Саид Муқимов, сокини Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и н.Кӯшониён ба идора занг зада (тел: 909199178), гуфт, ки сокинони участкаҳои Маданият, Давлатов, Навкор ва чанд участкаи дигари ҷамоати номбурда, маҷбуранд аз оби ифлоси канал истифода баранд.
- Бори дуюм аст, ки тавассути газетаи мардумии СССР муроҷиат намуда, бонги хатар мезанам. Сокинони участкаҳои дар болозикршуда чанд сол аст, ки аз оби ифлоси канал барои хӯроку дигар эҳтиёҷоти рузғори худ истифода мебаранд. Бо ҳамсоягон чандин маротиба каналро аз ҳар гуна ифлосиҳо тоза мекунем, барои пешгирӣ намудани партофтани партовҳои сахти маишӣ ҳам бори якум нест, ки бо ҳамсояҳо даст ба гиребон шудаем. Вале мушкили асосӣ он аст, ки ин канал аз ҳудуди ш.Бохтар мегузарад ва аксари партову ифлосиҳоро сокинони ш.Бохтар ба ин канал мепартоянд. Ин амали ношоистаро кӣ бояд пешгирӣ кунад?