28.12.2022. Агар моҷарои манъи маънавии Соли Нав, новобаста ба хатти маши дунявияти давлатамон ва сарвороӣ, яъне гузоштани арчаҳои солинавӣ дар майдонҳои марказии тамомии шаҳру навоҳии кишвар, ба кабинетҳои ҳукумат гузар намекард, ман ин матлабро наменавиштам. Бинед, дар ТВ тақрибан ЯГОН чорабинии солинавӣ нест! Бобои Барфиро аз эфир ронданду Барфак қариб, ки «экстремистка» эълон шуд. Ва ин дар ҳоле, ки мо давлати дунявием ва шукри Худо, ки Сарвари давлатамон ҳар охири декабр бо нутқи Солинавӣ тамомии раъиятро табрик мегӯяд. Пас ин дуҳавоӣ аз куҷо маншаъ мегирад?
Сарв аз бесамарӣ хилъати наврӯзӣ ёфт,
Ҷигари хеш махӯр, гар самаре нест туро!!!
Шоири шаҳири клоссики мо (исмашро ёбеду соҳиби ҷоиза гардед!) ба ун ишорат дорад, ки ҳазорсолаҳо пеш, маҳз тоҷикон-ориёиҳо Сарв, ҳамоно Арчаро зебу зиннат медоданд ва дар он «номаҳои орзу» овезон мекарданд. Аврупо аз МО ин анъанаи некро дуздид. Вале зери фишори психологии 4-5 арабзада мо Арчаву Бобову Барфакро мардуд эълон кардем...
Оламеро 1 сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад!
(Маснавӣ, Дафтари Аввал, байти 1596)
Ин ҳама, аккурат, 10 сол пеш оғоз гашт! Вақте Муфтии Тоҷикистон ба хабаргузории ВВС интервю дод.
03.01.2012. Суоли ВВС: Агар Шӯрои уламои исломӣ баргузории маросими Ошӯроро хатаре ба ваҳдати мусалмонони Тоҷикистон талаққӣ мекунад, назари ин ниҳод дар бораи таҷлил аз Соли Нави мелодӣ чи гуна аст?
Посух: Соли нави мелодӣ маросими динӣ нест. Мо ба маросими Ошӯро танҳо ба хотири дар масҷиди мазҳаби Ҳанафӣ баргузор шудани он эътироз кардем. Ин маросим ба мазҳаби мо бегона аст. Аз сӯйи дигар, Тоҷикистон муддати беш аз 70 сол аз ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд. Аз ин лиҳоз урфу одати бегона ба мардуми мо таҳмил шуд. Ҳатто дар даврони шӯравӣ ҳам иддаъи зиёди мусалмонони кишвар Соли навро ба мазҳаби худ бегона хонда ва аз он таҷлил намекарданд. Назари Шӯрои уламои исломӣ дар қиболи Соли нави мелодӣ чунин аст:
«Ин урфу одати бегона ва берун аз дини мост. Худи ман аз мардум даъват мекунам, ки аз харҷи зиёд ба ҳангоми истиқболи Соли нави мелодӣ худдорӣ карда, ба афроди фақир ё ятим кӯмак кунанд. Харҷи зиёд дар ҷашни бегона гуноҳ буда, беҳтар аст ин маблағро дар кори савоб истифода кунанд, ки аз ин тариқ боиси муҳаббату дӯстии афроди фақирро ба даст меоранд. Аз назари шариъат низ Соли нави мелодӣ аз ислом бегона аст ва агар дар ин ҷашн исрофкорӣ шуд, исрофкорӣ дар ислом ҳаром аст».
Ба забони содаву оммафаҳм мусоҳиб ин ҷашнвораи дунявиро «бегона», «гуноҳ» ва «ҳаром» мехонад!!! Ва ин дар ҳолест, ки Соли Нав дар тақвими давлатӣ рӯзи истироҳат ва дар Қонунгузории Тоҷикистон чун иди расмӣ шомил шудааст. Мо ин ҷо танҳо Идҳои Расмии давлатиро ба самъи муллову муфтиҳо ва аъзои Шӯрои уламои исломии давлати дунявии хеш мерасонем:
Идҳои расмӣ дар Тоҷикистон
-1 январ — Соли нави мелодӣ (!!!)
-8 март — Рӯзи модар
-21-24 март — Иди байналмилалии Наврӯз
-1 май — Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон
-9 май — Рӯзи Ғалаба
-9 сентябр — Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон
-6 ноябр — Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Иди Рамазон — 1 рӯз- ҳар сол (мутобиқи тақвим)
-Иди Қурбон — 1 рӯз — ҳар сол (мутобиқи тақвим)
Nocomment...
Соли нав ва ҷамъияти кӯҳна
Душмани ин ид кист? Таассуб. Бале ҷамъияти мо думболаи таассуб меравад. Ҷамъияти мо аз ин ид рӯ тофт. Дигар барои мо муҳим ҳам нест, ки Соли Нав ба ягон маросими диниву мазҳабии насронӣ бастагӣ надораду тибқи тақвим ва солшумории мо, 1 январ Соли Нави корӣ оғоз мешавад!
Дар куҷое, кадом авбоше, кадом Бобои Барфиро кушт? Аҳаааа, баҳона тайёр:
-Таҷлил накунед, ки боз касеро мекушанд!!!
Ва ҳарчанд суд маълум намуд, ки қотилон аслан ба дину мазҳаб рабте надошта, гурӯҳи бадахлоқу майзада будаанд, барои мо мадрак ёфт шуд, то Соли Навро манъулвуруд ва Бобои Барфиро персона нон-грат эълон намоем. Ин баҳонае барои мақомдорони фанат гардид. Зеро онҳо баҳона меҷустанд. Чунки кадом мутаассиби пешвояшон гуфтааст, ки шумо, яъне, Тоҷикон, мавлуди Исоро ҷашн мегиред. Наузамбиллоҳ. Аз кай таҷлили таваллуди пайғомбари барҳаққ ва мурсал куфр шудааст?
Ҳамин таассубе, ки ҳамакнун Соли нав, соли расмии оғози кору фаолият ва ана бигзор-зодрӯзи Исо пайғомбари мурсалро, куфр кардааст, магар Наврӯз-соли нави ориёии сирф «антиисломӣ»-ро куфр намехонад? Ещё как мехонад! Бо ҳамин тафаккури пӯсида, ки дорем, дур нест, Наврӯзро низ ҳаром гӯем! Мавлавиву машоихҳои элокиву белокии худхонда (самозванец), кайҳо онро «саргини шайтон» ҳукм кардаанду мо хомӯшем. Зеро метарсем, ҳар сафсаттае мулло гуфт, зиддаш шӯридӣ, печати калону лумби КОФИР дар пешонаат мезананд...
Муллову муфтиву шайху биҳишти приватизатсияшудаву дӯзахи заказной ва ҳарому ҳалолашон 1 сӯ. Ростӣ, ман зиёиёни тарсуро намефаҳмам, ки имрӯз мисли селаи чумчуқ канораҳое ҷамъ шуда, ниҳонӣ нӯшбод гуфтаву пинҳонӣ Соли Навро ҷашн мегиранд. Мо ҳодии воқеӣ дар симои зиёиён надорем. Мо ба таъбири Сафват Бурҳонов «сиркаи ҷамъиятӣ» надорем. Мо ҷамъияти бузурги зиёиён дорем, ки солҳои тӯлонӣ нотарсидаву наваҳмида хидмати идеологияи русӣ-болшевикӣ мекард. Ҳамаа(м)шон зинда. Ба толорҳои ҷаласаҳои сатҳи давлат назар дӯзед, фикр мекунед, пахтабозор аст. Худо умр диҳад. Аммо надидем, ки бо ибтикори худ, бо имзои хеш…аз ин давлату истиқлолият, Соли Наву Шаби Ялдову Наврӯз ва дунявияти ҷамъият пуштибонӣ карда бошанд. Метарсанд? Аз кӣ ва ё аз чӣ? Инҳо ба таъбири Бозор Собир арақро задаву боз муллоеро диданд, такбир медиҳанд:
-Хизматгори 2 хоҷа будан шояд бас будагист?
Бозор Собир, Лоиқи нозанин, Ашӯри Сафар, Қутбӣ Кироми беҳамто дуруст мегуфтанд, ки интеллигенсия чу тарсуву хонашин шуд, соли 1990 Тоҷикистонро вабо зер кард. Вабое, ки моро ба садсолаҳо дур партофт. Шукронаи Худо, ки Марде даррасиду моро аз варта бадар кашид...
Вале вабои нав ва пирӯзтар аз соли 90 моро мунтазир аст, агар зиёиёни ваҳмзадаи мо хомӯширо ихтиёр кунанд. Ба Сурияву Ироқу Афғонистону Покистон нигаред ва хамӯш нашине(м)д, муҳтарамҳо, барандаҳои озмуну ҷоизаҳои давлативу медалу орденҳо.
Ақаллан имрӯз, ки Давлат пуштибони шумост, садо баланд кунед, гӯед, нависед, ҷор занед, доду фарёд кунед, ки:
Соли Нав муборак!
Тамом вассалом.
Бо ҷаҳони номусоид сохтан,
Ҳаст дар майдон сипар андохтан...