ХАБАРИ ДОҒ

Одина Ҳошим хиёнат накарда буд!

  • Чоршанбе, Дек 28 2022

 

   Маҳмадалӣ Шарбатов -собиқадори фарҳанги ҶТ, директори мактаби санъати ба номи Файзулло Шарипови н. Ёвон занг зада гуфт, баъди хондани матлаби «Чигуна Амиршо Миралиев ва Саймумин Ятимов Одина Ҳошимовро наҷот доданд», ба хулосае омадам, ки вазъиятро ба хонанда шарҳ диҳам:

- Ман ҳамон рӯзе, ки устод Одина дар майдони Озодӣ баромад кард, ҳузур доштам. Ғофилан аз майдон мегузаштам, ки шӯру ғавғо хест, ки Одина Ҳошимро қапида овардаанд. Он замон, ҳайкали Ленинро наканда буданд ва майдон саросар дасти наҳзатиён будӣ. Қабл аз ин Одина Ҳошим тариқи ТВ баромад карда, гуфта буд, ки «мардуми Қаротегин, шумо дастурхондор ва меҳмоннавозед. Нону намакатонро бисёр хӯрдаам. Вале чаро миллатро ба кӯлобиву ғармиву ленинободиву помирӣ ҷудо мекунед? Ин корро бас кунед ва ғ ва ҳ.».

Рӯзи дигараш устодро бо писараш Раҳматулло кашида оварданд. Ман аз паси тӯда рафтам. Муллоҳои наҳзатӣ ба устод фишор оварда, бо сари зону чанде Раҳматуллоро заданд (аминам, Раҳматулло ин гуфтаро тасдиқ мекунад). Манзараро дида, устод гуфтанд, «Бачама назанед. Ман барои Раҳматуллои ҷун чӣ коре фармоед, мекунам ва чизе хоҳед, мегӯям!». Яъне устод ҳич гоҳ бо ин наҳзатиён набуд, вале аз тарси ҷони писараш маҷбур шуд, ба минбар барояд ва ҳар чизе гуфт, аз забони ӯ буду аз даҳони дигарон! Сипас устод суруди «Кӯҳандиёро!»-ро хонд. Наҳзатиён бошанд, баробари Одина Ҳошим такбир гуфта, дод мезаданд ва дар натиҷа ба чашми мардум чунин намуд, ки устод бо муллоҳои наҳзатӣ яке шудааст ва номашро дар Кӯлоб бадном ҳаминҳо карданд!

Чаро инро мегӯям? Зеро рӯҳи устод бояд ором гирад ва мардум бидонад, ки Одина Ҳошим ҳеҷ гоҳ тарафдори наҳзату майдоншинии муллоҳо набуд. Ҷояш ҷаннат...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter