ХАБАРИ ДОҒ

Паёми Таманно Зарё Парёнӣ ба раисҷумҳури муҳтарами Федератсияи Русия Владимир Путин

 Ҷаноби Президент! Нахуст фарорасии соли нави милодиро ба шумо ва мардуми бузурги рус табрик мегӯям. Умедворам соли сулҳу сафо ва оромиш барои шумо ва мардуматон бошад. Ман бунёдгузори «Ҷунбиши занони озодихоҳи Афғонистон» ҳастам. Аз даврони бачагӣ ба сарзамин ва мардуми Русия меҳри хосса дошта, дар давраи донишҷӯӣ пайгири сиёсатҳо ва фаолиятҳои шахсии Шумо будам, ҳастам ва мемонам. Умед ва орзу дорам, ки боре бо Шумо шахсан дидори рӯбарӯ кунам ва хостаҳоямро ба Шумо баён намоям. Қасд надоштам, ки дар чунин вазъ ба Шумо нома нависам, мехостам дар замони беҳтаре, ҳамчун 1 зани фаоли афғон ба Шумо муроҷиат намоям. Вале мутаассуф ҳоло мо дар мавқеъҳои мутафовит ва шароити печидае ҳастем. Шумо дар шароити ҷанг ва ман дур аз Ватан қарор дорем.

 Медонам, ки авзои Афғонистонро ба ҳар тартиб зери назар доред ва аз каму беши он хуб огоҳ ҳастед. Имрӯз занони афғон ба таври пурра аз фаолият дар ҷомеа ҳазф ва канор гузошта шудаанд, аз ҷумла мамнуъият дар кору таҳсил, сафар, гаштугузор маҳкуму маҳбус ба 4 девори хона. Муттаассуф, ба таври тавтеа ва вогузории ҳукумат аз ҷониби абарқудратон, дар кишвари мо раҳбарият ба дасти Толибон расид, ки он 1 дастаи террористие беш нест. Толибон ҳаёти занонро тангтар кардаву занон дигар ҳуқуқи фарҳангиву иҷтимоӣ ва илмӣ надоранд.

 Ғарб ва Амрико бо хуруҷи ғайримасъулона ва надида гирифтани пайомадҳои он сабабгори ба сари ҳукумат омадани Толибон шуданд. Ҳамчун 1 зани афғонӣ барои эътироз намудан ба ин сиёсати Толибон нисбат ба занҳо ва адолатхоҳӣ ҳамроҳи хоҳаронам 20 рӯз дар маҳбаси сарду торики Толибон будам, вале аз кори кардаам пушаймон нестам. Занҳои афғон имрӯз хору залиланд ва ҷомеае, ки дар он зан хору залил аст, ҷомеаи дуруст нест.  Аз шумо ҳамчун сиёсатмадори қавии дунё хоҳиш дорам, ки нисбат ба ин бераҳмӣ ба занони афғон бетафовут набошед ва мавқеи рӯшани хешро дар ин робита эълон намоед. Аз Шумо хостори ҳимоят, ҳамроҳӣ ва пуштибонии занони Афғонистон ҳастем. Зеро вокуниши Шумо мустақиман вокуниши ҷиддитар ба чаҳон буда, нақши муҳиме хоҳад дошт.

 Занони Афғонистон қурбони ин сиёсати хароб гашта, сангсор мешаванд, шаллоқ мехӯранд, маҳбус мегарданд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин амалкард – хушунати зан хомӯш асту вокуниши ҷиддие нишон намедиҳад. Танҳо бо маҳкум кардан иктифо мекунанду халос…

 Толибон, ки гурӯҳи террористианд, ҳеҷ барномае барои бунёди кишвар, пешрафту рушд, некӯаҳволӣ ва тараққиёти туризм надоранд. Онҳо танҳо барои аз ин бештар ба вартаи нобудӣ андохтани кишвари мо омадаанд ва умедворам ҳукуматдориашон дер нахоҳад поист. Мо занҳо солҳои зиёд аст, ки барои баробарӣ, адолат ва ҳуқуқи зан дар Афғонистон мубориза мебарем, вале ҳоло ин гурӯҳ бо амалҳои террористии худ мехоҳанд ҳамаро саркӯб кунанд. Пас аз раҳоӣ аз зиндон имрӯз дар муҳоҷират умр ба сар мебарам, вале наметавонам дар қиболи ҷинояти ин ҳокимият хомӯш биистам.

 Ман ба унвони 1 зани афғонистонӣ шахсан аз Шумо, муҳтарам Путин В.В. мехоҳам бо назар ба амалкарди дақиқтари ҳокимияти кунунӣ дар бораи занон ва хушунати занони афғонӣ мулоҳиза кунед ва дар чунин вазъ дар паҳлӯи занони афғонӣ бошед! Умеди мо-занони Афғонистон, пас аз он коре, ки Ғарб бар қиболи кишвари мо кард, танҳо ба Шумост! Аз мо ҳимоят мекунед ё не? Агар Шумо бо моед, ҷаноби Путин, пас мо-занони афғонӣ ҳеҷ гоҳ аз мубориза нахоҳем даст кашид!

Паёмамро тавассути газетаи мардумии СССР, ки миёни афғонистониҳои фирории Аврупо обрӯву мартабаи буланд дорад, ба ҷаноби Шумо ирсол менамоям. Дар сурати дарёфти паёмам умедворам посухе аз ҷониби Шумо, муҳтарам Президнети ФР, Путин Владимир Владимирович ба даст биёрам.

Таманно Зарё Парёнӣ,

Германия

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter