Ба зери пойи кампири ӯзбекистонии аз умра омада, дар роҳ бо дарозии 1 км курпача ва матоъҳои ҷилодор андохтаанд. Ва ҳатто кӯдакро зери пойи ӯ ба қавле ирим доданд. Шукр, ки дар кишвари мо то ин ҳад беақлӣ намекунанд, аммо ҳоло ҳам бо баҳонаи зиёрат ғарами одамон ба хонаи умракарда рафта, гирди дастархон мешинанд, ки ин ҳеҷ зарурат надорад. Ҳоло ҳам мардум аз одатҳои нолозим даст накашидаанд. Ба ҳар зиёраткунанда ҷойнамозу тасбеҳу сарпӯш ва ғайра тақдим мекунанд, ки ин амали онҳо ба аркони ҳаҷ ҳеҷ иртиботе надорад.
Амонҷон Маҳкамов,
ш.Бохтар