Аз дурбини газетаи марлдумии СССР
Мавқеи сол
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, дар соли 2022 боз ҳам дар мавқеаш ҷиддӣ истод ва ҳукумати худхондаи Толибонро бе ҳузури тоҷикону дигар ақвоми афғонистонӣ напазируфт!
Иншооти сол
Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” ифтитоҳ ёфт.
Баландии он 121 метр буда, қисми поёнии маҷмаа 30 метр - рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.
Масоҳати умумии маҷмааи рамзи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.
Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад.
ОДКБ-и сол
Соли 2022 барои кишварҳои пасошуравӣ аз табадуллоти номуваффақи мардум, дар асл оппозитсияи ғарбӣ дар Қазоқистон оғоз гардид. Рузҳои 6-11 январи соли 2022 якбора дар чанд шаҳри калонтарини ин мамлакат мардум ба эътироз бархоста, талаби истефои Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти кунунии Ҷумҳурии Қазоқистон карданд. Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои фуру кардани ин эътирозҳои мардум ва таъмини бехатарии объектҳои стратегӣ аз кишварҳои узви СПАД кумак хост. Дар баробари сарбозони сулҳҷӯи махсус, 200 нафар афсарони ҷангозмудаи тоҷик низ ба ин кишвар сафарбар шуда, тӯли 1 ҳафта барои пойдории амну суббот дар Қазоқистон хизмат карданд.
Садамаи сол
05.02.2022, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Honda CRV» Олимов Дамирбек Ботурович, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Сомғор” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳрои пайваста ба роҳи мошингард баромада, чаппа шуд. Дар натиҷа, ронандаи мазкур, ҳунарманди шинохта Олимов Д. Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид…
Амалиёти сол
Гирдиҳамоӣ ва эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021, ки пас аз куштори сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков оғоз ёфта буд, моҳи майи имсол дар Хоруғу Рӯшон идома кард. Дар миёнаҳои моҳи май ҳукумат амалиёти “зиддитеррористӣ”-ро дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон раҳандозӣ кард. Дар рафти он беш аз 30 ҷинояткори ашаддӣ, аз ҷумла раҳбари ғайрирасмии минтақа Мамадбоқир Мамадбоқиров кушта, даҳҳо тани дигар зиндонӣ шуданд ва дар Бадахшон сулҳу амният ахиран танинандоз гардид.
Фашизми сол
16.09.2022. Соати 4-и субҳ артиши қирғиз мисли армияи Гитлер дар соли 1941 ба хоки Тоҷикистон ҳуҷум кард. Ҳуҷуми тарҳрезишуда якбора аз чанд минтақаи наздимарзӣ-н.Б.Ғафуров, ш.Исфара ва н.Мурғобу Лахш сар зад, вале афсарону сарбозон ва ҷавонмардони боғурури тоҷик тавонистанд ба ин ҳамлаи ногаҳонии ғаразноки ҷангӣ посухи ҷиддӣ ва саривақтӣ дода, ба душман нишон бидиҳанд, ки Тоҷик кӣ асту хоки Тоҷикистон аз кист!
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар даргириҳо беш аз 50 нафар кушта ва тақрибан 200 кас маҷруҳ шуданд. Вале аз руи омори ғайрирасмӣ теъдоди кушташудагон аз 90 нафар ҳам гузаштааст.
Метсенати сол
Бешак, Раҳим Бобоҷоновро, ки байни мардум бо тахаллуси Раҳими Ғармӣ маъруф аст, метавон метсенати сол номид. Бо таблиғи густурда дар Ютуб, пас аз ифтитоҳи тарабхонаи туркии “Бурак” Раҳим ба додани хона ба мардуми камбизоат шуруъ кард. Вале ин маъракаи хайрияи Раҳими Ғармӣ дур накашид, зеро мардуми аз ҳад зиёд дунболи хонаву дар аз қафои ин тоҷир шуда, охиран аз маърака берунаш карданд. Кор ба он ҳадде расид, ки шоирону журналистон ва шахсиятҳои шинохтаи мамлакат дар ҷустуҷуи Раҳими Ғармӣ ба идораи СССР низ меомаданд.
Ҷашни сол
Низорамоҳ Зарипова 1 сол аз Тоҷикистон бузургтар аст (Низорамоҳ 1923 таваллуд шудаасту РАСС Точикистон 1924!!!). Нина Зариповнаи азиз имсол ба синни мубораки 99 расид ва Худо кунад, ки муаллимаи азиз боз 99 соли дигар дар бари мо ва бо мо бошанд!
Мунтахаби сол
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2023 роҳ ёфтани тими миллии футболи Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дастоварди бузургтарини футболбозони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Модари сол
Маҷмааи “Дуои “Модар”, ки дар даромадгоҳи ш.Кӯлоб бунёд ёфт, хеле баҳсбарангез гашт. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон бо нашри 1 гузориши иғвоангезонаи худ, ки гуфта буданд, муҷассамаи Модар ба модари раиси ш.Кӯлоб Бахтиёр Назарзода шабоҳат дорад, мардумро ба гумроҳӣ бурда, боиси сар задани баҳсҳои ҷанҷолбарангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ гаштанд. Аксарият ин иддаои радиоро маҳкум карда, ба Кӯлоб рафта, назди Маҷмааи Дуои Модар гул гузоштанд.
Таваллуди сол
23.07.2022 соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и ш.Душанбе сокини 10-миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошта шуд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин сокини 10-миллионаи кишвар мебошанд.
Иҷлоси сол
30 солагии Сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби ш.Хуҷанд бо шукуҳ ва шаҳомати хоса таҷлил гардид, воқеан иҷлосияи сол буда, дар он тамомии иштирокдорони сессияи таърихии моҳи ноябри соли 1992 даъват карда шуданд. Газетаи мардумии СССР пешопеши таҷлил аз 30-солагии ин иҷлосия нашри вежа руи чоп оварда, силсилагузоришҳои видеоиро низ дар Ютуб канали СССР ТВ ба намоиш гузошт.
Ҳабси сол
Дар давоми соли 2022 7 хабарнигору блогер боздошт ва аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Муҳаммади Султон, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба 7-солӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 сол, Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом) ба 8 сол, Далери Имомалӣ ба 10 сол маҳкум шуданд.
Мақомот онҳоро ба ифротгароиву ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ва нашри ахбори дурӯғ айбдор кардаанд. Бархе аз ин хабарнигорон ба газетаи СССР мактуб навишта, гуноҳи худро иқрор ва хостори авфи гуноҳ шудаанд.
Хонаи сол
Бахтиёр Раҳимов ва Гулбаҳор Ғаффорова, ҳаҷвинигорони тоҷик, ки яке дар гуруҳи “Ғарибшо-компания” ва дигаре дар театр-студияи “Хандинкамон” солҳои зиёд кору фаъолият доранд, паси ҳам дар 1 ҳафта тавассути Ютуб ба тоҷир Раҳим Бобоҷонов (Ғармӣ) муроҷиат намуда, хона талаб карданд. Раҳими Ғармӣ пас аз 24 соати пахши муроҷиатномаи бечораҳолона ба ин 2 ҳаҷвнигор манзили истиқоматӣ ҳадя кард.
Номусалмонии сол
Марзбонони қирғиз дар пайи муноқишаи марзӣ 17.09.2022 ба сӯи Тоҷикистон бо беспилотник – паҳподи “Байрақтар” ҳуҷум карда, дар масҷиди ҷомеи деҳаи Овчӣ-қалъачаи н.Б.Ғафуров 12 нафарро кушта, 20 нафари дигарро маҷрӯҳ карданд. Бояд гуфт, ки ин амалми террористӣ дар рузи ҷумъа зимни ҷанозаи яке аз фавтидагон дар муноқишаи марзӣ сурат гирифта, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро шадидан маҳкум кард. Ин амали ғосибонро ҳамчунин қатли сол низ номидан мумкин аст.
Тиллои сол
Ҷудокори номдору номвари тоҷик - Темур Раҳимов дар рӯзи охири мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» дар даври ниҳоӣ муқобили ҷудокори ӯзбек - Алишер Юсупов бо имтиёзи иппон музаффарият ба даст оварда тавонист, ки аввалин нишони тиллоро дар таърихи ҷудои меҳан дар мусобиқаҳои Гранд Слам ба даст биёрад.
Талафоти сол
Соли 2022 беҳтарин журналистони СССР Меҳрубон Салимшоев, Аслиддин Достиев ва Баҳодур Уроқов ба олами улв пайвастанд. Ҳамзамон ин сол 2 шахсияти фарҳехта ва дӯстони газетаи мо-Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳамммадзода ва Меҳмон Бахтиро аз мо рабуд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад ва хотираи ин ҷавонмардони журналистикаи тоҷик дар хотироти СССР абадан боқӣ хоҳад гашт. СССР онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад кард!
Сафири сол
Давлат Назризода, сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Украинаро бечунучаро метавон сафири сол эълон кард.
Тавре Савфат Бурҳонов, журналисти шинохтаи тоҷик мегуяд, имсол ӯ, бо супориши Президентамон, ҳазорон тоҷикро аз коми ҷанг берун кашид. Дар он шабурӯзи тарсбор, зери тир истоду шаҳрвандони Тоҷикистонро роҳнамойӣ кард, ҳар коре даркор буд, кард, то 1 тоҷикистонӣ озор наёбад!
Боксёри сол
Шавкат Раҳимов рӯзи 05.11.2022 дар шаҳри Абу-Дабии АМА дар мубориза барои камарбанди қаҳрамонӣ муқобили муштзани пуртаҷрибаи Британияи Кабир - Зелфа Барретт дар раунди 9-ум зафар ёфта, тавонист нахустин бор дар таърихи бокси ҳирфаии тоҷик қаҳрамони IBF шавад.
Шаҳраки сол
Дар арафаи ҷашни Наврузи фархундапай дар н.Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон шаҳраки нав бо шумули варзишгоҳи муосир, Мактаби президентӣ бо биноҳои хобгоҳ барои хонандагону муаллимон, мақбараи шоири классик Ҷалолиддин Балхӣ ва чанд иншооти дигари маданиву маишӣ бунёд гашт, ки дар кишвар беназир аст.
UFC сол
Размкори тоҷик Нурулло Алиев дар мубориза барои дарёфти қарордоди имконпазир бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Уикиро дар раунди якум шикаст дод. Ҳамин тавр размикори тоҷик Нурулло Алиев ба бузургтарин созмони размкории ҷаҳон UFC пайваст. Акнун Нурулло аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар UFC баромад хоҳад кард.
Дучархаи сол
Баргузор шудани Чемпионати Осиё оид ба дучархаронӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Ӯзбекистон, Эрон, Ветнам, Таиланд, Ироқ, Индонезия, Баҳрайн ва Афғонистон иштирок варзиданд.
Ҳукми сол
Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз додрас хост, Парвиз Саидраҳмонов, мубаллиғи ДОИШ ва машҳур ба лақаби "Абу Довуд"-ро ба ҳукми абад маҳкум кунад. Ӯро моҳи сентябри имсол аз Туркия ба Тоҷикистон оварданд.
Парвиз Саидраҳмонови 35-сола ба терроризму одамкушӣ, гаравгонгирӣ, ҷалб ва иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, ташкилу раҳбарии созмони террористӣ муттаҳам аст.
Мақомоти Тоҷикистон "Абу Довуд"-ро аз таблиғгарони ДОИШ медонистанд, ки ба иттилои онҳо "даҳҳо ҷавонро ба ҷанг дар Сурия ва Ироқ бурдааст".
Наздиконаш мегӯянд, вай соли 2014 аз Россия ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Ироқ пайваст ва баъд аз шикасти хилофати худхонда ба Туркия гурехту дастгир шуд.
ЮТУБ канали сол
Газетаи мардумии СССР шуруъ аз моҳи апрели соли гузашта ЮТУБ канали худро бо номи СССР ТВ боз намуда, ба таҳия, омодасозӣ ва навори гузоришҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шуруъ намуд. Яке аз вижагиҳои ЮТУБ канали СССР дар он аст, ки рафти қабули шаҳрвандонро аз ҷониби раисони тамомии шаҳру ноҳияҳои кишвар, хоса руасои вилоятҳо ба навор гирифта, онро манзури тамошобинон мегардонад ва дар ин ҷода муваффақ ҳам гаштааст.
Зардуштии сол
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, журналисти саршиноси тоҷик дар охири сол ном ва мазҳаби худро иваз кард. Ҳамакнун у Ориёмеҳри Зардушт ном дошта, динашро низ зардуштӣ мехонад.
Тухми сол
Нархи тухм дар нимаи дуюми сол дар бозорҳои кишвар ба маротиб боло рафт. Агар моҳи май нархи 1 қуттӣ тухми мурғ дар бозорҳои кишвар аз 22-25 сомонӣ то 33 сомонӣ нарх дошт, моҳи октябр он алакай аз 39 то ба 55 сомонӣ сари ҳар қуттӣ баромад. Мо нафаҳмидем, ки сабаби асосӣ чӣ буд: андозҳои дандоншикан, нархи гарони хуроки мурғ ё фиреби миёнаравҳо…
Пурбинандатарини сол
Гузлриши видеоии хабарнигорон ЮТУБ канали СССР ТВ аз 1 рӯзи кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки моҳи июни соли гузашта зимни сафари кории раис ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сабт ва таҳия шуда буд, пурбинандатарин сужаи сол ба ҳисоб меравад. Навори «1 рӯзи кории раиси вилояти Суғд»-ро дар ЮТУЮ канали СССР 119 ҳазор нафар тамошо кард. Навори 1 рӯзи кори раиси ш. Кӯлобро бошад, ҳудуди 116000 кас дид!
Поезди сол
20.06.2022 бори нахуст дар 30 соли истиқлолият аз ш.Душанбе ба ш.Тошканд нахустин қатораи мустақими мусофирбар равон гашт. Қатора аз 10 вагон иборат буда, бори нахуст дар таърих пойтахти 2 кишвари ҳамсояро бо хатсайри роҳи оҳан пайваст.
Дезертири сол
Пас аз эълон шудани мобилизатсия – сафарбарӣ ба артиш, аниқтараш ба ҷанги Украина аз ҷониби Владимир Владимирович Путин 21.09.2022 шаҳрвандони ин кишвар, аниқтараш ҷавонмардони синни артишу хизмат то тавонистанд аз Россия фирор карданд. Беш аз 200 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба Тоҷикистон омаданд, то ба ҷанг нараванд. Аксар Тоҷикистонро ҳамчун кишвари таранзит интихоб кардаву пасон ба Тошканду Деҳлӣ гурехтанд.