ХАБАРИ ДОҒ

 

Дуруд! Дар Помир ҳар кас мекӯшад дар ҳавлии худ дарахти арча бишнонад. Агар дарахти зинда набошад ҳам, ҳар яке аз хонаводаҳо дар хонаҳояшон шохаҳо ва чӯби ин дарахтро нигоҳ медоранд. Зимни истиқболи ҷашнҳои тақвимӣ, мазҳабӣ қаламаҳои чӯби арчаи маҳаллӣ беҳтарин чароғакҳои идонаанд. Онҳо ба ғайр аз он ки дерсӯз ҳастанд, бӯи фораме ҳам доранд, ки фазои хонаро бо хушбӯияшон шукӯҳи идона мебахшанд. Дар бисёр деҳаҳои Бадахшон арчаҳое вуҷуд доранд, ки аз ҷониби мардум ба ҳайси мазорҳо қабул шудаанд. Одамон онҳоро парастиш мекунанд, гирду атрофашонро ҳамеша тозаву озода нигоҳ медоранд ва майдони назди онҳоро ҳамчун маконе барои таҷлили фарҳангӣ истифода мекунанд. Арчапарастӣ нишонаи беҳтарини табиатдӯстии одамон аст!

Қурбони Аламшо,

ш.Хоруғ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter