ХАБАРИ ДОҒ

 

Барои ба азнавбақайдгирии симкортҳо муҳлати кам мондааст

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри 1 паём дар сомонаи расмии худ ба шаҳрвандони мамлакат, ки то ба имруз сим-кортҳои худро тибқи шиносномаи намунаи соли 2014 аз қайд нагузаронидаанд, ҳушдор дод, ки барои анҷом додани ин кор танҳо 1 моҳ муҳлат мондаасту халос.

 

То 15.02.2023…

Тавре дар огоҳномаи вазорат омадааст, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми феврали соли 2023 муайян шудааст.

Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, хоҳиш карда мешавад, ки таъҷилан барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

 

Руйхати ҳуҷҷатҳои даркорӣ

Барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1. Шиносномаи намунаи соли 1996.
2. Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
3. Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).
4. Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ШМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).
5. Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.
6. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).
7. Як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х4,5 мм.

 

Дар ҳамин маврид:

 

Аризаи электронӣ? Марҳамат!

Инчунин, аз оғози соли 2023 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия дар марҳилаи аввал дар ҳудуди ш.Душанбе Барномаи қабули электронии аризаи шаҳрвандон дар бораи ҷиноят амалӣ карда мешавад. 

Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти ВКД ҶТ итиллоъ доданд, сокинони ш.Душанбе метавонанд аризаҳои худро ба мақомоти корҳои дохилӣ ирсол намуда, раванди баррасии онҳоро назорат намоянд. Маълумоти иловагиро дар бораи истифодаи барномаи мазкур тариқи рақами содаи 1900 ё  ariza.vkd.tj дастрас намудан мумкин аст.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти қабули электронии аризаи шаҳрвандон аз навгониҳои хизматии милитсия ба аҳолист, ки дар доираи «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» роҳандозӣ гардидааст.

 

М.Амин, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter