ХАБАРИ ДОҒ

Полковники КГБ Давлатхӯҷа Назиров (солҳои 80-ум)

«Инсони комил дар куҷое набошад, кадом мартабаву мақомеро доро набошад, бояд ба мардумаш хидмати шоиста кунад. Ман рисолати худро дар он мебинам, ки қабл аз ҳама дар пеши ҳамкоронам, ки бештар аз қавмҳои аврупоии русу украин иборатанд, бо рафтору кирдори хеш симои миллати тоҷикро намоён созам…».

Он чийе, ки алҳол мегӯем, аз солҳои 20-уми асри XX ба ин сӯ муносибат дорад. Ин мавзуъ рабт дорад ба хадамоти бехатарӣ, мақомоти амнияти давлатии СССР, мусаммо бо КГБ. Баробар ба миён омадани давлати фуқаропарвар – давлати нав дар харитаи сиёсии дунё бо номи Иттиҳоди Шуравӣ ниҳоди бехатарӣ, амнияти давлатӣ низ арзи вуҷуд намуд. Ин ниҳоди тавонои вақтро револютсионери ҷонфидо, содиқ ба Ватан, корманди касбӣ, сафдар Феликс Эдмундович Дзержинский бунёд ва роҳбарӣ мекард.

Гап сари он меравад, ки аз оғози фаъолият ин ниҳоди пуровоза (ЧК, ВЧК, ОГПУ, ГПУ, КГБ) чи гуна касонеро ба кор ҷалб менамуд. Ба андешаи инҷониб он чун буд.

Якум, аз рӯзҳои аввали мавҷудият ин ниҳод сафи худро аз ҳисоби инқилобгарони пинҳонкор, револютсионерони собиқадор аз аҳди Россияи подшоҳӣ, ки онҳоро пайгир, ҳабс ва бадарға менамуданд, пур мекарданд.

Дувум, миқдори ками дар кам аз ҳисоби шуъбаи хуфияи подшоҳии Россия (охранка) буд. Аммо ин тоифаи кормандон бо ризоият, мақсаднок ва бо шартҳои зарурӣ ҷалб мешуданд.

Савум, аз ҳисоби ҷавонони револютсионер, коргарбачаҳову деҳқонони камбағали содиқ ба доҳии пролетариати ҷаҳон В.И. Ленин, ки баъдтар комсомолашон мегуфтанд.

Чорум, аз ҳисоби коммунистони парҳезкор дар ҳар давраи муайян, ба ниҳоди мазкур сафарбар мешуданд.

Панҷум, аз ҳисоби сағираҳои интернатҳои давлатӣ – фарзандони ҳукуматӣ, ба қавле «бачаҳои Сталин», ба фаҳми имрӯза «ятимони кулл». Ва ҳоказо…

Сарфи назар аз мӯшикофона аз назари таҳқиқ гузарондани номзадҳо, аз миёни ҳазорон ҳазор нафари кормандони мақомоти амнияти давлатӣ 3-4 кас ва ё хайр ношукрон, хоинон, ватанфурӯшон низ аз худ овоз рӯшан мекарданд. Беҳуда ҳам намегӯянд, ки гул бе хор намешавад. Аммо ин мавзуъи дигар аст.

Хулосаи ин қисмат чунин хоҳад буд. Дар ин ниҳод бачаҳои ҳукумат сағираҳо чуст, устувор ва содиқтар меғалтанд…

 

Эҳтиром

Давраи советӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ шуъбаҳои КГБ амал мекарданд.  Дар ноҳияҳо штати корӣ ками дар кам буданд. Мардумони одӣ аксар кормандони ин ниҳодро на медонистанду на мешинохтанд. Ба ҷуз мақомоти дахлдор, шахсони масъули давлатӣ ва айёрони давр. Кормандони КГБ-и онвақта баҳудаву беҳуда ба ҳар ҷо сар намехалонданд ва дар ҳар куҷои ростомада шаҳодатнома (удостоверения)-и хидматии худро ба таҳи бинии дилхоҳ нафар наметиқонданд.

Сокинони давлати паҳновари советӣ то нимаи солҳои 80-уми асри XX ба ниҳоди таҳти назар боварӣ, эҳтиром, эътимодро қоил буданд. Халқ ба фаъолияти ин ташкилот бо назари нек менигаристанд. Онҳо бовар доштанд, ки ин ниҳод амнияти мардумро кафиланд. Қисми ками одамон аз ташкилот ҳарос доштанд, метарсиданд, ки чунин тарзи муомила беҷо ҳам набуд. Аммо ҳар нафари ростраву росткор ва бофаҳм медонист, ки Кумитаи бехатарии давлатӣ бақои давлат аст.

 

Чуст

Пештоз парда аз розе мебардорем. Дар ниҳоди таҳти назар он солҳо аз миёни тоҷикон, ба вижа тоҷикони кӯҳнишини кишвар хеле кам касон дар ин ниҳод маъмурият доштанд ва аз ин ками дар кам то мартабаи «полковник»-ӣ мерасиданд.

Аз кормандон, зодагони кӯҳнишини онзамона танҳо ду танро медонам, ки то мартабаи «полковник» расидаанд.

Якум – полковник Холбобо Шарифов, … мудири шуъбаи идеологияи КГБ РСС Тоҷикистон (1967-1976), зодаи ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик). Баъд муовини раиси КМ ДОСААФ-и РСС Тоҷикистон (1976-1990)…

Дувум – полковник Давлатхӯҷа Назиров (соли таваллуд 1939), зодаи ноҳияи Фархор…

Ин дафъа аз «фарзанди ҳукумат»-ятими кулл Д. Назиров хоҳем гуфт. Корманди амнияти содиқи Ватан ва халқи худ, умре дар саф.

 Ҳини таҳсил Давлатхӯҷа Назиров дар курси 5-и факултаи биологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин бо донишҷӯи курси 1-уми ҳамин факулта Фирӯзамо Мералишоева оила бунёд кард. Ҳар ду ҳам сағираи кулл, кайҳо боз аз меҳрубонии падару модари худ маҳрум монда буданд. Давлатхӯҷа баъди танҳо монданаш (аз соли 1955) дар тарбияи амак, Фирӯзамо пас аз даргузашти модараш (соли 1946) дар тарбияи холааш ба камол расида буданд.

Моҳи октябри соли 1961 Д. Назиров ҳамчун муаллими химия ва биологияи мактаби миёнаи ба номи Маяковский ва Фирӯзамо муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнии шаҳраки Фархор ба фаъолият пардохтанд.

 

КГБ

Аввали моҳи майи соли 1962 Д. Назировро номзад ба аъзоии ҳизби коммунист қабул ва баъди гузаштан аз суҳбат дар КМ ЛКСМ ва КМ ПК Тоҷикистон, котиби якуми комитети комсомолии ноҳияи Фархор интихоб намуданд.

Аз соли 1963 фарзанди ҳукумат – Давлатхӯҷа Назировро КГБ ба ҳайати худ хонд. Охири ҳамон сол ҷавони қобилу ташкилотчӣ ва ташаббускор ба хондан, дар курсҳои олии КГБ СССР сафарбар шуд. Ва ӯ сар аз ҳамон сол 25 соли расо дар ин ниҳод ба халқу Ватан хизмат кард.

Ӯ дар ин мақомот зиёда аз 20 сол ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм иштиғол дошт. Зиёда аз 15 сол бо маъруфтарин намояндагони ислом, руҳониён, эшонҳо, саидзодаҳо ва тӯраҳо дучор омадааст. Аз солҳои 70-ум ба исломистҳо, руҳониёни ҷавон, ки кӯшиши исломисозиро дар сиёсати давлати советӣ ният доштанд, сари кор гирифтааст…

Давлатхӯҷа Назиров таҳсилдидаи Мактаби олии КГБ СССР дар шаҳри Минск (1964). Фаъолият дар ниҳоди КГБ Тоҷикистон, шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва шаҳри Перми Россия ӯро соҳибмартаба гардонд. Ҳангоми хидмат се маротиба (1974, 1977, 1988) курсҳои роҳбариро гузашта, аз корманди амалкунанда то сардори шуъба сабзид.

Мавсуф моҳи октябри соли 1989 дар рутбаи полковник барои расидан ба синни бознишастагӣ ба нафақа баромад.

Генерал-майори неруҳои низомии СССР дар ҳолати эҳтиёт (2001).

 

Ваколатдори дин

Баъди ба нафақа баромадан ба сифати Ваколатдори Шуро ба корҳои дини назди Шӯрои Вазирони СССР дар вилояти Кӯлоб (1990), мутахассиси пешбари шуъбаи совети Хазинаи сулҳ дар Тоҷикистон (1991), ёрдамчии раиси Кумитаи давлатии муҳити зист (1991), ёрдамчии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992), мушовири вазири иқтисоди Тоҷикистон (1998-2000), корҳои эҷодӣ (1992-1997), муовини аввали раиси Бунёди сулҳи Тоҷикистон (2002-2003), мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003-2004), директори Маркази таҳлилии масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм «Щит» (2003-2004), сармуҳаррири рӯзномаи «Щит» (аз октябри соли 2003).

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1991), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010), номзади илмҳои фалсафа (2005), доктори илмҳои фалсафа (2010), дорандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2013).

Аз соли 1999 мақолаҳои илмии ӯ оид ба масъалаҳои фактори исломӣ, проблемаҳои экстремизми динӣ – сиёсӣ ва терроризм чоп шудан гирифтанд.

Д. Назиров, олим ва нависанда муаллифи 6 монография, 3 маҷмуаи мақолаҳо, бештар аз 200 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ буда, бо масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ машғул мебошад.

Монографияҳои «Религиозно-политический экстремизм и терроризм в Центральной Азии» (2007), «Религиозно-политический экстремизм и терроризм в Центральной Азии (2007), «Проблемы международного терроризма и религиозного экстремизма в условиях глобализации» (2009), «Политический ислам в Таджикистане» (2010), «У терроризма нет лица» (2012, 2013)…

Маҷмуи мақолаҳои «Генезис религиозно - политического экстремизма и терроризма» (2006), «Угрозы и вызовы терроризма, религиозного экстремизма странам Центральной Азии, Российской Федерации и КНР (2010), «З. Бжезинский и его «великая шахматная доска» (2012)…

Китобҳои бадеӣ: повестҳои «Искатели приключений» (2007), «Наркобароны» (2010), «Саидамир Фиғони и его потомки» (2010), «Фархор – твои люди» (нашри 3, 2019, 696 саҳ.), «В плену у моджахедов», «На страже родины» (2017) ва ҳоказо…

 

Агар Холбобо Шарифов дар 33-солагӣ ба кумитаи давлатии бехатарӣ ба кор омадаву дар ин ниҳод 9 сол шуғл варзида бошад, Давлатхӯҷа Назиров аз ташкилоти комсомолӣ дар 24-солагӣ ба КГБ омадаву 25 сол (то ба охир) хизмат кардааст. Пас набошад ба қавли донишманди фарҳехта Зафари Мирзоён ман танҳо як «кӯҳнишин», корманди воқеии КГБ-ро мешинохтаам.

 

Умари Шерхон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter