ХАБАРИ ДОҒ

600 сомонӣ: кӣ онро бояд бигирад?

  • Чоршанбе, Янв 25 2023

Зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки то охири сол 475 ҳазор нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманди Тоҷикистон кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ хоҳанд гирифт. Инҳо, аз ҷумла кудакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ буда, кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ ба ин табақаи осебпазир иловатан пардохт карда мешавад. Барои ин амали нек аз буҷаи мамлакат 285 миллион сомонӣ ҷудо гардида, маблағ ба корти бонкии аксари эҳтиёҷмандон то 31.12.2022 алакай гузаштааст.

   Тайи 2 ҳафтаи ахир хонандагон газета аз тамомии гушаву канори кишвар ба идора занг зада, аз мухбирони СССР хостанд, ки руйхати нафаронеро, ки аз ин кумакпулӣ бархурдоранд, ба таври муфассал нашр созем. Бархе мегуянд, ки онҳо низ ба гуруҳи камбизоат шомиланд, вале ҳукуматҳои маҳал аз онҳо сарфи назар кардаву қисмати дигаре аз он шиква доштанд, ки фарзанди маъюбашон аз руйхат дур мондааст. Барои равшанӣ андохтан ба ин мавзу мо ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳккумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем.

 

Гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ: кӣ ба он шомил аст?

   Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳи осебпазири аҳолӣ, ки барояшон кумаки якдафаинаи пулӣ дар ҳаҷмӣ 600 сомонӣ ҷудо гардидааст, инҳо мебошанд:

1.    Шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд

2.    Иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945

3.    Маъюбони ҶБВ солҳои 1941-1945

4.    Маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар

5.    Маъюбони рафъи садамаи неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил

6.    Маъюбони хизмати ҳарбӣ

7.    Маъюбон аз овони кудакӣ (меҳнатӣ)

8.    Маъюбон аз овони кудакӣ (иҷтимоӣ)

9.    Маъюбони бемории умумии иҷтимоӣ

10.Маъюбони то 18 сола

11.Кудакони ятим ва кудакони аз саробон маҳрумшуда.

Лозим ба таъкид аст, ки ҳамчунин кумакпулии якдафаина ба оилаҳои камбизоат низ ҷудо гардида, он тибқи руйхати Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия дода мешавад. Агар оилаи шумо дар феҳристи оилаи камбизоат ҳаст, пас ҳаққи худро аз ҳукумати шаҳру ноҳияатон ҳатман талаб намоед.

 

Ҷ.Мақсуд, СССР

 

АЗ ИДОРА: Бояд гуфт, ки дар 5 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо соли 2022 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter