Ҳаким Ғуломов, муаллиф ва хонандаи фаоли мо аз н.Дӯстӣ ба идора занг зада (тел: 935295266), дар бораи пайдоиши иртишдиҳӣ дар маросими ҷаноза суҳбат кард.
- Аз хурдсолӣ мушоҳида мекардем, ки ба ҷанозахонон 1 ваҷаб «иртиш» медоданд. Дар солҳои 60- ум бошад иртиш ба 1-1,5 метр рафта расид. Бисёриҳо онро гирифта, ба дигар кас медоданд. Ин ҳолатро мушоҳида карда, пешниҳод карданд, ки ба ҷойи иртиш пул тақсим карда шавад. Соҳибони мурда аз 1 сӯм сар карда, то 5, 10 сӯм ба ҷанозахонҳо медоданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳама қашшоқ буд, таклиф пешниҳод карданд, ки ба соҳиби мурда касе чӣ қадаре метавонад пул ёрдам кунад. Ҳоло ҳамин тавр аст.
Иртишдиҳӣ чӣ хел пайдо шудааст? Дар китобе хонда будам, ки дар гузашта баъзеҳо саросема ба ҷаноза шитофтаанду рӯймолча фаромӯш шудааст. Оби дидаашонро бо нӯги остин ё лаби доман пок кардаанд. Инро соҳиби хона дида, чит ё сатинро 1 ваҷабӣ тақсим намуда, ба шахсони берӯймоломада додасту пасон иртишдиҳӣ дар рӯзи ҷаноза ба расмият даромадааст.