Террори устод Муҳиддин Олимпур бо мақсади ба вуҷуд овардани таниш ва нобоварӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин барои тарсондани озодандешон ва бастани роҳи озодии баён дар қаламрави ҷумҳурӣ барномарезӣ шуда буд. То имрӯз дар бораи шахсияти журналист ва марги нобаҳангоми ӯ баҳсу мунозираҳо ба хатти ниҳоӣ нарасидаанд ва ҳанӯз ҳам гуфтугузорҳо дар ин замина давом доранд.
Рӯзноманигор, рушанфикр, озодандеш, филмбардор ва аккоси маъруфи тоҷик устод Муҳиддин Олимпур аз чеҳраҳои мондагори миллии мо маҳсуб меёбад, ки хотираи неки ӯ дар қалбҳои мардум абадӣ нақш бастааст. Муҳиддин Олимпур яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик аст, ки бар асари нақшаи тарроҳишудаи хиёнаткорон ва душманони миллат - террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом кушта шудааст.
Устод Муҳиддин Олимпур 12 декабри соли 1995 дар назди бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дасти хуношоми қотилони наҳзатӣ - Юсуфов Нозим Юсупович, Тоҳиров Атҳам Кабирович, Ҳамидов Муртазо Муҳаммадиевич, Шаропов Насрулло Нарзуллоевич, Давлатов Назрибек Бекназаров ба таври ниҳоят бераҳмона ва тарсуёна ба қатл расонида шудааст.
Террори устод Муҳиддин Олимпур бо мақсади ба вуҷуд овардани таниш ва нобоварӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин барои тарсондани озодандешон ва бастани роҳи озодии баён дар қаламрави ҷумҳурӣ барномарезӣ шуда буд. То имрӯз дар бораи шахсияти журналист ва марги нобаҳангоми ӯ баҳсу мунозираҳо ба хатти ниҳоӣ нарасидаанд ва ҳанӯз ҳам гуфтугузорҳо дар ин замина давом доранд.
Журналисти ҳирфаӣ
Устод М. Олимпур бо заҳматҳои шабонарузӣ ва андухтани донишу таҷрибаи рузгор тавонист аз 1 суратгири рузнома то ба дараҷаи 1 журналисти ҳирфаӣ камол ёфта, миёни ҷомеаи маданӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи баланд касб намояд. Муҳимтар аз ҳама, аз хонадони 1 тоҷики музофотӣ баромадан ва рушд кардани М. Олимпур маънои онро дорад, ки миллати тоҷик дар ҳама давру замон метавонад кадрҳои баландихтисоси миллии сатҳи ҷаҳониро омода ва барои хидмат ба халқу ватан сафарбар намояд. Бад-ин тартиб метавон дар бораи шахсият ва ҳайсияти журналисти фақиди тоҷик зиёд гуфту навишт, аммо вақту имконоти маҳдуди замонӣ маҷол намедиҳад. Ба таври иҷмолӣ сафаҳоти зиндагиномаи устод Олимпурро варақгардон мекунем.
Муҳиддин Олимпур 2-юми марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи н.Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Дар ибтидои солҳои 1970-1979 вазифаи мудирии бахши Агентии давлатии иттилоотии ТоҷикТА (имрӯза «Ховар»)-ро бар уҳда дошта, дар нашрияҳои бонуфузи вақти шуравӣ «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Адабиёт ва санъат» (1983) фаъолият кардааст. Ҳамчунин чанд муддат ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат карда, ба Тоҷикистон бармегардад ва шурӯъ аз соли 1990 то нафаси вопасинаш ба ҳайси мудири бахши Душанбегии радиои ВВС фаъолият менамояд. Мавсуф муаллифи силсилабарномаҳои радио -телевизионӣ ва 2 китоб, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи устод Лоҳутӣ буд.
Кашшофи Аврупою Амрико ва “Ситораҳои Шарқ”
Устод Олимпур аз ҷумлаи нахустин рузноманигорони тоҷикест, ки ба Аврупою Амрико ва Эрону Афғонистон рафта, бо форсизабонони маъруфи дунё тамос ва равобити фарҳангию ҳунарӣ барқарор намудааст. Сафардидаҳояш дар қолаби силсилабарномаҳои радиоии “Аз Душанбе то Лос Анҷелос” мавриди шуниди ихлосмандону ҳаводорони шеъру мусиқии Шарқу Ғарб қарор гирифтаанд. Барномаҳои радиоии устод Олимпур шунавандагони зиёде пайдо карданд ва миёни ҷомеаи мадании тоҷикӣ уро соҳибнуфуз гардониданд.
Ногуфта намонад, ки сарояндаҳои маъруфи эронӣ - Саттор ва Гугуш маҳз тавассути иқдомоти пайгиронаи у ба тоҷикон ошно шуданд. Ин аст, ки барномаи “Ситораҳои Шарқ”-и устод Муҳиддин Олимпур дар муаррифии шоистаи ҳунармандони форсизабон дар муҳитҳои тоҷикӣ нақши бориз гузошт.
Террори тарҳрезишуда
Қатл ва дақиқтараш, террори Муҳиддин Олимпур, қабл аз ҳама, ба фаъолиятҳои ҳирфаии ӯ бастагӣ дошт. Вай ҳамчун рузноманигор ва журналисти ҳирфаӣ ва дар айни замон озодандеши миллӣ ба бисёр гуруҳҳои манфиатхоҳ, ки дар пайи лағви барномаҳои рушди тафаккури миллӣ ва манофеи давлатӣ иқдом мекарданд, маъқул набуд. Аз ҷумла, ин чеҳраи озодандеши миллӣ ба муҷриён ва бозингарони тарҳ-пружаи исломи сиёсӣ дар минтақа сахт нописанд буд. Мурури муҳтавои гузоришот, интишорот ва проектҳои ҷолиби телерадиоии устод Олимпур ин нуктаро собит месозад, ки у 1 фарди миллӣ ва ватанпараст буд. Гузашта аз ин, бо ҷаҳонбинии миллӣ ва дунявие, ки дошт, ҳеҷ гоҳ наметавонист дар хидмати бегонапарастон қарор бигирад ва мавқеъгириҳои миллӣ ва дунявии у чун устухон дар гулуи ҳавохоҳони режимҳои истибдодии динӣ ва мазҳабӣ буд.
Аз ин ру, гуруҳҳои манфиатдор бо фароҳам омадани шароити мусоид дар ҳазфи физикии у кӯшиданд. Ҳамин тавр, устод Муҳиддин Олимпур аз дасти қотилони наҳзатӣ террор шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои марбутаи давлатӣ ҳанӯз дар ибтидои солҳои 2003 ва 2007 омилони террори устод Олимпурро, ки ҳамагӣ аъзои гуруҳи террористии марбут ба ТТЭ ҲНИ буданд, пайдо карда, муҷозот таъйин намуд.
“Рустами норакӣ”, “Авлиё” ва “Алӣ
Албатта, қазияи террори журналисти фақид Муҳиддин Олимпур марбути наҳзат буд ва бо такя ба далелҳои шайъие, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ тайи солҳо ҷамъоварӣ шудаанд, муҷриёни тарҳҳои наҳзатӣ дар қатлу кушторҳои занҷираӣ ошкор мегарданд. Далели даст доштани наҳзат дар тарҳҳои террористии солҳои 90-уми асри гузашта, аз ҷумла куштори рузноманигорону олимон дар филми мустанади телевизионӣ, ки 08.08.2017 тавассути шабакаҳои телевизионии ватанӣ намоиш дода шуда буд, пурра инъикос ёфта буд.
Гунаҳкорони ин ҷинояти мудҳиш ва тарсуёна дар филми мустанади телевизионие, ки намоиш дода шуда буд, ошкоро аз ҳузури бевоситаи раёсати ТТЭ ҲНИ ва ҳомиёни пасипардагии он дар ибтидои солҳои 90 сухан дар миён оварда, бар он ишора намуданд, ки дар таъсис додан, тамринҳои саривақтӣ гузаронидан ва билохира ба марҳилаи ниҳойӣ расонидани гуруҳҳои махсуси диверсионӣ аз ҳисоби раҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиашон даст доштанд.
Муҷриёни тарҳҳои дигари террористӣ ба муқобили аҳли зиёи тоҷик Абдуқодир Абдуллоев, мулаққаб ба "Рустами Норакӣ”, Тағоймурод Ашрапов, мулаққаб ба "Алӣ” ва Саймуҳриддин Қудратов, мулаққаб ба "Авлиё” ва "Эшон” дар филми мустанад сареҳан иқрор карданд, ки якчанд олимону сиёсатмадорони тоҷикро ба қатл расондаанд.
10 журналист бо дастури ТТЭ ҲНИ ба қатл расиданд...
ҲамчунинИзҳороте, ки моҳи ноябри соли 2017 аз ҷониби Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пахш гардида буд, хокӣ аз он аст, ки 10 журналист бо дастури бевоситаи ТТЭ ҲНИ ва хидматгори он Абдуҳалим Назарзода ба қатл расиданд.
Аз ҷумла, дар Изҳорот омада буд, ки Муродалӣ Шерализода, сардабири нашрияи "Садои мардум” ва вакили Шурои Олӣ рӯзи 05.05.1992 дар саҳни ҳавлии Шурои Олӣ бо дастури яке аз раҳбарони ТТЭ ҲНИ домулло Абдуғаффор кушта шуда буд. Бад-ин минвол, куштори журналистони маъруф Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский ва адиби маъруф Сайф Раҳимзоди Афардӣ бар души сардамдорони ТТЭ ҲНИ мебошад.
Субҳиддин Зиёев,
номзади илмҳои филологӣ