ХАБАРИ ДОҒ

Бо номи Тоҷикӣ биҳишт меравам?

  • Чоршанбе, Фев 08 2023

Аз СССР: Ақоиди толибӣ дар кишвари дунявӣ

23.01.2023. Навори видеоии «тӯйпаркандасозии 1 муллои ришаш сурхкардашуда (ришро толибон сурх мекунанд!)» бори дигар собит сохт, ки новобаста ба ҳарбу зарби мақомот, фанатизму экстремистизм ва ақоиди толибона дар кишвар дар ҳоли нумуъанд. Тарафгирони ин муллои ришсурх, ки дар инет пайдо шудаву худро зиёӣ мепиндоранд, низ толибанд ва бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд! Оҷилан бояд садди инҳо шуд, ки пагоҳ дер мешавад. Бархӯрд бояд сахттар гардад. Вале решаи ин миллатситезиву миллатбадбинӣ дар куҷо ниҳон аст?

 Худораҳматии Меҳрӯзиддин Болтаев-хабарнигори мардумии мо, ки ахиран дар Исфара, дар ҷанги марзӣ бо қирғизҳои аҳдшикан, ҷоми шаҳодат нӯш кард, 9 сол пеш мавзуъро бардошта буд. Он замон ба бонги изтиробаш аҳамият надодем. СССР матлаби хабарнигори миллияшро бознашр карда, бар умед аст, ки ахиран сари ин мавзуъ муфтиёт, Шӯрои уламо ва Кумитаи дин таваҷҷӯҳи вежа мекунанд. Мо Метавонем! 

Ақоиди толибӣ дар кишвари дунявӣ

23.01.2023. Навори видеоии «тӯйпаркандасозии 1 муллои ришаш сурхкардашуда (ришро толибон сурх мекунанд!)» бори дигар собит сохт, ки новобаста ба ҳарбу зарби мақомот, фанатизму экстремистизм ва ақоиди толибона дар кишвар дар ҳоли нумуъанд. Тарафгирони ин муллои ришсурх, ки дар инет пайдо шудаву худро зиёӣ мепиндоранд, низ толибанд ва бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд! Оҷилан бояд садди инҳо шуд, ки пагоҳ дер мешавад. Бархӯрд бояд сахттар гардад. Вале решаи ин миллатситезиву миллатбадбинӣ дар куҷо ниҳон аст?

 Худораҳматии Меҳрӯзиддин Болтаев-хабарнигори мардумии мо, ки ахиран дар Исфара, дар ҷанги марзӣ бо қирғизҳои аҳдшикан, ҷоми шаҳодат нӯш кард, 9 сол пеш мавзуъро бардошта буд. Он замон ба бонги изтиробаш аҳамият надодем. СССР матлаби хабарнигори миллияшро бознашр карда, бар умед аст, ки ахиран сари ин мавзуъ муфтиёт, Шӯрои уламо ва Кумитаи дин таваҷҷӯҳи вежа мекунанд. Мо Метавонем!

  Бо номи Тоҷикӣ биҳишт меравам?

23.01.2014.  Имрӯз дар мо ба мӯд даромадааст, ки ҳар касе каме дониши динӣ ё дар интернет баромад дорад, ҳатман ба чапу рост мӯҳри “кофир” мезанаду бо ҳамин дар байни Тоҷикон-муслимин иғвову ҷанг меандозад. Бехабар аз он ки бадтарин гуноҳ ин муслимеро изо додану кофир хондану дар ислом ҷудоӣ андохтан аст…

Тоҷик кофир аст?

Ҷанг бо ному насабҳои Тоҷикӣ ва Тоҷикият дар авҷ аст. Гӯё дар гирду дохили мо қувваест, ки мехоҳад моро ҳам аз гузаштаву ҳам аз ояндаамон канда, дар чашми ҷаҳониён расвою радди маърака намояд.

Имруз зиёд шунидаем, ки номҳои Тоҷикиро баъзе муллоҳои аблаҳ куфр эълон кардаанду талаб доранд, ки мо номҳои арабӣ монем. Ҳатто неоҳадисҳо мебофанд, гӯё ба ашхосе, ки номҳои арабӣ (аз қабили Муҳаммад, Абдулло, Умар, Усмон, Алӣ ва ғ.) доранд, даромадан ба биҳишт осон мешудааст. Аз рӯи гуфти онҳо Одамкушу дузд бо ин номҳо ба биҳишту накӯкоре бо номи Тоҷикӣ ба дӯзах меравад.  Яъне ба забони дигар ва аз рӯи гуфти ин аблаҳони модарбахиёнат, ба биҳишт фақат арабу арабпараст медарояду Тоҷикони номи тоҷикӣ дошта, рост ба дӯзах партофта мешаванд.

Латифа:

Дари Биҳишт. Фариштаҳо аз одами омада мепурсанд:

- Миллат?

- Араб!

- Ба биҳишт!

- Миллат?

- Тоҷик.

- Ба дӯзах! Э, исто! Чӣ ном дорӣ?

- Сӯҳроб!

- Ба 7-ум қабати дӯзах!

 Ҷавоби ман барои ин асолатбохтагон чунин аст:

-Ман тахтшаҳии бе ватанро чӣ кунам?

Ман бахтмаҳии беватанро чӣ кунам?

Яздон, яздон маро зи ҷаннат ту бирон,

Ман ҷаннати бе тоҷиконро чӣ кунам?

 Замони кӯдакиям ёд доштам, ки рӯзе 1 пире нақле кард, ки дар он дунё ҳамаро пурсупос интизор ва яке саволи медодагӣ ин аст: “Аз миллати кистӣ?” Ва моро насиҳат карда буд, ки он вақт ҷавоб бояд диҳем: “Аз миллати Иброҳим Халилуллоҳ!” Яъне ин ҷавоби дуруст аст. Яъне агар гӯӣ Тоҷик, вой бар аҳволи ту! Кашида-кашида ба дӯзах мебаранд. Дигар фарқе надорад, ки ту намозу Қуръон хондӣ, рӯза доштӣ, ҳазорҳо накӯӣ кардӣ…боз худатро тоҷик нагӯӣ, ки капаат месӯзадо!

Аммо оё арабе, паштуе, русе, итолиёвие…ва ғ. ки низ яктопарастанд, бо ин иддао аз миллату нажоду падару модари худ рӯ метобанд, мисле, ки имрӯз муллооқиватанҳои мо кардан доранд? Ва оё аз арабе пурсӣ, ки миллати ту чист, мегӯяд, ки иброҳимӣ, яъне ивритӣ? Дар 2 ҳазор сол на! Вале бо ин ҳама Иброҳим араб ҳам нест, ки бо ана ҳамин фарзия мо гӯем, ки Тоҷики Тоҷдор наему арабем ва номҳои арабӣ баргузинем…

 Имрӯз ном, пагоҳ миллат, фардо Ватан...

Хуллас, чун менигарӣ ин гуна суханҳову фатвоҳои аблаҳона бештар аз забони муллочаҳои иғвогару бесавод баромадаву мардуми бехабару нодон онро паҳн мекунанд, метарсам, ки рӯзе боз фатвочае бароранду мо ҳама аз тарси дӯзах паспорти Тоҷикӣ месӯзему худро шаҳрванди Арабистон мегӯему арабӣ гап мезанему ривоят мебарорем, ки чӣ тавр момои момои момои моро дар вақташ арабе таҷовуз кардаву додои бобои бобои бобои мо таваллуд шуда. Ё аз ин бадтар худро фарзанди ғайриқонунӣ-ҳаромзодаи кадом арабе мехонем!

 Мулло савганди садоқат ба Тоҷикистон хӯрад!

Айёми он расидааст, ки муфтиёту муллоҳои номдору ватандӯст барои решакан кардани ин гуна зуҳурот кӯшиш кунанд. Чаро муфтиёти мо ин гуна муллочаҳоро назорат ва онҳоро имтиҳон намекунад? Ба фикри ман бояд ҳар 1 мулло имтиҳон супорад ва Қуръон ба даст савганд ёд кунад, ки дониши худро ба нафъи давлату миллат ва мусалмонони кишвар, на бар зарари эшон истифода хоҳад кард. Чаро президенту аъзои ҳукумат савганд мехӯрдаасту мулло не? Чаро духтур савганд бояд хӯрад, сарбоз савганд хӯраду домуллову мулло не? Ё чаро барои духтур шудан, муаллим гаштан, бояд чанд сол хониву баъд саду чанд имтиҳон супорӣ, лек муллоҳо ба муфтиёти мо имтиҳон насупорида, чаласаводона хонда, ба фатводиҳӣ сар мекунанд?

 Мулло ҳатман бояд диплом дошта бошад!

  Тасаввур кун, хонандаи азиз, хатмкунандае, ки тибро “бомба” мефаҳмад, мехоҳад туро табобат кунад. Ё устои навомӯхтаи бесаводе туро хона сохтанӣ, ё муаллими кӯрсаводе фарзандатро таълим доданӣ, ё дузде милиса шуданӣ, ё таҷовузгаре духтаратро посбон шуданӣ, ё фоҳишае туро зан шуданӣ… Тасаввур кардӣ? Даҳшат туро фаро гирифт? Ана акнун, аз худ бипурс, дӯсти азиз, ки ин гуна муллочаҳои бе диплом, ки 4 калимаи арабиро кӯр-кӯрона, боз дар назди кадом бе дипломи дигаре, аз бар кардаанд, ману туро ба куҷо мебаранд? Ба чӣ балоҳо рӯ ба рӯямон мекунанд? Аз паси онҳо равем ҳатман аз ватану миллат мондаву таги пой мешавем, моро дар ин дунё ба қаъри зулмоту қашшоқӣ ва дар он дунё ба дӯзах мебаранд, ба назди Фиръавну яъҷуҷу маъҷуҷ!!!

 

Меҳрӯзиддин Болтаев,

Тоҷики мусалмон ва хабарнигори мардумии СССР,

н.Исфара

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter