Дар 11 моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ 12 726 ақди никоҳ бекор шуда, 25452 нафар аз ҳам ҷудо шудаанд. Агар ба ҳисоби миёна дар ҳар оилаи талоқгирифта 2-тоӣ кӯдак бошад, алакай наздики 27 ҳазор кӯдак зиндаятим монд. Ин дар ҳолест, ки саршумори никоҳҳои шаръӣ ва ғайриқонуниеро, ки дар ЗАГС-ҳо баста намешаванду фурӯ мерезанд, дар сартосари кишвар касе дақиқ гуфта наметавонад...
Хабари афзоиш ёфтани талоқ дар вилояти Хатлон, ки 2 ҳафта пеш расонаӣ шуд, боиси сар задани баҳсу мунозираи зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ гашт. Тибқи итиллои ба даст расида, дар 10 моҳи соли 2022 дар вилояти Хатлон 3054 ақди никоҳ бекор карда шудааст. Ин нисбат ба соли 2021 393 ҳолат зиёд мебошад. Дар баробари ин дар 10 моҳи соли 2022 дар вилояти Хатлон 21 ҳазору 163 ақди никоҳ баста шудааст.
Бино ба маълумоти Раёсати адлия дар вилояти Хатлон бештар аз ҳама талоқ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб – 255 ҳолат, Кӯшониён – 250 ҳолат ва А.Ҷомӣ – 195 адад ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 2 528 талоқ бо қарори суд бекор карда шудааст. Аз 3054 ҳолати ҷудошавии оилаҳо 3 490 кӯдаки ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мондаанд. Аз ҷамъи умумии кӯдаконе, ки падару модарашон аз ҳам ҷудо шудаанд, 3 404 кӯдак дар тарбияи модар ва 86 нафари дигар дар тарбияи падаранд.
12 726 ҳолати талоқ
Тавре ба мухбири СССР дар Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЗАГС) итиллоъ доданд, дар 11 моҳи соли 2022 дар умум дар ҷумҳурӣ 12 726 ақди никоҳ бекор карда шудааст. Агар ба ҳисоби миёна дар ҳар оилаи талоқгирифта 2-тоӣ кӯдак бошад, алакай наздики 27 ҳазор кӯдаки ноболиғ аз тарбияи падар ё модар маҳрум гаштаанд. Агар 3 -4 кудакӣ бошад, пас он тарафашро худат ҳисоб кун, хонандаи мо.
Новобаста аз он, ки басташавии ақди никоҳ дар кишвар рӯ ба афзоиш дорад - дар 11 моҳи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ 53 410 ақди никоҳ баста шудааст, зиёдшавии талоқ боиси нигаронист.
Мутаассуф, то нашри газета мо танҳо ин оморро ба даст овардему халос ва тасмим гирифтаем дар шумораҳои баъдӣ ба ин мавзӯ баргардем.
13 714 талоқ дар соли 2021
Дар соли 2021 бошад аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар кишвар 463 852 санад ба қайд гирифта шуд, ки аз ин теъдод сабти таваллуд - 218 206 ҳолат, таваллуди кӯдаки ба синни 1 расида ё аз он калонтар - 53 015 ҳолат, сабти вафот - 39 123 ҳолат, сабти вафоти муҳлати 1 сол гузашта – 1176 ҳолат, сабти ақди никоҳ - 74 863 ҳолат, сабти бекоркунии ақди никоҳ - 13 714 ҳолат, сабти муқаррар кардани падарӣ - 38 326 ҳолат, фарзандхондӣ – 1388 ҳолат ва иваз намудани насаб, ном ва номи падар - 24 041 ҳолат аст.
Ҷ.Мақсуд, СССР
Дар ҳамин маврид:
Аз 10.000000 кам кунед…
Кай фейсбукро боз накунам, бо пайвастагии шигифтбор, 1 навиштае баландово пеши рӯ омадан мегирад;
"4000 хонавода аз ҳам пошида аст"... SOS! Карауллл!!!
Ё ба ҳамин гуна. Ва ин гапи пучро гаштаю баргашта, бо оҳу воҳу ҷигаррехтагӣ бознавису пайнавишт... карда гаштан мегиранд.
Э буродаро! Мо фаришта нестем, деву парӣ нестем! Монанди ҳама одам ҳастем, бо ҳама каму бешаш! О, аз 10 миллион 5 -10 ҳазор зану шӯ сар надиҳад (аз ҳазору чанд ҳазор яке!!!), 10-20 кас худкушӣ накунад, 10-20 одам накушад, 10-15 нафар одам назанад, 100-200 тан бемор нашавад, 1000-2000 одам намурад, шатта нахӯрад... рост Биҳишт меравем ку? Ин ҳолатҳо дар ҳама кишвару давлатҳо ҳаст.
Хоҳиш мекунам, пеш аз ҳар оморро "воҳима" кардан, 1 бор онро аз 10 млн (саршумори аҳолии ҶТ) минусу пилусу зарбу тақсим кунед, бинед, кирои худсӯзӣ кунад, пас дар гиред.
PS: ингуна оморро мустамликадорон болои мустаъмараи худ, гаштаю баргашта паҳн мекунанд, то мустаъмараро худкамбин кунанд. Наход худи мо худро ба худкамбинию худбадбинӣ раҳнамун кунем?
Савфат Бурҳонов,
журналист, Германия.