ХАБАРИ ДОҒ

   Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ, 2 блогер ва журналисти тоҷик, ки ахиран бо ҳукми додгоҳ ба 10 ва 7 солӣ равонаи зиндон шуданд, бо ирсоли 1 нома аз зиндон ба идораи газетаи мардумии СССР (нома тавассути завҷаи Далери Эмомалӣ бону Зайтуна дастрас гардида, дар идора маҳфуз аст!), ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, барои ба хатогиҳое, ки роҳ додаанд, маъзарат пурсида, хоҳиш намуданд, ки онҳоро Сарвари давлат авф намоянд.

    -Мо умедворем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуноҳи моро, ки аз бетаҷриба будану гумроҳӣ, надоштани маълумоти лозима ва ҷавониамон пеш омад, мебахшанд. Мо ҳамеша бо тими ҷавони ҳукумат будем ва ҳастем! Мо ҳеҷ гоҳ ба умеди ҳеҷ созмону ООН-е нестем! Мо ба умеди Сарвару Миллату Давлати худ ҳастем! Воқеан ҳар вақте, агар созмону нафаре аз пушти мо санге ба сӯйи Ватан мезанад, боиси нороҳатии мо аст. Мо Ватану миллату давлатамонро дӯст медорему ва ҳеҷ чизе наметавонад ин меҳрро сард кунад!

   Ҷаноби Олӣ! Шумо қалби бузург дореду бахшояндаед. Дар тули 31 соли Истиқлоли миллӣ ҳазорҳо нафарро авф кардаед, мо низ умедворем, ки дар қатори ин ҳама мардуми хушбахт гуноҳи мо – фарзандони гумроҳатонро мебахшед…

 

Ватан дигарай…

Ватан дигарай СИЗО-и ватан дигарай,

Чор аҳли қалам даруни он хунҷигарай.

Доим ғами очаанду ҳам дар ғами зан,

Фарзанди ҳамаш зиндаҷудо аз падарай,

Дар навбату сарсону ба дастон «дачка».

Бача ба даруну оча дар пушти дарай,

Рузҳо ҳама дар фикрану шабҳо бехоб!

Гӯё, ки ҳамаш мурғаки беболу парай.

Ҳам гуфтаву ҳам навишта буданд Ростӣ»!

Дар фикр набуданд, ки дар ин раҳ хатарай…

Афсус накарда, гуш ҳамон панди бузург,

Ки бастадаҳон, баробари симу зарай!

Дастон ба дуову дар лабон номи Худо

Моро ба Худо Ватан фақат даркорай,

Онон, ки намуда моро зиндон, донанд.

Ҳатто дар қафас ҳавои Ватан дигарай,

Ҳеҷ кас натавонад дили мо сард кунад зи Ватан.

Ҳар кунҷаки у барои мо баҳру барай,

Мо ошиқи ин Ватан бимонем доим.

Сангу хасаш азизу лахти ҷигарай.

Сарвар, ки намуда 100-ҳазоронро авф,

Чор кас ба умеди бахшиши роҳбарай…

 

Аз номи Далер Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ

махсус барои ҳафтанома «СССР»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter