ХАБАРИ ДОҒ

«Мармариён»: обрӯи ошхонаи хуҷандиро нарезонед!

  • Чоршанбе, Янв 04 2023

 

М.Аминова, сокини ш.Душанбе ба идора занг зада (тел: 2385556), гуфт, ки бархе аз ошхонаҳои хуҷандӣ дар пойтахт, бо хизматрасонии бад ва дағалии кормандон обрӯи ошхонаи хуҷандӣ ва меҳмоннавозии мардуми вилояти Суғдро мерезанд.

   - Агар гузарам ба наздикиҳои маркази савдои «Садбарг» афтад, ҳатман дар ошхонаи «Мармариён», ки ошпазу кормандонаш хуҷандианд, хуроки нисфирӯзӣ мехӯрам. Рузи 24.12.2022 ҳам саргарми даводави идона барои хӯрокхурӣ ба ин ошхона даромадам. Агар аз 1 тараф сифату кайфияти ғизо назар ба солҳои аввали фаолият бад шуда бошад, аз тарафи дигар муоширату муносибати кормандон, хосса хазиначиҳо низ назар ба 2-3 соли гузашта иваз шудааст. Вақте ман чойники шикастаи чойро, ки бароям доданд, ба хазиначӣ бурда, хостам арз кунам, ба ҷои маъзарат, мавсуф бо дағалӣ гуфт: «Куҷояш кафида? Хӯрдан гиред!». Тавре рафтор кард, ки гуё ман аз ӯ қарздорам!

 Муҳтарам ошпазон ва ошхонадорони хуҷандӣ! Лутфан бо сифату кайфияти бад ва муносибати дағалонаи худ обрӯи ошхона ва меҳмоннавозии хуҷандиро нарезонед! Аввали кор шумо ба Душанбе омада, чун дар Хуҷанди Бостонӣ хушмуомила ва бодобед, вале бо гузашти айём, ки мизоҷон зиёд шуду соҳиби даромади ҳангуфт гаштед, ба таъбире «мегузаронед!».

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter