ХАБАРИ ДОҒ

Ягона роҳи гармшавӣ – батареяҳои обӣ!

  • Чоршанбе, Янв 25 2023

 

 Беҳруз Сайфуллоев, сокини ш.Душанбе ба идора занг зада (тел: 2385556) гуфт, ки ҳавои сарди рузҳои ахир собит сохтанд, ки ҳар як хонаву корхонаҳо бояд бо батареяҳои оби гарм муҷаҳҳаз карда шаванд, зеро маҳз батареяҳои обӣ метавонанд тамоми хонаро гарм месозад.

   - Аз ин ҳам қувваи барқ кам сарф мешавад, ҳам таъсири манфӣ ба сардӣ ё гармии ҳаво камтар мешавад. Аммо бо назардошти фарорасии сармо марказҳои гармидиҳӣ гармии батареяҳоро нисбатан паст кардаанд ва бештари биноҳо низ бо он таъмин нестанд. Бубинед, ки батареяҳои обӣ дар баъзе мактабҳо насб гардидаанду дар бархе донишгоҳҳо не. Чаро масъулин фикри донишҷуёнро намекунанд?!
Айни ҳол сардиҳои аз одат берун аз самти Россия омадааст, ки шояд инро аз аввалинҳо ҳисобанд. Сардии ҳаворо чӣ бештар мекунад, ҳавои сард! Вақте ки дар хонаву корхонаҳо мо печкаву кондитсионерҳоро мемонем, ҳавои дохил гарм шуда, берун якбора сард мегардад. Дар деҳот бошад бинобар сардии шадид, печкаҳои аловӣ партовҳои зиёдеро хориҷ мекунанд, ки он ба атмосфера зараровар аст. Яъне роҳи асосии гармшавӣ ва гармкуниро мо дар ҳамин батареяҳои обӣ мебинем.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter