Аз СССР: Устоди устодони забоншинос, профессор Саид Ҳалимов, то буданд аз Тоҷик ва тоҷикият ҳифз мекарданд. Аҳсанташон, ки баъди марг низ рисолаву кутубашон зинда аст ва бо 3-4 сакалтуи бодовардаи интернетии ланданиву русиявӣ, ки пушт бар Тоҷик гардонидаанд, ҳанӯз ҳам ҳарб мекунад. Ин порагуфтори устоди худобиомурз беҳтарин силлӣ бар пешонаи аз ақлу хирад тиҳии ишон аст. Мо Метавонем!
Гуфтаҳои Асадии Тӯсӣ дар бораи вожаҳои тоҷикӣ дар "Қуръон" ва калимаи тоҷик дар осори хаттӣ
“Асадӣ дар шеъри “Мунозира бо араб кунад ба фазл аҷам” ба араби ҳамсуҳбаташ, ки забони арабиро ситоишкунон бар аҷам (тоҷику эрониҳо) тарҷеҳ медиҳад, ҷавоб гардонда, дар бораи мавқеъ ва нақши адибони тоҷику форс ва забони адабии мо таъкид мекунад. Ӯ бо ҳисси ифтихор даъво мекунад, ки шоирон Рӯдакӣ, Унсурӣ, Асҷадӣ, Кисоӣ ба тоҷикӣ шеър гуфтаанд ва ашъори онҳо хазинаи бойи суханҳост ва осори онҳо аз осори шоирони араб монданӣ надорад:
Шоир чу гузин Рӯдакӣ он, к-аш бувад абёт
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дурру девон.
Чун Унсуриву Асҷадиву шуҳра Кисоӣ
В-онон ки зи Балху ҳади Тӯсу Раю Гургон.
Шоир ба араби мухолифаш исбот мекунад, ки забони араб ҳам аз тоҷикӣ (форсӣ) бебаҳра намондааст:
Дар “Қуръон” ҳам порсӣ ҳаст, к-ин ту дар лафз
“Сиҷҷил”, ки ҳамехонияш “сангу гил” аст он.
Ҳам аз сухани мост басе лафз шуморо
Чун “найза”, ки хонанд ҳаме “найзағи фурсон”.
Мо “шаккар” гӯему шумо “шиккар” гӯед,
Мо “мушк”, шумо “Миски Хутан”, ҳаст фаровон
В-ар лафзи шумо беш чӣ бошад, ки зиёдат
На вазъ зи алфоз ба ҳар кишвару булдон”.
Вожаи “тоҷик” дар осори хаттӣ
Дар асари «Таърихи Систон» дар бораи расму одоби тоисломии тоҷикони Систон навишта шудааст:
«Гаршосбу наберагони ӯ то Фаромурз ибни Рустам ҳама бар ин тариқат буданд, ки Одам алайҳиссалом оварда буд. Бомдод ва ба вақти завол (пешин) ва шабонгаҳ намоз кардандӣ ва парастиши Эзиди таоло. Пас аз он бад-он шуғл рафтандӣ ва садақа бисёр додандӣ ва ҳамеша мизбон будандӣ ва меҳмонро неку доштандӣ ва ин ҳама аз ҷумлаи фароиз доштандӣ бар хештан». (ТЗА, 213)
Муаллифи «Таърихи Масъудӣ» маъруф ба «Таърихи Байҳақӣ» Абулфазли Байҳақӣ ба муносибате дар асараш худашро «тоҷик» мегӯяд:
«… бар ҳама рӯйҳо ҷанг сахт шуд ва ману монанди ман тоҷикон намедонистем, ки дар ҷаҳон куҷоем…» (ТЗА, 214).
Ин асар, гарчи таърихӣ аст, вале ҷиҳати услуби нигориши он рӯзномаро мемонад. Муаллиф бисёр воқеаҳоро худ дида, иштирок карда, шунида ё дар ахборҳо хондааст ва дар асар сабт намудааст. Дар асар тасвирҳои дарози зиёд нест, балки пеш аз ҳама тасвири сурати воқеа, ҳодиса, одамон, ашё ва табиат мебошад:
«Ва агар ин подшоҳро он рӯз ҳазор савор нек якдаст ёрӣ додандӣ, он корро фурӯ гирифтӣ, валекин надоданд. Ва амир Мавдудро дидам…, худ рӯй ба қарбуси зин ниҳода, шамшер кашида ба даст ва асп метохт ва овоз медод лашкарро, ки: «эй ноҷавонмардон, саворе чанд сӯйи ман оед! Ва албатта, як савор посух надод, то навмед наздики падар бозомад ва ғуломони тоҷикон бо амир нек биистоданд ва ҷанги сахт карданд» (9). 213
…Моро подшоҳе бояд, ки … эмин бошем: хоҳ турк бош, хоҳ тоҷик. (222)
«Сиёсатнома»
Дар китоби “Дастур-ул-афозил”-и Ҳоҷиб Хайроти Деҳлавӣ номи “луғоти тозӣ ва муғулӣ ва забони муғон ... фалосифаи тоҷик ва ибронӣ ва забони розиён ва вилояти Мовароуннаҳр” зикр шудааст (саҳ 57-58). С.260
Араб дидаву турку тоҷику Рум,
Зи ҳар ҷинс дар нафси покаш улум (Саъдӣ) (301)
Аз китоби Саид Ҳалимов "Таърихи Забони Адабии Тоҷикӣ"
Гирдоварди Сафрагули Ҳалимиён
Омӯзгори ДМТ