ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар: арча неву фиреби назар

  • Чоршанбе, Дек 28 2022

 

Бадахшон Зардакова, хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз ш.Бохтар ба идора занг зада гуфт, ки аз дидани арчаи идонаи Бохтар нороҳат шуд.

   - Пиёда то дуконам омадаму дар назди бинои фарҳанги вилоят арчаи солинавиро додам. Шармам омад. Ин арча аз арчаҳои тамоми дунё бо холигияш фарқ мекард. Дар як арчаи 13-14 метра зӯр бошад, 30 дона шарикҳои ранга овезон аст, боқӣ ҳама чароғак аст, ки дар рӯз умуман гӯем вуҷуд надорад. Вақте, ки арчаи ш.Душанберо мебинӣ, арчаи Бохтарро дида, хандаат меояд. Ин арча неву фиреби назар аст. Аксари сафолакҳои майдони Кохи Фарҳангро, ки бо хуни дил, бо эҳтиёт устоҳо чинда буданд, ҳамон мошинҳое, ки гӯё омадаву "меҳнат" карда, арчаро оро доданд, шикастанд. 1-2 бозичае ҳаст, дар пеши арча аст, қафояш холист.

Аз СССР: Хонандагони гиром! Арчаҳои Душанбе низ ҳамингунаанд. Ин 1 навъ ноу-хау ё худ навоварист дар арчагузорӣ. Ин арчаҳо низ, рӯзона ҳамингуна бенур ба назар мерасанду шаб, ки чароғон шуданд, олам гулистон мегардад. Хоса, ки мо арчаи Бохтарро шабона дида будем, ки хеле чароғону равшану зебо буд. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter