал менавишт.

Ӯ чакома эҷод мекард.

Ӯ ҳамоса меофарид.

Ҳар дафъа – нав. Вожаҳо – нав. Саҳнаҳо – нав. Тасвирҳо – нав. Ташбеҳҳо – нав. Чумлаҳо – нав. Маъниҳо – нав.

Шоирон бисёранд. Аммо шоире, ки ҳамаро тасхир кунад, кам аст. Месси Мавлонои ман шуд. Месси Хайёми ман шуд. Месси дӯсти ман шуд.

Аз ҳар тӯбро гирифтану аз 5-6 нафар гузарониданаш, истодану раҳиданаш, нишон гирифтанаш ва гол заданаш шод мешудам. Агар касе дар майдон ӯро аз пой меафтонд, ман дард мекашидам. Агар дар бозие мебохт, ман ғусса мехӯрдам.

Финту дриблингҳои Месси ва сабки падарам дар бузкашӣ махсус буданд...

 

МЕССИ VSСИЁСАТ

18.12.2022. Шабе буд, ки шоҳон ҳам ба Месси ҳасад мебурданд. Соате буд, ки номи дигари дунё Месси гашт. Оби чашме, ки аз шодӣ мерезад, аз чашмаи илоҳӣ ва бомаззатарин оби ин дунёст. Беҳтарин рӯзест, ки мегӯӣ: «акнун бимирам, дигар ҳасрат надорам!»

Дарёфтам, ки ба Наҳзат – 2 (баъди марги Сайид Абдуллоҳи Нурӣ) напайвастанам, беҳтарин тасмим будааст. Бештари ин ҳеҷакҳо аз ҳеч илме бӯ набурдаанд, ҳеч шодиеро намешиносанд, аз худ мухлис рост карданду аз он тиму ин тим гӯё ҷонибдорӣ карданд. Ҳе-ҳе- ҳе! (Хандаи мастона). Наҳси наҳзат заду он ҳама дастаҳо бохтанд. Ҳақ ба Халқам, ки гуфтааст: «ба асп наъл заданд, қурбоққа (наҳзат) ҳам пояшро бардошт!!!»

2 ном аз тарафдорони ҳукумат ҳам меоварам. Яке – рӯзноманигор Сайёфи Мизроб ва дигаре – доктор Саъдӣ Маҳдӣ. Дар ин айём, ки бисёре аз дӯстонам номи маро ба забон гирифтан намеёранд, онҳо шодишарики ман гаштанд. Орзуи рақиби мард мекардам, ба орзуям расидам.

 

 

МЕССИ & Футбол

Ба футболбозон бингаред. Дар майдон бо ҳам бо тамоми ҳастӣ мубориза мебаранд, баъди бозӣ ҳамдигарро оғӯш мекунанд. Тиме, ки бурд, ба дастаи бозиро бохта меҳрубонӣ мекунад. Лука Модрич ба Месси сано мехонад. Ҳакимӣ ва Мбаппе пироҳанҳои аз арақ таргаштаи ҳамдигарро иваз мекунанду мепӯшанд. Навиштаву шарҳҳои бунёдгузори «СССР» -Сайёфи Мизроб ва доктор Саъдӣ Маҳдӣ, ки ба ҳукумат наздиканд, ба навиштаҳои ман дар боби тими Аргентина ва Мессии ҷаҳоноро аз майкаивазкунии Ҳакимиву Мбаппе камӣ надошт: Поянда бод Тоҷикистон!

 

ОХИРСАЛОМ

Орзупарвар бошед. Орзуҳо зиндагиро ширин мекунанд. Орзуҳо амалӣ мешаванд. Агар орзуҳо Мессиёна бошанд!

Дуруд Месси!

Дуруд ёрон!

Дуруд Тоҷикистон!

Vamos Argentina

 

Д. Атовуллоев,

мухлиси инфиродии Месси

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter