ХАБАРИ ДОҒ

Хоруғ: нархи роҳкиро арзон шуд!

  • Чоршанбе, Янв 11 2023

Муҳиба Назарова, сокини ш.Душанбе ба редаксия занг зада (тел: 2385556), гуфт, ки бо назардошти арзон шудани маводи сухт дар ш.Хоруғ роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ арзон шудааст.

   - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар паст рафтани нархи сузишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ нархи роҳкироро дар ҳудуди вилоят ба танзими муайян даровард. Сар аз 17.12.2022 нархи роҳкиро дар дохили ш.Хоруғ дар хатсайрҳои 1,2,3,4 - 2 сомонӣ, самти Хоруғ-Сучон 2 сомонӣ ва самти Хоруғ - Поршинев 5 сомонӣ муқаррар гардидааст. Чаро раҳбарияти вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ аз ин амали раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ибрат намегиранду нархи роҳкироро дар нақлиёти ҷамъиятӣ арзон намекунанд?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter