Садриддин Азимов, хонанда ва муаллифи фаоли газетаи мардумӣ аз ш.Душанбе занг зада гуфт, ки ба вазири нави кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода барор орзуманд аст.
- Қурбон Ҳакимзода, собиқ раиси вилояти Хатлон имрӯз бо Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Мо ба вазири нави кишоварзӣ дар ин вазифаи сермасъул ва муҳим муваффақият таманно дорем. Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва рушди кишоварзӣ дар мамлакати мо маҳаки асосии пешрафти иқтисоду бозор ба шумор меравад. Умедворем вазири нав, ки худ мутахассиси соҳа аст, барои беҳтар намудани вазъи соҳа, хоса деҳқони тоҷик кушиш ба харҷ медиҳад, зеро деҳқони тоҷик имрӯз дар хақиқат дар ҳолати бисёр вазнини иқтисодӣ қарор дорад. Набудани сабукиҳои молӣ ва гарон будани нархи заҳрхимикатҳову маводи сухт худ алакай бозгӯи он аст, ки деҳқон чӣ ҳол дорад.