ХАБАРИ ДОҒ

   Ҳафтаи гузашта ба идораи газетаи мардумии СССР аз яке аз маҳбасхонаҳои ш.Тюмени Федератсияи Россия аз номи 1 ҳамватанамон, ки дар он ҷо адои ҷазо мекунад, муроҷиатнома расид. Ин маҳбус, ки беш аз 16 сол паси панҷара аст, мегуфт, ба зиндониёни тоҷикистонӣ бархӯрди хубу ҳасана ва қонунӣ дар судҳои урусӣ нест. Маҳбусон ҳамзамон шиква мекарданд, ки дар протсеси судияшон, ҳарчанд даъват ҳам кунанд, консули Тоҷикистонро судяҳо ҳозир намекардаанд. Мо шакли ҳақиқии онро, ки бо забони русӣ навишта шудааст, нашр карда, шарҳи консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург Зафар Саидзодаро низ нисбат ба қазияи шаҳрвандамон рӯи чоп меорем.

 

Обращение

   - Я (Шарипов Шерали Муродович 12.09.1976 г.р.) гражданин республики Таджикистан был осуждён по ст.210 ч.1.228 ч. 3 Уголовного Кодекса РФ к 17 годам лишении свободы с отбыванием наказания в исправительной колонии строгого режима. Так как я был осужден законом Российской Федерации то имею такие же права, как и гражданин РФ на перспективы, предусмотренные законодательством РФ на УДО (условно досрочное освобождение), ИТР (исправительно трудовые работы) и ПТР (принудительно трудовые работы) и.т.д.

Однако на моё Ходотайство о замены не отбытой части наказание на ПТР (принудительно трудовые работы) было необоснованно отказано. На моё Ходатайство о вызове из консульства представителя моего государства для участия в судебном заседании тоже было отказано. Такое отношение к гражданам другого государства нарушает мои конститутивные права эффективно защищать мои интересы, так как мои права на перевод были грубо нарушены, в судебном заседании и мне не был представлен переводчик.

По какой причине судебное заседание было отложено на 26.01.2023 г. мне не известно. Кроме того, в связи с тем, что я являюсь гражданином другого государства, мне было отказано в удовлетворении ходотайства на ПТР.

Считаю, что такое предвзятое отношение к иностранным гражданам нарушает международный договор и мои конститутсионные права на основании изложенного прошу: Вашего вмешательство и помочь мне восстановить справедливость.

Осужденный Шарипов Шерали Муродович,

12.09.1976 г.р. находящийся в ФКУ ИК-2, ул. Вербная, д.13 корн.2, г.Тюмень Российской Федерации

 

Идомаи ҷазои ҷиноӣ дар Тоҷикистон ғайриимкон аст

   Зафар Саидзода, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург (дар умум минтақаи Урал) дар посух ба қазия мазкур зимни суҳбат бо мухбири СССР чунин итиллоъ дод:

   - Тибқи қонунгузорӣ идомаи ҷазои ҷиноӣ дар Тоҷикистон ғайриимкон аст. Ин хел амалия ҳозир вуҷуд надорад. Амалияи «условно-досрочное освобождение» вуҷуд дорад. Маҳбасхонаҳо пешниҳод менамоянду он пешниҳоднома ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад. Агар Вазорати адлияи мо ба таври хаттӣ кафолат диҳад, ки баъди озод шудану ба Тоҷикистон омадани собиқ маҳбасӣ назорати рафтори ӯро ба зимма мегирад, суди Россия, чун қоида ҳукми мусбат интишор менамояд.

 Баъзан ин гуна пешниҳодномаҳоро унвони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи консулии мо ирсол медоранд. Вале чун моро ба суд даъват накарданд, аз ин бештар чизе гуфта наметавонем. Маълумоти бештарро инчунин метавон аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи кишвар низ гирифт. Барои ҳамкорӣ ва маълумоти бештар бошад шаҳрвандони мо дар ш.Тюмен метавонанд ба Абдулло Каримов, раҳбари Ташкилоти минтақавии Ҷамъиятии «Маркази фарҳангии миллии тоҷикон - Пайванд» тариқи телефони +7 904 473 88 37 муроҷиат намоянд.

PS: Вақте матлаб омодаи чоп мешуд, ин зиндонӣ бо 1001 умед боз 1 мактуб навишта, аз Зафар Саидзода хоҳиш кард, ки рӯзи 26.01.2023, соати 10:00 дақиқа дар суди навбатияш, ки дар н.Ленини ш.Тюмен баргузор мегардад, ҳузур дошта бошанд. Мо бовар дорем, ки консули номдори мо ҳатман ба ин протсеси судӣ ҳозир мешаванд ва моҷарор ба хонандагони СССР шарҳ медиҳанд. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter