ХАБАРИ ДОҒ

СУҒД-2022 (Ё худ 11 моҳи босамари 1 вилоят)

  • Чоршанбе, Янв 04 2023

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

 

Вазъи иҷрои буҷет

Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 11 моҳи соли 2022 ба андозаи 104,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3941,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 179,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар 11 моҳи соли 2022 ба буҷети маҳаллии вилоят 2327,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёд иҷрошавӣ 73,8 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 103,3 фоизи нақша мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 2295,95 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 2293,1 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 99,9 фоизи нақша мебошад. Дар 11 моҳи соли 2022 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 838,1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 859,6 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 102,6 фоизи нақша мебошад.

 

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 11 моҳи соли 2022 ба 13879,2 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3716,0 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 103,1 ва 110,8 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба 2840,7 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 140,5 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 1892,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 409,7 миллион доллар ё 27,6 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 948,0 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 408,9 миллион доллар ё 1,8 баробар зиёд мебошад.

Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 340,0 миллион доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 359758 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 624,2 миллион доллари ИМА содирот шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 65,8 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 16,8 банди фоизӣ боло рафтааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 83428 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 696082 тонна семент ба маблағи 21,6 миллион доллари ИМА содирот шудааст.

Содироти нахи пахта нисбати ҳамин давраи соли пешин 1031 тонна коҳиш ёфта, ҳамагӣ 29643 тонна нахи пахта ба фурӯш бароварда шуда бошад ҳам, аз ҳисоби болоравии нархи бозори ҷаҳонӣ маблағи аз ин ҳисоб ба даст омада 10,9 миллион доллар афзуда, 73,3 миллион долларро ташкил намудааст.

  

21 лоиҳаи сармоягузорӣ

Дар вилоят шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ ба санаи 01.12.2022 аз аввали бақайдгирӣ 121196 адад, аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродӣ 112341 адад буда, аз рӯи патент 17805 нафар, шаҳодатнома 11319, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 16680 нафар фаъолият мебаранд. Шахсони ҳуқуқӣ 8806 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 66537 адад ба қайд гирифта шудаанд.

Дар қаламрави вилоят фаъолияти 613 ташкилоту муассисаи қарздиҳию хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла, 2 бонки мустақил, 3 ташкилоти амонатию қарздиҳӣ, 7 фонди қарздиҳии хурд, 98 филиали ташкилотҳои қарздиҳӣ ва 503 маркази хизматрасонии бонкӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар вилоят 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дошта, тибқи маълумоти Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо 40 миллион доллари ИМА маблағ азхуд карда шудааст.

 

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ

Дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 36,7 миллион доллари ИМА 128193 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 13,5 миллион доллар зиёд аст. Ҳиссаи хушкмева ва пиёз дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 38,1 ва 48,6 фоизро дарбар гирифта, дар ин давра 48800 тонна хушкмева ба маблағи 24,64 миллион доллар ва 62249 тонна пиёз ба маблағи 6,3 миллион доллар содирот шудааст. Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 1,9 миллион доллари ИМА афзудааст. Афзоиши содироти хушкмева 10813 тоннаро ба маблағи 10,56 миллион доллар ташкил намудааст.  

Дар соли 2022 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҳаҷми 133800 тонна пешбинӣ гардида, то санаи 10-уми декабр бо вазни физикӣ 133950,0 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 100,1 фоизи нақшаи дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19336,4 тонна зиёд мебошад. Мавриди зикр аст, ки санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ маросими ҷамъбасти мавсими пахтачинӣ ботантана баргузор гардида, шаҳру ноҳияҳо бо автомобилҳои хизматӣ, инчунин, ҷамоат-ҳои пешсаф, чинакчиёну механизаторон, агроному обронҳо бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар миқёси вилоят 40 сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1700 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии 11910 тонна мебошанд. Айни ҳол мавсими захираи маҳсулот оғоз гардида, 2018,0 тонна маҳсулот, аз ҷумла 980,0 тонна себ, 750,0 тонна ангур ва 288,0 тонна дигар намуди маҳсулот захира шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ карда шуда, дар ин давра дар бахши корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 505 гармхона ба қайд гирифта шуда, фаъолияти 501 гармхона ба роҳ монда шуд, ки аз он 274 гармхонаи навъи хитоӣ ва 4 гармхона навъи инноватсионӣ мебошанд.

 

 Саноат ва энергетика

Ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, давоми 11 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21759,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3595,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридот-ивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба миқдори 1225,9 ҳазор тонна семент ва 1703,4 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 2190,4 тонна калоба ва 7037,7 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.

 

 Сохтмон ва меъморӣ

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 809,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд ва корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 1540,8 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан 120,3 ва 122,2 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 1836,3 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 126 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 484,2 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 79,0 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Илова бар ин, барои 3084 ҷойи нишасти талаба дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, 100 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 120 кат дар беморхона ва барои 60 қабул дар як баст дар дармонгоҳҳо иқтидорҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.

 

Нақлиёт ва коммуникатсия

Дар 11 моҳи соли 2022 тавассути маҷмӯи нақлиёт 29,6 миллион тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 214,0 миллион мусофир кашонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 108,5 ва 110,7 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор тавассути нақлиёти автомобилӣ 26,6 миллион тонна бор ва 213,9 миллион мусофир кашонида шуда, ҳиссаи он дар маҷмӯи бору мусофиркашонии вилоят мутаносибан ба 89,5 ва 99,95 фоиз расонида шуд.

Дар вилояти Суғд 69 муассисаи нақлиётӣ, аз ҷумла, 68 муассисаи нақлиёти хусусӣ ва 1 муассисаи давлатӣ фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 25 муассисаи нақлиётии мусофиркашон, 5 муассисаи нақлиётии боркашон, 24 муассисаи нақлиётии боркашону мусофиркашон ва 15 ширкати нақлиётии байналмилалӣ мебошанд. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди вилоят 8184,7 километр буда, аз он 3292,07 километр дар мувозинаи Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят, 278,9 километр дар мувозинаи ширкати IRS, 594,1 километр дар мувозинаи хоҷагии манзилию рифоҳӣ қарор дошта, 4019,63 километр роҳҳои байнихоҷагӣ мебошад.

Дар соли 2022 таъмиру тармими 2021,1 киломтер роҳҳо ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 223,0 километр таъмири асосӣ, 956,1 километр таъмири ҷорӣ ва 842,0 километр шағалпӯш мебошад.

 

Вусъати шуғли пурмаҳсул

Музди миёнаи меҳнат дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ мувофиқи вилоят 1593,60 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 201,20 сомонӣ зиёд мебошад.

Давоми 11 моҳи соли 2022 ба раёсат, шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40223 шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки аз он 20483 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 27160 нафар ҳамчун корҷӯй дар сохторҳои мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд.

 

 Илм ва маориф

Дар соли таҳсили 2022-2023 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 278 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 205 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 60 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 44713 кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд.

Соли таҳсили 2022-2023 дар вилоят 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 41 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 832 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 26 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 571729 нафар, аз ҷумла, 280773 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Нисбат ба соли таҳсили 2021-2022 шумораи муассисаҳои таълимӣ 2 адад зиёд шудааст.

Дар 11 моҳи соли 2022 дар вилоят 43 иншооти соҳаи маориф бо 12308 ҷои нишаст, аз ҷумла дар назди 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 429 синфхона бо 11098 ҷойи нишаст, 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1210 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Шумораи омӯзгорони вилоят 37662 нафар, аз ҷумла, занон 26329 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 32183 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1397 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 4102 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Шумораи омӯзгорони дорои маълумоти олӣ сол аз сол афзуда, дар оғози соли нави хониш ба 85,4 фоизи шумораи умумии омӯзгорон расонида шудааст.

 

Тандурустӣ

Дар вилоят 934 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ, аз ҷумла, 135 муассисаи сохтори госпиталӣ, 799 муассисаи сохтори КАТС, инчунин, 139 муассисаи махсусгардонида ва 292 муассисаи ғайригоспиталии хусусӣ бо назардошти намояндагиҳо фаъолият доранд.

Ба аҳолии вилоят 5150 табиб ва 17854 корманди миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд. Аз ҷумла, 2623 нафар ё 50,5 фоизи табибон ва 6820 нафар ё 38,2 фоизи кормандони миёна дорои дараҷаи тахассусии касбӣ мебошанд. Аз ҷумла, 6 доктори илми тиб ва 74 номзади илми тиб фаъолият доранд.

Дар вилоят 3 беморхонаи касалиҳои сироятӣ якҷо бо шуъбаҳои сироятии беморхонаи марказии шаҳру ноҳияҳо бо 1030 кат фаъолият дошта, барилова 1700 кати захиравии карантинӣ омода карда шудааст. Ҳамзамон, 21 муассисаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо 5075 кат дар ҳолатҳои зарурӣ фавран омода карда мешаванд. Шуъбаҳои наҷот ва ҳуҷраҳои муолиҷаи интенсивии муассисаҳои нигаҳдории тандурустии вилоят бо дастгоҳи нафаси сунъӣ, оксигенератор, кардиомонитор, пулсоксиметр ва дастгоҳи оксигени тиббӣ пурра таъмин гардидаанд.

 

 

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки шумораи бошандагони он 1804 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии маъюбон ба санаи 1-уми декабри соли ҷорӣ 47099 нафар, аз ҷумла маъюбони гурӯҳҳои 1,2,3 38944 нафар ва кӯдакони маъюби то синни 18-сола 8155 нафар мебошад.

Шумораи нафақагирон 236683 нафар ба қайд гирифта шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба 121489 нафар, аз ҷумла, нафақаи меҳнатӣ ба 107702 нафар ва нафақаи иҷтимоӣ ба 13787 нафар, инчунин, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ба 115194 нафар, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 76287 нафар ва нафақаи давлатӣ ба 38907 нафар таъйин карда шудааст. Шумораи умумии нафақагирон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 644 нафар зиёд шуда, андозаи нафақаи миёна ба 305,20 сомонӣ баробар шудааст.

 

Фарҳанг

Дар вилоят 362 китобхона, 133 муассисаи клубӣ, 6 клуби сайёр, 95 қаср, кох ва хонаҳои фарҳанг, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 осорхонаи таърихии вилоятӣ, 15 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 8 хона-музей, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 1 амфитеатр, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 2 филармонияи халқӣ, 64 ансамбл, 2 гурӯҳи ҳаҷвӣ, 30 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 2 студияи сабти овоз, 3 радио ва 1 телевизиони маҳаллӣ фаъолият доранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз онҳо 13 адад аҳамияти умумибашарӣ, 91 адад аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1086 адад аҳамияти маҳаллӣ доранд. Ин ёдгориҳо муаррификунандаи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардида, барои ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик мусоидат менамоянд.

 

Варзиш

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2829 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 49 варзишгоҳ, 1954 майдончаи варзишӣ, 622 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ, 8 маҷмааи варзишӣ ва 158 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Ҳамзамон, дар 11 моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 55 иншооти варзишӣ, аз ин 13 толор ва 1 маҷмааи варзишӣ, 34 майдончаи варзишӣ ва 7 майдонча барои бозии кӯдакон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 16465,9 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо ба маблағи 7992,0 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят фаъолияти 42 мактаби варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ, 28 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 1 мактаби варзишӣ дар тобеияти кумитаҳои иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” ба роҳ монда шудааст.

 

Сайёҳӣ

Ҳоло дар вилояти Суғд 41 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ–Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. Дар вилоят 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегирад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 91 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 61 меҳмонхона, 16 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 4 лагер, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии зиёда аз 7000 ҷой ба шаҳрвандон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Ҳамзамон, 40 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.

 

Маъракаю маросим

Дар 11 моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20450 маъракаю маросим, аз ҷумла 15985 тӯйи домодию арӯсӣ, 4465 маъракаи азодорӣ, аз ҷумла 2738 маъракаи чил ва 1727 маъракаи сол баргузор гардиданд. Маблағи харҷи умумӣ барои баргузории ин чорабиниҳо 116,3 миллион сомониро ташкил дода, хароҷоти миёна барои 1 маърака 5687 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар арафа ва рӯзҳои таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ хатнасури хайриявии 49 нафар кӯдак дар 6 маърака ва тӯйи домодию арӯсии 6 ҷуфт аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат дар 6 маърака бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастии корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ва соҳибкорон гузаронида шуданд.

Айни ҳол, дар қаламрави вилоят дар асоси талаботи қонунгузории соҳа 924 иттиҳодияи динӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, теъдоди масҷидҳои ҷомеи марказӣ 13 адад, масҷиди ҷомеъ 91, панҷвақта 803 ва иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ 17 ададро ташкил медиҳанд.

 

700 корхонаи ҷашнӣ

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шуда, дар 11 моҳи соли ҷорӣ таъмиру тармими 1982 иншоот ба итмом расонида шудааст.

Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавию минтақавӣ, давоми 11 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав бо 2820 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

 

Раҷаббой Аҳмадзода,

раиси вилояти Суғд

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter